Паёми шодзистӣ ва баҳамойӣ

 Паёми шодзистӣ ва баҳамойӣ

Ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳарду вожа асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ да­лолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зин­дагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Мунтаҳо, ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъй­ид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи да­розе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти за­мон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақви­яту идомати онҳо маросими махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ой­инӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии руҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машруият мебахшиданд. Бар ин асос, ҷашну ойинҳои бостонии На­врӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯз­марраи зиндагӣ маҳсуб мешаванд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тулонияти собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд.

Ба назари донишмандон, ҷашни Сада аз куҳантарин ҷашнҳои гурӯҳӣ ва иштирокии мардуми эронитабор маҳсуб мешавад. Дар шомгоҳи даҳу­ми баҳманмоҳ мардум ба баландии кӯҳҳо ва бомҳо баромада, оташ меафрӯхтанд ва ин суннат то имрӯз дар баъзе минтақаҳо камокон боқӣ мондааст. Мардум дар гирди гулхан ҷамъ омада, бо забони худ шеъру таронахонӣ мекарданд ва хурше­ду гармиро даъват менамуданд. Дар баъзе минтақаҳо ба хонишҳои садавӣ, ҳамчунин бозӣ ва дигар намоишҳои ҷамъӣ зам мешуданд. Пажуҳишгари эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ дар матлаби ихтисосии “Ҷашни Сада: ҷашни бузурги оташ бо хостгоҳи кайҳонӣ” бар он ишора мекунад, ки Сада дар гузашта дар густараи паҳноваре аз Осиёи Сағир (Онотолӣ) то устони Синкёнги Чин таҷлил мегардидааст. Ба ин тартиб, дар миёни ҳама ақвому табор, ново­баста ба адёну мазоҳиб Сада ҷашн гирифта мешудааст ва монанди На­врӯз сарчашмаҳои таърихӣ аз он ёд кардаанд. Ризо Муродии Ғиёсободӣ ба он ишора менамояд, ки Сада бо номҳои гуногун миёни мардум маъруфият доштааст ва мардум, новобаста ба тааллуқоти миллию нажодӣ ва динию мазҳабӣ ба ҷашн фаро гирифта мешуданд. Мардум оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ болои бом баромада, ҳезум ҷамъо­варӣ карда, гулхан меафрӯзанд. Даҳуми баҳманмоҳ чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршед аст ва мардум дар доираи ҷашни Сада чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршедро таҷлил мекунанд. Вожаи “Сада” дар “Авасто” ба маънии тулуъ ва ғуруб ва фарозу фуруди хуршед омадааст. Ин аст, ки Сада дар баробари ҷанбаҳои ой­инию маросимӣ, иҷтимоию маданӣ, фалсафӣ, ҳамчунин ҷанбаи кайҳонӣ низ дорад ва ҳодисаи тулуъу ғуруби ду ситораро ба ин мисол меоваранд.

Сада дар мақоми як пружаи муҳимми стратегӣ дар роҳи мубо­риза алайҳи беҳувиятӣ, худбохтагӣ, ҷаҳолатписандӣ, нодонӣ, бечора­нолӣ, барои худкифоӣ ва баҳамойӣ зарурат дорад. Илова бар ин, Сада дар роҳи муқовимат ва мубориза бар зидди бегонагӣ ва хирадситезӣ моро кумак мекунад.

Аз сатҳи як ҷашну суннату маросими шодию баҳамойӣ то ба сатҳи як барномаи стратегии сиёсию мафкуравӣ боло бардош­тани Сада. Дар ин замина ташаб­бусоту ибтикороти зиёде бояд рӯйи даст гирифт, аз ҷумла:

-ба ҷашни хонаводагӣ, миллию меҳанӣ ва ҷашни карнавалӣ табдил додани Сада ва дар ин замина таш­кил кардани гаштугузору саёҳати ҷашнӣ. Вижагии карнавалӣ гириф­тани Сада зеро маънои густурдагӣ ва паҳнои маданию марзии ҷашнро дорад, чаро ки аз тариқи карнавали садавӣ мардум либосҳои рангоран­ги идона пӯшида, бо шодию сурур хушҳолӣ мекунанд ва якдигарро ба созу тараби ҷашнӣ даъват менамо­янд;

-аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби саросарии Сада ва маросимоти ҷашнӣ;

-бо баргузории маросимоти са­давӣ роҳандозӣ намудани барнома­резиҳои тарбиятии миллию дунявӣ, мубориза бо хушкандешони мазҳабӣ ва хурофазадагону ифротгароёни динӣ.

Бегонагон ва душманони миллат ҳамеша бо Сада, ҳамчуноне ки бо Наврӯзу Меҳргону Ялдо ҷанг эълом карда буданд, сарсахтона мубори­за бурдаанд. Душманони мардуми эронитабор (мардуми форсу тоҷик) доимо ба таври мустақим ва ғай­римустақим ба ойинҳои пешинаи миллию мардумӣ, хоссатан Наврӯзу Меҳргон ва Сада мубориза мебур­данд. Аз назари бузургон, ба хатар афтодани ҷашнҳои Наврӯзу Сада маънои ба хатар мувоҷеҳ гардидани сарзамин ва марзу бумро доштааст. Масалан, вақте ки Баҳроми Чӯбин аз хатари вуруди лашкари Совашоҳи турк сухан дар миён меорад, ба мар­дум бонги изтироб мезанад:

Кунад бо замин рост оташкада,

На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.

Ё ин ки:

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

Илова бар ин, Фирдавсӣ эҳтирому арҷгузорӣ ва нигаҳдорию ҳифзи ойи­ну ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро аз мушаххасоти ҳувиятию инсонӣ талаққӣ карда, аз ҳамватанон даъват ба амал овардааст, ки тавассути ҳифзу нигаҳдошти ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ обрӯву иззати миллатро ни­гаҳбонӣ кунанд:

Нигаҳ дорад ойини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

Ба ин маъно, аз тариқи ҳифзу му­аррифии шоистаи аносиру абзорҳои ҳувиятсози миллӣ – Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргону Ялдо ба таҳоҷу­моти сиёсию фарҳангии берунӣ муқовимату мубориза бояд кард, то ин ки миллатро сиҳҳату саломат ба сарманзили мақсуд бирасонем.

Ҳанӯз дар асрҳои миёна ҷиҳати аз саҳнаи сиёсию ҷашнӣ ва ойинию сун­натӣ берун бурдани Сада ва Наврӯз талошҳои зиёде сурат гирифтааст. Аз сӯйи дигар, бисёр мутафаккирони мо дар асрҳои миёна, мутаассифона, алайҳи ҷашнҳои миллӣ бо шумули Наврӯзу Сада қиём карданд ва бо ин роҳ, ба истилоҳ, бегонасолориро ривоҷ доданд. Масалан, Муҳаммад Ғаззолӣ (1058-1111) дар китоби “Кимиёи саодат” зимни мункироти бозорҳо чунин мегӯяд: “… ва шамше­ру сипари чӯбин фурӯшанд барои Наврӯз ва буқи сафолин барои Сада ва аз ин чизҳо баъзе ҳаром аст, баъ­зе макруҳ. Аммо… он чи барои Сада ва Наврӯз фурӯшанд, чун сипар ва шамшери чӯбин ва буқи сафолин, ин дар нафси худ ҳаром нест, валекин изҳори шиори габргон аст, ки мухоли­фи шаръ аст ва аз ин ҷиҳат нашояд. Балки ифрот кардан дар оростани бозор ба сабаби Наврӯз ва қатоифи бисёр кардан ва такаллуфҳои нав сохтан барои Наврӯз нашояд, балки Наврӯз ва Сада бояд мундарис ша­вад ва касе номи он набарад.

То гурӯҳе аз салаф гуфтаанд, ки рӯза бояд дошт, то аз он таомҳо хӯрда наояд ва шаби Сада чароғ фаро набояд гирифт, то аслан оташ набинанд ва муҳаққиқон гуфтаанд: Рӯза доштан ин рӯз ҳам зикри ин рӯз бувад ва нашояд, ки номи ин рӯз баранд ба ҳеҷ ваҷҳ, балки бо рӯзҳои дигар баробар бояд дошт ва шаби Сада ҳамчунин, чунонки аз ӯ худ ному нишон намонад”.

Хушнудию хушҳолӣ ва шӯхию бозӣ асоси ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро ташкил медиҳад. Махсусан, шӯхию бозӣ ва рақсу хушнудии духтарон бо нозу ишвагариҳо, ки ҳамагӣ хушҳолиро таҷассум меку­нанд, Садаро чун ҷашни матраҳи миллӣ-дунявӣ ба намоиш мегузо­рад. Масалан, Ҳаким Низомӣ дар “Шарафнома” аз ойину суннат ва маросимоти ҷанбаи миллӣ-дуня­видоштаи ҷашнҳои куҳани Наврӯзу Сада ёдовар мешавад:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,

Ки нав гаштӣ оини оташкада,

Зи ҳар сӯ арусони нодидашӯй

Зи хона бурун тохтандӣ ба кӯй.

Рух ороста, дастҳо пурнигор,

Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.

Муғона майи лаъл бардошта,

Ба ёди муғон гардан афрошта.

Зи Барзини деҳқону афсуни Занд

Бароварда дуде ба чархи баланд.

Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,

Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ.

Ҷуз афсун чароғе наяфрӯхтанд,

Ҷуз афсона чизе наёмӯхтанд.

Фурӯҳишта гесӯ шикан дар шикан,

Яке пойкӯбу яке дастзан…

Яке рӯзашон будӣ аз кӯю кох

Ба коми дили хеш майдон фарох.

Ҷудо ҳар яке базме оростӣ

В-аз он ҷо басе фитна бархостӣ…

Ҷашни Сада қабл аз ислом, дар замони исломӣ, давраи Хоразм­шоҳиён ва то ҳамлаи муғул миёни амирону ҳокимону мардуми одӣ таҷлил мегардид. Бузургтарин ва машҳуртарину бошукӯҳтарин ҷашни Сада дар замони шоҳзодаи эронӣ, бунёдгузор ва нахустин амири дуд­мони Зиёриён (930-935) Мардовиҷ ибни Зиёр (890-935) соли 323 ҳиҷрӣ дар Исфаҳон баргузор гардид. Ӯ ҷашни бошукӯҳе тартиб дод ва дар охири ҷашн ба дасти мухолифонаш кушта шуд. Ҷашни дигаре, ки дар хо­тири мардум боқӣ мондааст, таҷли­лоти садавиест, ки дар замони Сул­тон Масъуди Ғазнавӣ (1030-1041) дар соли 430 ҳиҷрӣ доир карда шуд.

Дар доираи маросимоту тадо­рукоти ин ҷашн мардум, сараввал барои ҷамъоварии ҳезум таҷаммуъ мекарда, болои кӯҳ ва ё бомҳо гул­хан меафрӯхтаанд ва гирди гулхану оташ мегаштаанд, навозандагону мутрибон навоҳои ҷашнӣ менавох­таанд, суруд мехондаанд, ба рақсу бозиҳо мепардохтаанд. Ҳарчанд ки Сада ҷашни динӣ нест, зардуштиён ба он созу баргҳое илова карда, бар мабнои муътақидоти ойинӣ ма­росимоте ҷӯр кардаанд. То хомӯш шудани оташ ва пойин рафтани гул­хан мардум гирди он менишастанд, шодию нишот мекарданд, рақсу бозиҳо ҷӯр менамуданд, афсонаю қиссаҳо мепардохтанд ва ҳамин тавр, хушҳолӣ менамуданд. Баъдан хокистари оташро деҳқонону кишо­варзон ғун дошта, ба киштзору маз­рааҳо мерехтанд, ба умеди баракату серҳосилии замин.

Дар маҷмуъ, аз тариқи анҷом додани маросиму суннатҳои садавӣ мардум чиҳилумин рӯзи таваллу­ди нуру хуршеду офтобро таҷлил мекарданд ва умеду орзуи пирӯзии рӯшанию нур бар торикию зулмотро дар қалбҳои хеш нигоҳ медоштанд. Яъне, аз даст надодани умеду орзу ва ҳамеша ба зиндагӣ дилгарм будан асосу моҳияти ин гуна тадорукоту ҷашнсозиҳои мардуми моро ташкил медодааст.

Ба таври куллӣ, Сада ҷашнест, ки мардумро новобаста ба тааллуқоти қабилавӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рангу пӯстӣ гирди ҳам меоварад ва онҳо даст ба дасти ҳам дода, суннату ма­росимро якҷо гузаронида, хушҳолӣ мекунанд. Ин аст, ки Сада намоди шодзистӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамшари­кии мардум маҳсуб мешавад. Ин аст, ки ҷашни Садаро мебояд то ба сатҳи як ҷашни фарогири миллӣ-мардумӣ ва карнавали ҷашнӣ боло бурд. Дар ин замина нақши зиёиёни миллӣ хеле бузург аст.

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

Дигар хабарҳо