Номаи табрикии ИНТ ба Ҳусейни Назрулло

 Номаи табрикии ИНТ ба Ҳусейни Назрулло

Муҳтарам Ҳусейни Назрулло!

Меҳру муҳаббат ба адабиёт Шумо­ро баъди хатми мактаби миёнаи №3-и Истаравшани бостонӣ (1971) ба фа­култаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) овард ва онро соли 1976 бо муваффақият хатм намудед. Фаъолияти кории хешро ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи мероси адабӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз кар­дед. Баъдан, ҳамчун тарҷумон (солҳои 1978-1981 ва 1984-1987) дар Ҷумҳурии Афғонистон, сипас муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъбаи идораи барномаҳо барои ҷаво­нон ва адабӣ (1982-1996), сармуҳаррири идораи барномаи дуюм (студияи “Фурӯғи Ориёно”) (1991-1996)-и Кумитаи давла­тии назди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва ради­ошунавонӣ, мудири шуъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳияи Зафаробод (1996-2000), котиби матбуотии раиси шаҳри Истаравшан ва сарвари студияи телевизиони маҳаллии «Курушкада» (2000-2003), хабарнигории рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд (2004-2019), ходими илмии идораи «До­нишнома» (Энсиклопедия)-и Истарав­шан (2017-2020) ифои вазифа доштед. Ҳамзамон бо кор дар вазифаҳои гуногун пайваста ба кори эҷодӣ саргарм будед. Маҳсули заҳмати шаборӯзӣ барои рӯйи чоп омадани китобҳои «Замини Акбар» (Хуҷанд, 2002), «Юбилейный Истарав­шан глазами Вароруда» (бо забонҳои русӣ ва англисӣ, Истаравшан, 2002), «Роҳи муқаддас» (ҳамроҳи Ҷ. Маҳкам, Истаравшан, 2001), «Истаравшан-2500» (ҳамроҳи Б. Воҳидпур ва Ҷ. Маҳкам, Душанбе, «Ҳумо», 2006), «Накуниҳод» (Истаравшан, 2006), «Баракати Истиқ­лол » (Истаравшан, 2007), «Афғонистон: Оташ дар хонаи ҳамсоя» (Хуҷанд, 2009), «Чашми хирад» (Хуҷанд, 2013), «Шикасти Афғон» («Бухоро», 2014), «Раҳовард» (маҷмуаи қиссаҳои мустанад, «Бухоро», 2017) замина фароҳам овард. Хидмати шоистаи Шумо дар таълифи китоби «Донишномаи Истаравшан» (дар ҳамму­аллифӣ бо академик К. Олимов ва про­фессор М. Ҳазратқулов), ки соли 2021 аз тарафи Сарредаксияи илмии Энсикло­педияи миллии Тоҷик нашр шуд, қобили қайд аст. Имрӯз ҳам очерк, фелетон, памфлет ва мақолаҳои публитсистии Шумо дархӯри ниёзи хонандагонанд.

Заҳмати пурбаракати чандинсолаи Шумо бо Ифтихорномаи Кумитаи Марка­зии умумииттифоқии комсомол (1986), Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии ИҶШС (1988), Ифтихорномаи Кумитаи телевизону радиошунавонии ИҶШС (1990), унвонҳои соҳавии Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2002), Аълочии фарҳанг (2010), нишони ИНТ «Сухан» (2014), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2014) ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2006) қадрдонӣ гардидааст.

Ҳамқалами гиромӣ, бо самимият фарорасии 70-умин солгарди умри пур аз баракатро табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгор таманно дорем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо