Навои рӯди кӯҳистон

 Навои рӯди кӯҳистон

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби тозанашри шоир, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам рӯнамоӣ шуд, ки «Навои рӯди кӯҳистон» унвон гирифтаву дар ҶДММ «Эр-граф» ба зевари табъ ороста гардидааст.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, адабиётшиносон Мисбоҳиддин Нарзиқул, Умриддин Юсуфӣ ва дигарон дар бораи маҷмуаи шеърҳои мазкур ибрози назар карданд.

— Чунонки аз номи китоб ҳам бар меояд, таваҷҷуҳи муаллиф ба мавзуъҳои Ватан, Истиқлол, Ваҳдат, дӯстӣ, муҳаббат ва монанди инҳо бештар аст, — гуфт Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии худ.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор заҳмату азми мавсуфро дар эҷод ва хидмат ба ватан таъкид дошта, ба вай комёбиҳои бештар орзу намуд. Ба андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло Рӯдобаи Мукаррам дар баробари ходими ҷамъиятӣ будан шеърҳое мегӯяд, ки дар онҳо бозёфтҳои тозаи шоирона мушоҳида мешаванд. Ашъори ӯ тасвирҳои гӯё дошта, дар сохтани манзараҳои бадеӣ табъаш равон аст. Дар навиштаҳои Рӯдоба руҳи миллӣ эҳсос карда мешавад.

Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, низ нашри китоби навбатиро ба муаллиф муборакбод гуфта, аз ҷумла, зикр кард: «Шеърҳои Рӯдоба содаву равонанд ва воқеан дар онҳо навои рӯди кӯҳистон шунида мешавад».

Адабиётшинос Мисбоҳиддин Нарзиқул ва Умриддин Юсуфӣ гуфтанд, ки дар маҷмуаи шеърҳои «Навои рӯди кӯҳистон» ғазал, қитъа, чорпора, дубайтӣ шеъри озод ба мушоҳида мерасанд, ки Рӯдоба дар ин қолабҳо сухани дили худро гуфта тавонистааст. Рӯдоба аксаран ба лирика гароиш дошта, забону баёнаш суфтаву равон мебошад.

Шоир ва пажуҳишгар Муҳтарам Ҳотам бар он назар аст, ки дар эҷодиёти Рӯдобаи Мукаррам ташбеҳоту талмеҳоти зиёд ба чашм мерасанд ва сухани ӯро шоирона мегардонанд.

«Навои рӯди кӯхистон»-и Рӯдобаи Мукаррам барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Тоҷиддини АЗИЗ

Дигар хабарҳо