Муҳтарам Мирзо Насриддин!

 Муҳтарам Мирзо Насриддин!

 

       Шумо баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ хизмат кардед. Баъдан, таҳсили худро идома дода, соли 1973 Техникуми политехникии Душанбе ва соли 1979 шуъбаи шабонаи факултаи автомобил ва хоҷагии автомобилии Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм намудед. Ҳамзамон бо таҳсил дар автобазаи №2 Вазорати сохтмони ҷуҳурӣ ба ҳайси муҳандиси бехатарии роҳу сардори нуқтаи таъмир ва сардору сармуҳандиси автоколонаи № 2931 адои вазифа кардед. Солҳои 1982-1991 дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар вазифаҳои сармеханик, ҷонишини сарраёсати техникӣ, 1991-1993 сардори иттиҳодияи «Тоҷикавторемонт», 1993-1996 сармеханики иттиҳодияи «Тоҷикзолото», 1996-2000 директори автобазаи Ширкати «Мадад» ва солҳои 2000-2005 ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат фаъолият намудед. Меҳру муҳаббати беандоза ба адабиёт Шуморо ба майдони эҷод овард. Аввалин ҳикояи Шумо бо номи «Фурӯғ» соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуд. Соли 1994 маҷаллаи «Садои Шарқ» қиссаи «Хирмани сӯхта»-и Шуморо ба нашр расонд, ки аз ҳаёти ҷавонони солҳои 80-ум нақл мекунад. Соли 2003 дар ҳамин маҷалла қиссаи дигари Шумо бо номи «Шаби душвор» чоп гардид, ки ба тасвири оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Соли 2004 қиссаи мазкурро маҷаллаи «Помир» ба забони русӣ мунташир сохта, соли 2004 нашриёти «Деваштич» дар шакли китоб интишор намуд. Соли 2008 нашриёти «Ирфон» қиссаи «Бозгашти Кунгур» ва чанд ҳикояи Шуморо пешкаши хонандагон гардонид. Нахустромани Шумо «Оташ дар хонаи қадим» дар бораи Инқилоби Бухоро ва барқароршавии Ҳокимияти Шуравӣ дар Самарқанду Бухорои шарқӣ ҳикоят мекунад. Заҳмати эҷодии Шумо бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадр гардидааст. Ҳамқалами гиромӣ, фарорасии 75-умин солгарди умрро ба Шумо самимона табрик гуфта, сиҳатии комил ва саодати ҳамешагӣ таманно дорем.

                                                              РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо