Партави меҳру дӯстӣ
Дар доираи ҳамкориҳои густардаи фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии Вазорати фарҳанги кишвар барои ин ҷониб муяссар гардид, ки банда ба намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорати мавриди назар Раҳмоналӣ Мирализода ва муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик Неъматуллоҳи Акбар аз 22 то 24 ноябри соли равон дар 11-умин Намоиши байналмилалии китоб, ки дар намоишгоҳи “Атакент”-и шаҳри Алмаато таҳти унвони “Бо шоҳроҳи бузурги абрешим” баргузор гардид, ширкат намоям. Дар ин тадбири бузурги фарҳангӣ дар қатори кишвари мо ноширон аз давлатҳои Русия, Ўзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Эрон ва Туркия маҳсулоти чопии худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон дар ин намоиш аз макотиби олии кишварҳои фавқуззикр ва худи кишвари мизбон барои ҷалби довталабон намояндагон даъват гардида буданд. Ба ин васила барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёни умумии шаҳри Алмато ҷиҳати идомаи таҳсил дар ин ё он донишгоҳу донишкада имконияти хуб муҳайё гардида буд.
Аз суҳбат бо менеҷери лоиҳаи Маҷмаи байналмилмилалии намоишгоҳи “Атакент-Экспо” Гулнора Тошматова бароям рўшан гардид, ки ҳадафи умдаи намоиши мавриди назар аз таъмини босамари табодули маълумот марбут ба бозори китобу нашри китоби Қазоқистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур, ошноӣ бо коркардҳои ниҳоӣ дар бахши менеҷмент, пайдо кардани маълумот оид ба технологияи навтарини соҳаи табъу нашр, истифодаи имкониятҳои ироаи маҳсулоти худӣ, омўзиши фаъолияти ҳамкасбон, мулоқоти рў ба рў бо доираи васеъи мутахассисону хонандагон, роҳандозии робитаҳои кории барои тарафҳо судманд, дар амал татбиқ намудани равобити густарда бо таъминкунандагони дастгоҳҳо ва маҳсулоти хоми чопӣ ва ғайра иборат аст.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин намоиш зиёда аз сад номгўй маҳсулоти чопии муассисаҳои нашриявии “Адиб”, “Ирфон” ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷикро ба намоиш гузошт. Пўшида нест, ки ҳама натиҷагирӣ дар қиёс рўшан мешавад ва мо бо муқоисаи китобҳои тоҷик ба маҳсулоти дигар ноширон хулоса кардем, ки китобҳои мо, хосса китобҳои Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милли тоҷик бо сифати хубе, ки доранд, дар бозори китоб рақобатпазир ҳастанд. Ин ақидаро меҳмонони ғурфаамон низ тасдиқ карданд. Барои мо хеле нишотовар буд, ки дар ин намоиш ҳаводорони таъриху фарҳанги мо хеле зиёд буданд. Ҳатто изҳори ақида карданд, ки шумо – тоҷикон таърихи қадимию адабиёти бисёр пурғановат доред ва фурсат созгор аст, ки бо нашри китобҳо ба забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ин неъмати бузурги худро ба ҷаҳониён муаррифӣ бикунед. Воқеан ҳам, ин нукта ҷон дорад. Бояд саъй бикунем, ки осори таърихию фарҳангии худро ҳар чи бештар ба дигар забонҳо ба нашр расонда, дар намоишҳои сатҳи байналмиллалии китоб ба дўстдорони таъриху фарҳангу адабамон пешниҳод бикунем.
Кишвари Русия дар ин намоиш ба ҳайси меҳмони вижа ширкат варзид. Дар рафти намоиш анталогияи “Адабиёти муосири кишварҳои узви ИДМ”, ки фарогири намунаи осори адибони тоҷик низ ҳаст, аз сўйи шоир ва тарҷумони рус Максим Амелин рўнамоӣ гардид. Ҷониби Русия дар анҷоми намоиш тамоми китобҳои худро ба китобхонаи “Хонаи Рус”-и шаҳри Алмато тақдим намуд.
Гулнора Тошматова моро дар ҷараён гузошт, ки дастандаркорони намоиш дар панҷ нумина – наср, назм, адабиёти кўдак ва сурат-албом озмун эълон кардаанд ва мо имкон дорем китобҳои худро пешниҳод намоем. Хушбахтона, бо ҳамовозии кулли доварон, ки сардори Раёсти табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар Раҳмоналӣ Мирализода ҷониби Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, ду китоби ироанамудаи мо – “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ (МН “Адиб”) ва “Гулистон”-и Саъдӣ Шерозӣ (СИЭМТ) дар нуминаҳои назм ва адабиёти кўдак сазовори ҷойи аввал гардиданд, ки барои мо мояи ифтихору сарфарозӣ буд.
Ба мо имконият даст дод, ки бо масъули намоиши 11-уми китоби Қазоқистон, директори Палатаи давлатии китоби Қазоқистон, ҳамзамон Раиси Ассотсиатсияи ноширони Ҷумҳурии Қазоқистон Одил Қойтанов Қоженбайулу ва муовини ў Тулқунбону мулоқоту суҳбати густарда дошта бошем. Ишон аз иштироки ҷониби Тоҷикистон дар ин намоиш изҳори хушҳолӣ намуда, иброз доштанд, ки мо тоҷиконро дўст медорем, ба фарҳанги ғаниашон арҷ мегузорем ва бисёр мехоҳам, ки бо Хонаи китоби Тоҷикистон дар самти табодули таҷриба ва маълумоти китобшинохтӣ ҳамкории густарда дошта бошем. Воқеан ҳам, ин ба манифати кор аст, зеро ба ин васила метавон бо маводе, ки дар матбуоти даврии Қазоқистон доир ба кишвари мо ба нашр мерасад, маълумот пайдо намоем ва баръакс.
Дар рўзи охири намоиш бо ташаббуси роҳбари гурўҳи ҳайати Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Алмаато Юсуфҷон Аминов даъват гардид. Ў ба камоли майл ва хушҳолӣ даъвати моро пазируфт. Маъзарат хост, ки аз ҳузури ҷониби Тоҷикистон дар намоиш дер иттилоъ ёфтааст. Барои мо маълум гардид, ки Юсуфҷон Аминов аз насли сеюми тоҷикони бумии Қазоқистон буда, бобояш ҳаштод сол қабл ба ин сарзамин омадаву Юсуфҷону падараш дар ҳамин ҷо ба дунё омаданд. Донишу ҷаҳонбинии васеъ, ифтихори баланди миллии Юсуфҷон барои мо хеле хушҳолкнанда буд. Мавсуф изҳор дошт, ки бо тоҷик буданаш ифтихор мекунад ва бо корбурд аз тамоми имкониятҳо барои муаррифии фарҳангу таърихи миллати худ ва боз ҳам қавӣ гардидани муносибатҳои миёни ду халқи дўсту бародар – тоҷикону қазоқҳо саъю талош хоҳад кард. Дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки тибқи маълумоти расмии оморӣ дар Қазоқистон айни ҳол 53480 (28600 мард ва 24880 зан, аз ин шумор 14050 шаҳрнишин ва 39430 рустонишин) зиндагӣ мекунанд. Дар шаҳри Алмаато 4047 тоҷик ҳамчун шаҳрванди Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, дар самтҳои гуногун фаъолият доранд. Дар он минтақаҳое ки тоҷикон дастаҷамона умр ба сар мебаранд, аз замони шўравӣ соҳиби мактаби тоҷикӣ ҳастанд, ки номи Абулқосим Фирдавсӣ ва Бобоҷон Ғаффуровро доранд. Дар шаҳри Алмаато маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато – «Авитсенна» соли 2009 расман дар Вазорати адлия Ҷумҳурии Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Аз замони таъсис то ба имрўз дар тамоми чорабиниҳои расмии фарҳангӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҳамзамон бо нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва суханрониҳо тавассути родиёву телевизионҳои давлатии Қазоқистон мардуми қазоқу қазоқистониҳоро ба урфу одат ва дастовардҳои миллию фарҳангии тоҷикони бумии Қазоқистон ошно месозад.
Барои мо он хушҳолкунанда буд, ки гарчанде Юсуфҷон зодаи шаҳри Алмато ҳам бошад, парвардаи муҳити тоҷикӣ будаю ба забони ноби модариаш озод суҳбат меорояд ва аз тамоми рўйдодҳои ватани аҷдодиаш бохабар будаву бо он пайванди қавии рўҳӣ дорад.
Дар хатми намоиш дар баробари тақдими китобҳо ба Китобхонаи миллии шаҳри Алмато ва китобхонаи вилоятӣ аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон наздик ба сад нусха китоби дорои муҳтавои гуногуни интишороти “Адиб”, СИЭМТ ва “Ирфон” ба Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмато – “Авитсенна” эҳдо гардид. Юсуфҷон Аминов ин иқдомро бисёр хуш пазируфт ва онро беҳтарин ҳадя барои тоҷикони шаҳри Алмато дониста, чунин изҳори назар кард: “Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато – «Авитсенна» барои чунин ҳадяи мондагору беназир, ки барои баланд бардоштани илму дониши насли имрўзу фардои тоҷикони Қазоқистон мусоидат хоҳад кард, изҳори сипос мекунад. Агар ин иқдоми нек барои дигарон намуна ва улгу шавад, маркази мо гулистон мегардад. Муътақидам, ки аз ҳама ҳадяи воло китоб аст. Зеро ҳама тоҷикони шаҳр аз он баҳраманд мегарданд. Фикр мекунам хонаи бе китоб мисли рўзи бе офтоб аст. Аз ин рў, бояд дар ҳар хонадони тоҷикони бумии Қазоқистон бояд китоб бошад. Нависандаи рус Михаил Ломоносов фармудааст, ки «ҳамон хона зебост, ки рафҳои он бо китоб оро ёфта бошанд». Шумо бо ин иқдом некатон тавонистед хуршеди рўзи моро тобонтар кунед. Лозим ба зикр аст, ки дар Қазоқистон дар баробари дигар миллатҳо барои тамоми тоҷикон тамоми шароити лозим аз ҷониби давлат ва ҳукумат фароҳам шудааст. Масалан, мактаби куҳнаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ комилан аз нав бозсозӣ гардида, ба талаботи рўз мувофиқ гардонида шуд. Фарзандони тоҷикони Қазоқистон дар манотиқи тоҷикнишин бояд дар марҳилаи аввал забони давлатӣ ва расмии кишварамон, яъне қазоқиро донанд, то ин ки дар оянда тавонанд дар қатори дигар миллатҳо ба донишгоҳҳои олии Қазоқистон дохил шудаву онро хатм карда, баҳри ободии ватанамон – Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият карда, муаррифи тамаддуну фарҳанги волои хеш бошанд. Ва барои он, ки аз фарҳанги худ огоҳ бошанд, ба китобҳои таърихӣ, бадеӣ ва ғайра ниёз доранд”.
Хулоса, намоиши байналмилалии китоби Алмаато ба иди бузурги фарҳангӣ мемонд ва барои мо имкон фароҳам овард, ки бо маҳсули дасти ноширони кишварҳои мухталиф ошноӣ пайдо намуда, аз миёни аҳли адаб дўстони нав пайдо намоем. Бори дигар собит гардид, ки китоб на танҳо ба мо дониш медиҳад, ҷаҳонбинии моро васеъ мегардонад, бо фарҳангу расму оину таърихи дигар халқҳо ошно месозад, балки аз неруе бархурдор аст, ки метавонад инсонҳоро, сарфи назар аз миллату забону дину оин, ба ҳам биёрад, дўстиву рафоқатро дар миёни онҳо қавитар бигардонад.
Сироҷиддин Икромӣ