Номаи табрикии ИНТ ба Муҳибуллоҳи Қурбон

 Номаи табрикии ИНТ ба Муҳибуллоҳи Қурбон

Муҳтарам Муҳибуллоҳи Қурбон!

Шумо баъди хатми мактаби миёна дар факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров ва Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав, ғоибона) таҳсил карда, муддате дар мактаби деҳа ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, ба онҳо забони англисиро омўхтед. Баъдан ба фаъолияти рўзноманигорӣ рӯ овардед ва солҳои 1980-1990 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (ҳозира «Адабиёт ва санъат») ифои вазифа намудед. Соли 1990 сардабири рӯзномаи «Ҳафганҷ» таъйин гардидед. Солҳои баъдӣ дар Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе ҳамчун тарҷумон кор кардед.

Хонандаи тоҷик бо қиссаву ҳикояҳои Шумо ибтидои солҳои ҳафтодуми ҷарни гузашта ошноӣ пайдо намуд. Яъне наздик ба панҷоҳ сол мешавад, ки Шумо бо коғазу қалам сари кор доред. Китобҳои «Зери чодари қиргун» (1985), «Шакаркуш» (1988), «Шавҳаркуш» (1997), «Соҳил» (2012), қиссаи мустанади шарҳиҳолии «Дар сафорати Амрико ва баъди он» (2014) ва ғайра маҳсули заҳмати Шумост, ки ба дасти хонанда расидаву хуб ҳам истиқбол шудаанд.

Шумо дар навиштани филмнома ҳам маҳорати хуб доред. Аз рӯи филмномаи Шумо филми ҳунарии «Маҳбуб» (1989) ба навор бардошта шуд ва дар миёни мардум маҳбубият пайдо кард.

Бархе аз асарҳои Шумо ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва қазоқӣ тарҷума шудаанд.

Ҳамқалами гиромӣ, ба синни мубораки 75-солагӣ расидани Шуморо сидқан табрик мегӯем ва таманнои онро дорем, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва саодатманд бошед.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо