Номаи табрикии ИНТ ба Маҳбуба Неъматзода

 Номаи табрикии ИНТ ба Маҳбуба Неъматзода

Муҳтарам Маҳбуба Неъматзода!

Шумо дар силки бонувони су­хангӯйи машҳуру маҳбуби ада­биёти бачаҳо зиёда аз чил сол аст, ки заҳмат мекашед. Шавқи эҷод ва муҳаббат ба адабиёти хурдсолон ҳанӯз соли 1971, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шуморо ба даргоҳи идораи рӯзномаи «Пионе­ри Тоҷикистон» оварда буд ва аз он замон то имрӯз Маҳбуба маҳбуби дилу дидаи бачаҳои китобхон аст. Шоири халқии Тоҷикистон Абдума­лик Баҳорӣ шеъру ҳикоя, чистону афсонаҳои Шуморо васф намуда, барҳақ қайд карда буданд: «Маҳбуба Неъматзода аз адибони хосаи кӯда­кону наврасони мост. Ӯ танҳо барои бачаҳо менависад… Ҳикояҳояш аз шеъраш, шеъраш аз ҳикояҳояш беҳтаранд. Агар шеърашро хонед, мегӯед, ки ҳикояҳояшро ҳам хонам. Агар ҳикояҳояшро хонед, мегӯед, ки шеърашро ҳам хонам». Шумо воқеан табъу завқи хонандагонро хуб медонед. Шеъру ҳикояи чил сол қабл эҷодкардаатон низ ҳанӯз вирди забони бачаҳост. Дар дафтари ҳар довталаби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» номи Шумо ва асарҳоятон қайд шудаанд. Ҳикоя ва афсонаҳои «Намак», «Ганҷ», «Сухани сеҳрнок», «Муаммо», «Пудиначой» ва шеърҳои «Гиря кунам ё ки не», «Боғи шамол», «Афсона», «Шакардара», «Манзара» ва ғайра гувоҳи ин гуфтаҳоянд ва ба хазинаи тилоии адабиёти хурдсолон ва ба китобҳои дарсии синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дохил шудаанд.

Ду китоби нахусти Шумо барои бачаҳо «Борони баҳорӣ» ва «Духтари заргар»-ро, ки нашриёти «Маориф» соли 1980 аз чоп бароварда буд, бачаҳо ҳанӯз суроғ мекунанд. Китобҳои «Меҳрубон», «Зарафшон», «Таваллудат муборак», «Бонуи Бобо» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр шуданд ва барои муштоқони китобҳои тоҷикии вилоятҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии ба мо дӯст – Ӯзбекистон туҳфаи бебаҳоанд. Ғайрату ҳиммату ташаббусҳои Шумо са­зовори таъкиданд. Ба даҳҳо шаҳру ноҳия ва рустоҳои дурдасти вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Навоӣ, Сирдарё, Қашқадарё ва Сурхандарёи кишвари бародар сафар намуда, барои мактабҳои тоҷикӣ китоб бурдаед. Бесабаб набуд, ки хидматҳои Шуморо ба назар гирифта, раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби «Шакардара»-ро бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадр кард.

Маҳбуба Неъматзодаи азиз!

Шумо дар айни камоли эҷодӣ қарор доред. Бароятон тани сиҳату умри дароз ва комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ таманно дорем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо