«Одина» – нахустин қиссаи даврони нав

 «Одина» – нахустин қиссаи даврони нав

Қиссаи устод Садриддин Айнӣ «Оди­на» аввалин асари насри реалистии адабиёти шуравии тоҷик буда, бори аввал солҳои 1924-25 мелодӣ дар рӯз­номаи «Овози тоҷик» ёздаҳ боби он бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал» (аз хотираҳои истибдод) ва соли 1927 бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина» дар шакли китоб бо ҳуруфи ниёгон ба табъ расид. Қиссаи мазкур ба ҳаёти пурдарду алами мардуми ситам­каши кӯҳистони тоҷик бахшида шудааст. Устод Айнӣ дар мактубаш аз таърихи 13 октябри соли 1946 ба нависанда Абду­салом Деҳотӣ ибоз медорад, ки: «Ман «Одина»-ро дар контури «Бухгосторг» навиштам, ки ман дар вай мудир будам. Контурамон, анборамон, магазинамон, бухгалтер ва кассаамон – ҳамагӣ дар як хона буд. Бо ин ки ман дар ҳар савдо шахсан аралаш мешудам, чунки дар он вақтҳо – солҳои 23-24 савдоҳо бо сав­догарон буд. Агар ман шахсан аралаш намешудам, аҷаб набуд, ки савдогарон фурӯшандаи моро ё ҳар дуяшон як шуда, давлатро фиреб диҳанд. Ана дар ҳамин шароите, ки ба нависандагӣ ҳеҷ алоқа надошт, «Одина» ба вуҷуд омад».

Воқеаҳои чор қисми асар дар бай­ни солҳои 1908-18 мелодӣ дар яке аз дурдасттарин мавзеъҳои Бухорои Шарқӣ – Қаротегин ва шаҳрҳои Андиҷо­ну Тошканд гузашта, дар он золимӣ, ҳақношиносӣ, муфтхӯрӣ, бедодгарӣ, бенавоӣ ва дигар нуқсонҳои ҷомеаи тоҷикон дар ибтидои садаи ХХ ба тасвир омадааст. Fояи асосии асар тавассу­ти амалиёт ва муносибати образҳои мусбату манфии Одина, Бибиоиша, Гулбибӣ, Мирзо Усмон, Шариф, Сангин, Шоҳмирзо, Арбобкамол, Муллохокироҳ, Мулломардихудо, Ибод, Гуландом, Шоҳназарбой, Амонбоқӣ, «табиби юнонӣ» равшан ифода гардидааст. Симои Одина – қаҳрамони асосии асар заминаи мустаҳками воқеӣ дошта, ба муҳити иҷтимоии Қаротегини ибтидои садаи ХХ ва шароити зиндагии корга­рони мавсимии зовуди пахтаи Андиҷон вобастагии зич дорад.

Меҳнати тоқатфарсо, зиндагии мушкил, зулму ситами Арбоб ва дигар калоншавандагони деҳа боиси тағйири ботинӣ ва инкишофи батадриҷи хислату табиати Одина мегардад. Зовуди пахтаи Андиҷон, ташвиқу тарғиби болшевикон ва корпартоии коргарон ба худшиносӣ ва оламшиносии қаҳрамони асосӣ такони ҷиддӣ медиҳад. Образи Одина махсусан пас аз таҳрири соли1927 ва баъдии С. Айнӣ ба дараҷаи типи корга­рони мавсимии тоҷики арафаи Инқило­би Октябр инкишоф меёбад.

Дар адабиётшиносӣ ақидае ҳаст, ки гӯё аз аввал то охири асар дар ботини Одина тағйироти муайян ба назар наме­расад. Тарафдорони ақидаи мазкур, аз ҷумла, Қ. Д. Обдинов, С. Лиходзиевский, М. И. Сойфер, К. Зелинский инкишофи тадриҷии симои Одинаро дар асар та­моман инкор мекунанд. Зумраи дигари адабиётшиносон чун М. Шевердин, С. Табаров, Г. Ломидзе, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода вобаста ба шароити иҷтимоӣ ба тағйироти муайяни сифатӣ дучор шу­дани симои Одинаро таъкид кардаанд.

Сабаби ин гуногунфикрӣ дар он аст, ки гурӯҳи аввал ба фаъолияти Одина аз рӯи матни русии қисса, ки то ҳол дар асоси матни тоҷикии 1927 тарҷу­ма шудааст, баҳо додаанд. Ҳол он ки қисса баъди тарҷумаи русӣ (1928) боз чандин маротиба аз ҷониби муаллиф ҷиддан таҳрир ёфтааст. Аз ин рӯ, баъзе лавҳаҳо, лаҳзаҳое, ки ба чопҳои солҳои 1931 мелодӣ ва баъдан иловашудае, ки ба такмили образи Одина ёрӣ рас­онидаанд, дар тарҷумаи русии қисса дида намешаванд. Зиёда аз ин, дар чопҳои баъдии тарҷумаи русӣ як қатор порчаҳое, ки ба болора­вии ҷаҳонбинии Одина мадад мерасониданд, ихтисор гардидаанд. Ин аст, ки тарҷумаи русии «Одина» ҳатто нисбат ба чопи 1927-ми матни тоҷикӣ ноқис буда, аз рӯи он таҳлил намуда­ни ширкаткунандагони асар касро ба иштибоҳ меандозад. Ин ҳолат масъалаи тарҷумаи ди­гарбораи русии қиссаи «Одина»-ро ба миён ме­гузорад.

Қиссаи «Одина» заминаи мустаҳка­ми воқеӣ дорад. Худи муҳити иҷтимоии Қаротегини ибтидои садаи ХХ ва синну соли қаҳрамон (Одина ҳангоми ба кори зовуд даромадан 17-18 сол дошт) ба нависанда имконият намедоданд, ки симои Одинаро чун шахси муборизи фаъол тасвир намояд. Бинобар ин, дар мубориза, зиддиятҳои ҷиддӣ ва амалиёти инқилобӣ тасвир накардани қаҳрамони асосӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки С. Айнӣ ҳанӯз дар солҳои 20-уми садаи ХХ воқеъбинона ва мувофиқи талаботи давру замон тасвир намудани симои бадеиро дуруст дарк намудааст.

Дар ин қисса устод Айнӣ аввалин маротиба симои зиёии тоҷик Мирзо Ус­мон ва коргари рус Иванро офаридааст. Беҳуқуқӣ ва номуродии меҳнаткашони тоинқилобӣ дар симои Гулбибӣ, Бибио­иша ва модари Шариф ҳамчун тимсоли занони мазлум, вале сарбаланду пок­домани кӯҳистони тоҷик равшан ифода ёфтааст. Гулбибӣ аз ҷабру ҷафои Арбоб ҳалок мешавад, аммо ӯ натанҳо ишқи пок ва шарафи худро муҳофизат мекунад, балки дар охирҳои ҳаёташ аз душманони худ қасос ҳам мегирад. Ба Арбоб дастбагиребон шудани Гулбибӣ ибтидои он муборизаест, ки дар симои Гулнор, Муҳаббат, Фотима, Ҳабиба ба­рин бонувони асарҳои баъдинаи С. Айнӣ ташаккул ёфта, мукаммал мегардад. Соли 1928 мақолаи Раҳим Ҳошим бо номи «Қиссаи инқилобии тоҷик – «Оди­на» дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (№ 6 (9) дарҷ мегардад. Эронидухтар Шукӯҳи Ховариён ба нашрияи «Раҳбари дониш» (1928, № 8-9) мактуб навишта, таассуроти худро аз мақолаи Раҳим Ҳо­шим баён медорад ва қайд мекунад, ки китоби номбурда ҳаёти духтарони Эрон­ро низ ба хубӣ акс кардааст. Ховариён афсус мехӯрад, ки ин китобро дастрас накардааст ва, агар илоҷаш бошад, як нусха аз ин китоб барои ӯ бифиристанд.

Нависанда аз тарзҳои гуногуни та­свир, аз ҷумла ҳаҷв истифода карда, симоҳои ба худ хос ва дар айни замон умумиятёфтаи Арбоб-камол, Муллохо­кироҳ, Амонбоқиро, ки дар онҳо ҳирси беандозаи пулпарастӣ, риёкорӣ, фосиқӣ ва дигар хислатҳои ғайриинсонӣ зоҳир гардидааст, боварибахш тасвир карда­аст. Аз як боб то боби дигар амалиёти симоҳои асар вусъат ёфта, хулқу хӯи онҳо ғаниву рангорангтар мегардад, асосҳои созмонию бандубасти мавзуъ барҷастатар ва мазмуни ғоявии он боз ҳам возеҳтар ба назар мерасад. Одина, Гулбибӣ, Бибиоиша барин симоҳои асо­сии мусбат ҳалок мегарданд, вале дар сари қабри Одина «интиқоми Одинаҳо­ро аз золимон хоҳем гирифт» – гуфта аҳд бастани камбағалон аз тантанаи ояндаи адлу инсоф башорат медиҳад.

Маҳорати баланди нигорандагӣ ва мавқеи муайяни иҷтимоии нависанда сабаби ифодаи амиқи мундариҷаи ғо­явӣ ва хусусиятҳои маърифатию зе­боишинохтии асар шудаанд. Коргаро­ни мавсимӣ, ки то солҳои 1915-1916 мелодӣ аз ҳодисаҳои сиёсии давр, аз ташкилотҳои коргарии Русия бехабар буданд, дар аввалҳои соли1917 хеле фаъол гардида, корпар­тоиҳо ташкил мекунанд.

Воситаҳои тасвири бадеӣ низ ба ҳалли бомуваффақияти мундариҷаи ғоявии қисса ёрӣ расондаанд. Дар илми филологияи тоҷик забони «Одина» чун намунаи беҳтарину муассири забони адабии ҳозираи тоҷик эътироф гарди­дааст. Истифодаи моҳиронаи ибораҳои рехта ва мақолу зарбулмасалҳо хусуси­ятҳои миллӣ ва халқияти асарро дучанд кардаанд. Нависанда Сотим Улуғзода мулоқоти устод Айниро дар тирамоҳи соли 1928 мелодӣ бо донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷик ба ёд оварда менависад: «Устод бо ҳар кадоми мо гарм-гарм вохӯрдӣ карда, моро дар паҳлуи худ ба курсиҳо шинонд.

– Мо, талабагон, дар бораи забо­ни адабӣ суханҳои шуморо бо диққат гӯш кардем, – гуфт яке аз рафиқони мо. – Моён бо шумо тамоман ҳам­фикр ҳастем, домулло. Агар, масалан, «Одина»-и шуморо гирем, ба фикри мо, забони вай айни ҳамон забони адаби­ест, ки шумо гуфтед».

Қиссаи «Одина» аз ҷониби С. Айнӣ се маротиба (солҳои 1924-1925, 1927, 1931) таҳрири ҷиддӣ дидааст. Таҳриро­ти пай дар пай боиси такмили мазмуни ғоявӣ, бандубаст, хатти сужет, мавзуъ, низоъу коллизияи «Одина» гардидаанд. Қисса аз як асари дар аввалҳо саргуза­штӣ баъди таҳриру такмили нависанда ба асари дорои мазмуни баланди иҷти­моӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи тасвири реалистӣ табдил ёфт. Ҷанбаи халқӣ ва бадеияти баланд мақоми асарро дар байни хонандагони Иттиҳоди Шуравӣ ва мамолики хориҷӣ афзуд. Асар ба забонҳои ӯзбекӣ, украинӣ, беларусӣ, литвонӣ, уйғурӣ, лаҳистонӣ, фарон­савӣ… тарҷума ва чоп шуда, солҳои 1928- 930 дар тарҷумаҳои П. П. Вве­денский ва З. Л. Хатсревин 4 маротиба ба забони русӣ ба табъ расид. «Одина» дар мавриди хеле зарурӣ – ташкили Ҷумҳурияти худмухтори Тоҷикистон, худшиносии халқи тоҷик, рад кардани ақидаи мавҷуд набудани «як қавми бу­зург бо номи тоҷик», ташаккули забони адабии миллии тоҷик чоп шуда, ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик таъсири ҷиддии мусбат расонидааст. Қисса ба наслҳои гуногуни хонандагону ҳаводорон таъсири калони маърифатию бадеӣ бахшида, манбаи бебаҳои омӯзи­ши маҳорати адабӣ гардидааст.

Аламхон Кӯчарзода,

профессори ДМТ

Дигар хабарҳо