Номаи шодбошии ИНТ ба Собир Султон
Муҳтарам Собир Султон!
Шумо, ки яке аз куҳансолтарин ва собиқадортарин аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед, як умр бо дасту дили покиза қаламфарсоӣ карда, соҳиби обрӯву эътибори хоса гаштаед. Номи Шумо ба хонандагони тоҷик аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ошност. Аввалин шеърҳоятон дар саҳифаҳои матбуот нашр шуда, баъдан дар маҷмуаҳои «Субҳи умед» (1973), «Чӯпонбача» (1978), «Таронаи дил» (1983), «Ошёни меҳр» (1986), «Кӯҳи мурод» (1993), «Паёми Хуршед» (2003), «Парвози суруд» (2009) ва ғайра фароҳам омадаанд, ки аз онҳо гармиву ҳарорати дилатон ба хонандагон мерасанд. Шумо ҳамчун рӯзноманигори варзидаву пуртаҷриба солҳои тулонӣ дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар рушду такомули радиои тоҷик хидматҳои шоиста кардед. Маҳз дар ҳамин давра як ҷанбаи муҳимми фаъолияти эҷодиятон – суруднависӣ қувват гирифт ва номатон ҳамчун шоири суруднавис машҳур гардид. Сурудҳои бисёри Шумо, ки дар байни халқ машҳур шуданд, самараи ҳамкориятон бо сарояндагон мебошанд ва то кунун дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфузанд. Ин сурудҳоро оҳангсози шинохтаи тоҷик Амирбек Мӯсозода соли 2009 мураттаб намуда, бо номи «Парвози суруд» ба табъ расонид. Ҷанбаи назарраси дигари фаъолияти эҷодиятон тарҷумаи бадеӣ мебошад, ки гувоҳи пуркориятон аст. Намунаҳои осори адибони бисёреро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, ба ин васила хонандагонро бо асарҳои хориҷиён ошно намудаед ва хазинаи тарҷумаи бадеиямонро ба қадри тавони хеш ғанитар сохтаед. Намунаҳое аз эҷодиёти Йордан Милев, Нозим Ҳикмат, Сергей Есенин, Расул Ғамзатов, Сергей Михалков, Давид Кугултинов, Хута Берула, Михаил Плясковский, шоирони ҳиндиву озариву турк, ӯзбеку қазоқ ва дигар халқҳоро пешкаши хонандагони тоҷик намудаед, ки дар сурати зери як ҷилд фароҳам омадан китоби бузурге мешаванд. Ба баракати ҳамкории пурсамар бо сарояндагон бо унвони «Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаед, ки ҳаққи ҳалоли заҳматҳоятон мебошад. Ҷашни 90-солагиро ба Шумо самимона муборакбод мегӯем ва бароятон сиҳатмандии комил ва давлати бегазанди пирӣ таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон