Номаи табрикии ИНТ ба Марина Некрасова
Марина Георгиевнаи азиз!
Шумо аз зумраи адибони рустаборе ҳастед, ки солҳои тулонӣ дар Тоҷикистони маҳбуби мо зиндагӣ ва фаъолият карда, ба обу хок ва фарҳангу адабиёти он дил бастанд ва барои таҳкиму густариши робитаҳои адабии тоҷику рус заҳмат кашиданд.
Хонаводаи Шумо бо тақозои вазифаи падар – лейтенанти сарҳадбон Георгий Некрасов ҳангоми наврасиятон ба Тоҷикистон кӯчид. Сарнавишт Шуморо аз ҳамон замон ба Тоҷикистону тоҷикон пайваста, меҳру самимияти афзунро ба ин ватани хуршедӣ ва забону фарҳанги мардуми он дар дилатон шуълавар намуд. Дар шаҳри Душанбе ба камол расида, факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба поён расондед ва шеърҳои аввалатон солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар матбуоти Тоҷикистон интишор ёфтанд. Рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» — оғозгоҳ ва парвозгоҳи аввали эҷодии Шумо дар ташаккули шахсиятатон ҳамчун рӯзноманигор ва адиб нақши муассир дошт. Солҳои пурбаракати фаъолиятатонро дар ҳамин нашрия сипарӣ намуда, бо мақолаҳои пурмазмун ва ашъори обдор байни хонандагон ва аҳли адаб соҳиби эътибор гардидед. Маҳз дар ҳамин давра, соли 1979 аз баракати фаъолияти пурбори адабиву рӯзноманигорӣ ба сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайвастед ва ҷомеаи адабии ҷумҳурӣ ва берун аз он осоратонро бо гармиву хушӣ истиқбол кард.
Нахустмаҷмуаи ашъоратон – «Тюлпаны с далёких застав» (1977) маҳсули давраи оғози кори эҷодиятон мебошад, ки баргирифта аз фазо ва муҳити табииву маънавии Тоҷикистон аст.
Дар маҷмуаҳои «Пересаженное дерево» (1981) ва «Ценою весны» (1986) маҳорати шоирии Шумо такмил ёфта, доираи мавзуъ ва мундариҷаи ашъоратон фарохтар гардид.
Баъди фурӯпошии ИҶШС Шумо ба ватани аҷдодии худ баргашта, фаъолияти адабиву рӯзноманигориро пурсамар идома додед ва дар баробари китобҳои шеър чандин китоби насру публитсистика низ ба табъ расондед, ки гувоҳи вусъат ёфтани доираи эҷодатон аст. Фаъолиятатон махсусан дар маҷаллаи «Пограничник» («Марзбон») назаррас ҷараён гирифт ва таҷрибаатонро чун рӯзноманигори ҳамин соҳа хеле ғанӣ кард.
Дар тули ин ҳама солҳо ҳамеша бо ёди Тоҷикистон ва шаҳри ҷавониҳоятон Душанбе зистаед ва ин хотироти ширин пора-пора дар навиштаҳоятон акс ёфтааст.
Ҷашни 70-солагиатонро муборакбод гуфта, бароятон ҷавонии табъу завқ, баҳори гулфишони умр ва саодати бехазон таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон