Поси хотири адабиётшинос

 Поси хотири адабиётшинос

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии адабиётшинос Аб­душукури Абдусаттор маҳфили илмӣ-адабӣ доир шуд.

Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшид.

Профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул ва адабиётшинос Нурулло Ғиёсов дар бораи корҳои илмии номбурда маърузаҳо пеш­ниҳод намуданд.

– Абдушукури Абдусаттор пажуҳишгари дақиқкор буд. Маводҳои заруриро ҷамъ меовард, фикрҳои ҳампешагонро ба назар мегирифт, сипас андешаҳои худро ба миён мегузошт. Бо ҳузури ӯ ва ҳамсафонаш дар адабиётшиносӣ тамоюли дигаре ба вуҷуд омад, – гуфт академик Носирҷон Салимӣ.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Аб­дулҳамид Самад, адабиётшиносон Абду­набӣ Сатторзода, Бадриддин Мақсудзода, Абдуллоҷон Юлдошев, шогирдони муҳаққиқ ва дигарон ҳам аз рӯзгори ӯ хотираҳои ҷолиб баён дошта, саҳмашро дар пешравии нақди адабӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Дигар хабарҳо