Муъҷизашаҳре дар домони кӯҳҳо

 Муъҷизашаҳре дар домони кӯҳҳо

Роҳи мо рӯ ба хуршед аст. Мо ба саломи офтоб меравему ӯ ба истиқболи мо меояд. Лонаи ин мурғи зарринбол дар дили кӯҳистон аст, ҳамон кӯҳистоне, ки мардуми сарбаланди тоҷик зиндагӣ мекунанд. Ҳамон ҷое, ки чашмасорон аз дили санг мерӯянд, обшорон ишқи қуллаҳои осмонбӯсро месароянд, рӯдҳои сармаст рӯзгори кӯҳистониёнро шеър месозанд.

Аз дарвозаи шарқии шаҳри Душанбе мебароем, Ваҳдатро низ мегузарем, дашту даманҳои сарсабзи ноҳияи Файзобод моро ба оғӯш мегиранд. Бояд бо сокинони ноҳияҳои кӯҳистон дидор бубинем, бо онҳо дар бораи истиқлолияти давлатӣ, бунёдкориҳо, худшиносӣ ва арзишҳои миллӣ, сулҳу осоиш суҳбат кунем. Садои дили онҳоро низ бишнавем…

Мошин аз маркази ноҳияи Файзобод баромада, қад — қади рӯди сармасти Элок ба ҳаракат даромад. Ду тарафи рӯдхонаро дашту даманҳои сабз, кӯҳҳои хомӯшу андешаманд печондаанд. Роҳ ҳам мисли оби рӯд печутоб хӯрда, моро ба сӯи дили кӯҳистон мебарад. Ҳар қадар ки болотар мебароем, ҳаво салқинтару табиат пурасрортар ба назар мерасад.

Роҳҳо одамонро ба манзил мерасонанд. Онҳо на ҳамеша тахту ҳамвор ҳастанд. Ҷодаҳои кӯҳистон гоҳе осонгузаранду гоҳи дигар душворгузар. Роҳи мо ҳам идома дорад. Аз Файзобод ба сӯи Роғун меравем, ба шаҳри нурофарон.

Азизулло марди хушсуҳбат аст. Бо ӯ гузашти вақтро ҳис намекунӣ. Ҳамин ки ҳар ду танҳо мондем, суҳбат сари масъалаҳои миллӣ тобиш мехӯрад. Гоҳе табассумкунон мепурсад:

— Аз суҳбати ман дилгир нашудед?

— Не, баръакс, бо шумо суҳбат кардан хуш аст, — мегӯям ба ӯ.

— Мо як Ватан, як миллат ва як Пешво дорем, — таъкид месозад, — танҳо ягонагӣ, ҳамдилӣ ва муҳаббат ба ҳамдигар метавонанд моро аз офату газандҳо нигоҳ доранд.

Роҳ шукуфт. Мошини мо ба самти чап тоб хӯрд. Баъди гардиши дувум дар канори роҳ ягон-ягон дарахтони ақоқиё ба чашм мерасанд. Онҳо ғарқи гуланд ва мисли арӯсони мунтазири домод ғарқи орзуҳои ширин таронаи ишқро ба дил замзама мекунанд.

Шаҳри Роғун ҳам намудор гашт. Вай мисли нигин дар оғӯши кӯҳистон дилбарона медурахшад. Нигине, ки махзани нур аст ва ишқу рӯшноиро тавлид мекунад. Ман ошиқи ин шаҳри зебо ҳастам, он ҷо одамони сарбаланд, коргароне, ки дили сахраҳоро мешикофанд ва аз мушкиле ҳарос надоранд, зиндагӣ мекунанд.

Рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз мошин пиёда шудем. Нахустин чизе, ки таваҷҷуҳамонро ҷалб сохт, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ буд, ки дар ду паҳлуяш ду шер чун рамзи қудрату тавоноӣ дар як саф меистоданд. Намои пушти муҷассамаро кохи давлатдории Сомониён зеб мебахшид.

Ҷавонзани қоматбаланди лоғарандоми ширинрӯе ба истиқболи мо омад ва худро муаррифӣ кард:

— Ман – Мӯсозода Парвина муовини раиси шаҳри Роғун. Ба шаҳри нурофаринон хуш омадед!

— Шаҳри мо – шаҳри ҷавонӣ, шаҳри дӯстиву бародарӣ аст, — вақте ба толори пазироӣ ворид гаштем, ба гуфтор омад Парвина.

— Мо вақте вориди шаҳр шудем, инро зуд ҳис кардем, — сухани Парвинаро тасдиқ кард Азизулло.

— Роғун шаҳри муъҷизаҳо аст. Ҳар касе ин ҷо омад, пир бошад, ҷавон мешавад, ҷавон бошад, мисли Рустами Дастон пурқудрат мегардад.

— Ин тавр бошад, ман минбаъд дар шаҳри шумо зиндагӣ мекунам, — ба ширинсухании Парвина бо хушгӯӣ посух дод рӯзноманигор Солеҳи Юсуф, ки ҳамроҳи гурӯҳи дуюми корӣ ба мо пайваста буд.

— Хеле хуб, ин ҷо ба ҳама кор пайдо мешавад, дар шаҳри мо зиндагӣ кунед, пушаймон намешавед.

Соате баъд вохӯрии мо бо ҷавонону сокинони шаҳри Роғун дар толори Қасри фарҳанг баргузор шуд. Сатторов Эраҷ – мудири кафедраи менеҷменти Академияи идоракунии давлатӣ дар бораи рушди иқтисодиёт дар даврони истиқлолият суҳбат кард. Ҳангоми суханронии ӯ ҳис кардам, ки ҷавони донишманду суханвар аст. Дилам аз ин эҳсос лаб­рези фараҳ гашт. Воқеан ҳам, ҷавонони мо бедору огоҳ ва дорои неруи бузурги зеҳнӣ ҳастанд.

Мирзозода Азизулло аз таърихи давлатдорӣ гап кушод. Вай бо ҳарорат сухан меронд. Аҳли толор маҷзубаш шуда буданд. Ниҳоят хидматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як — як баршумурд ва чеҳраи миллӣ будани Пешвои миллатро бо далелҳо собит кард. Мавҷи кафкӯбӣ толорро ба ларза даровард. Ин аст қудрати сухан, ки ба дилҳо асар мекунад, хуфтагонро бедор месозад ва ба ҷонҳо қувват мебахшад.

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,

Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.

Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт,

Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.

рогун (5)Бо ин мисраъҳои ҳушдордиҳанда ин ҷониб низ сухан оғоз кардам. Воқеан ҳам, дунё ҳолу ҳавои дигаре дорад. Ҳар замон хабари баде ба гӯш мерасад, аз ҷанг, қатлу куштор гап мезананд. Дар Афғонистон мактаберо метарконанд, даҳҳо духтари толибилм шаҳид мешаванд. Дилҳои духтароне, ки ба сӯи илм, ба сӯи нур, ба сӯи камоли хеш ҳаракат мекарданд, аз задан бозмемонанд. Ҷоҳилоне ҷиҳод карданд, илмро, хирадро, нурро хомӯш сохтанд. Он бехирадон хонаеро обод насохтаанд, аммо биноҳоро хароб месозанд, ба касе қудрати ҳаёт бахшидан надоранд, вале ташнаи гирифтани ҷони дигарон ҳастанд. Ин аст ҳақиқати талхе, ки давру бари моро фаро гирифтааст.

Ғофил набудан, бо илму дониш мусаллаҳ шудан, ба сӯи камоли инсонӣ ҳаракат кардан барои ҷавонон муҳим аст. Ҳар кӣ дар ин рӯзгори пурталотум худро бохт, ҳайсияти хешро аз даст медиҳад, ба абзоре мубаддал мегардад, ки дигарон бо он бозӣ мекунанд.

Шаҳри Роғун сабзу хуррам аст. Дар миёни кӯҳҳои сарбафалаккашида мисли муъҷизае дар домани гардун ба назар мерасад. Ҳавои форам дорад, сокинонаш низ меҳрубону одамдӯстанд.

Намози шом бо муовини якуми раиси шаҳри Роғун Файззода Раҳматулло вохӯрдем.

— Тоҷик давронсозӣ мекунад, — гуфт ӯ, — коре, ки дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷараён дорад, ҳар бинандаро ба ҳайрат мегузорад. Ин кӯҳҳои сангӣ, ҳар қадар ки  пуршукӯҳу устувор бошанд, тоҷик аз он ҳам пойдортар аст. Мо ин ҷо кореро анҷом медиҳем, ки дигарон ба сахтӣ бовар мекунанд. Чанде пеш араб­ҳову беларусҳо барои дидани неругоҳ омаданд. Онҳо нақбҳову корҳои анҷом­ёфтаро дида, ангушти ҳайрат газиданд.

Раҳматулло ин гапро боифтихор мегуфт. Ҳини суҳбат чашмонаш барқ мезаданду симояш нуронитар мешуд.

Мо ҳам он ҷо бо одамоне вохӯрдем, ки мисли Фарҳоди кӯҳкан синаи санги хороро мешикофанду кӯҳҳои сангиро ҳамвор месозанд. Роғун майдони корис­тон аст. Майдон нанг, номус ва шарафи тоҷик. Майдони нур ва ишқ.

Дил беқарорӣ мекард, мехостем ҳар чӣ зудтар Неругоҳи барқи обии «Роғун» — ро бо чашмони худ бинем. Сардори коргоҳи барқии Мудирияти истифодабарии НБО «Роғун» Мӯсо Зиёев роҳбаладии моро ба зимма гирифт.

Роҳ печида ба поин ба самти рӯдхона мефуромад. Мошинҳои хурду бузург дар он ҳаракат мекарданд. Набзи НБО «Роғун» башиддат мезад. Мо ҳар қадар ки поинтар мефаромадем, ҳамон қадар бештар садои ин набзро ҳис менамудем. Одамон саргарми кор буданд. Онҳое, ки қаҳрамони даврони моанд ва бо дастони тавонои хеш муъҷиза меофаранд.

Вақте ба рӯдхона расидем, азамат ва бузургии кӯҳҳои сангии атрофро ҳис намудем. Кӯҳҳои босалобат ва устувор ба назар чунон бошукӯҳ метофтанд, ки бинандаро ба ҳайрат меоварданд.

Фурсате нагузашт, ки даҳонае пайдо шуд ва мо вориди нақбе гаштем. Осмони обии болои сарамон нопадид шуд. Мо худро дар дунёи дигаре дидем.

Мегӯянд, ки санг ҳам дил дорад. Мо дар дили кӯҳи сангӣ ҳаракат мекардем. Дили кӯҳи сангие, ки шоҳрагҳояш аз нақбҳо иборат буданд. Дар он нақбҳо одамон достони зиндагиашонро дар варақи санг ҳаккокӣ менамуданд.

Мошинҳои бузурги боркашу борбардор дар ҳаракат буданд, лаҳзае ором надоштанд. Дар дили кӯҳ зиндагӣ меҷӯшид. Одамони матиниродаву шуҷоъ рӯҳи шикастнопазир доштанд. Магар онҳое, ки синаи санги хороро шикофта, дунёи нақбҳоро ба вуҷуд овардаанд, дар баробари сахтиву устувории санг сар хам накардаанд, шикастпазиранд?! Ҳаргиз!

Дунёи нақбҳо дунёи муъҷизаҳо буд. Ман дар он ҷо рӯҳи бузургу тавонои миллати тоҷикро дидам. Дар баробари азамат, тавоноӣ, шикастнопазирӣ ва абадияти миллати хеш сари таъзим фуруд овардам.

Осмони сарзамини нақбҳо пур аз ситора буд, одамситораҳо! Ҳар коргар тимсоли ахтаре буд, ки медурахшид, ҳарорат мебахшид, он ҷаҳони пур аз шигифтиро мунаввару рангин мекард.

Оре, ман дар он дунёи пинҳон аз назарҳо одамситораҳоро дидам. Онҳо бо забони ширини тоҷикӣ ҳарф мезаданд, механдиданд, кор мекарданд. Одамситораҳои нурофарин дар дили кӯҳе дар Роғун.

Чунин ба назар мерасид, ки сарзамини нақбҳо поёне надорад.

— Дарозии нақбҳо чӣ қадар аст? – пурсидам аз Мӯсо.

— Бештар аз ҳафтоду чор километр.

— Хаёлам ҳазор сол дар сарзамини нақбҳо зиндагӣ намудам, — гуфтам ба Мӯсо, — осмони обиро ёд кардам.

Вай сухани маро шунида баланд механдад.

— Сарзамини нақбҳо диёри мардони шуҷоъ аст. Ин ҷо бояд сабр кунӣ. Дар дили санг кор кардан осон нест.

Лаҳзае баъд мошини мо ба зери осмони обӣ мебарояд ва худро дар иҳотаи кӯҳҳое дармеёбем, ки мутафаккирона кори созандагони НБО «Роғун» — ро тамошо доранд.

Мӯсо аз масъулиятшиносӣ, кордонии коргарон сухан дар миён меорад. Вай таъкид мекунад, ки дар насбу фаъол кардани таҷҳизоти пешрафта мутахассиси варзида лозим аст. Ин кори содаву осон нест. Бинобар ин, дар кори ҷобаҷокуниву насби таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазӣ беҳтаринҳо ба кор даъват мешаванд.

— Ана, он ҷавонмарди машғули кор Иззатулло ном дорад, — мегӯяд Мӯсо ба самти нафаре ишора карда, — мо ӯро аз Неругоҳи барқи обии «Норак» даъват карда овардем. Тахассуси баланд дорад, ба қавле панҷ панҷааш ҳунар аст.

Мо ба назди Иззатулло меравем. Вай бо лабони пуртабассум ва чеҳраи кушод ба мо дасти салом дароз мекунад. Ман ӯро мешиносам. Вай ҳамонест, ки дар саҳни ҳавлии бино дида будем. Мехоҳам бо ӯ ҳамсуҳбат шавам, вале ин кор ба назарам ношуданист, чунки баъди салому ҳолпурсӣ Иззатулло боз саргарми кор мешавад. Кай ӯ дам мегирад, намедонам. Аммо фурсате нагузашта, мушкили ман ҳал мешавад, бо Иззатуллои аз кор фориғгашта суҳбат меороям.

— Ман зодаи шаҳри Норакам, — мегӯяд ӯ, — падарам дар неругоҳи он ҷо кор мекарданд, аз вақте ки худамро шинохтам, дунё ба назарам аз зодгоҳи ману неругоҳи он иборат буд. Аз овони мактабхонӣ мехостам коргари барқ шавам. Рӯзе орзуямро ба волидонам гуфтам.

— Коргари барқ не, муаллим шавӣ, беҳтар, — маслиҳат доданд модарам.

— Ҳаваси бачаро накуш, бигзор коргари барқ шавад, — ба модарам эътироз карданд падарам, — Норак чун шаҳри нурофарон машҳур аст, агар дар ин кор писари мо ҳам саҳм гирад, боиси ифтихори ману ту мешавад.

рогун (2)Ҳамсояҳои мо дар Неругоҳи барқи обии «Норак» кор мекарданд. Онҳо вақте дар бораи кор гап мезаданд, ман бодиққат гӯш мекардам, замоне ки ба кор мерафтанд, бо ҳавас ба сӯяшон менигаристам. Мехостам ҳар чӣ зудтар калон шаваму хонда дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ба кор дароям. Оқибат ин орзуям амалӣ гашт. Рӯзе расид, ки ба ҳайси челонгар дар НБО «Норак» кор кунам.

Шояд кори хуб кардам, ки маро барои омӯзишу таҷрибаи кориямро такмил додан ба Фаронса ба заводи таҷҳизоти пӯшидаи элегазӣ фиристоданд.

Ҳамеша орзу мекардам, ки дар НБО «Роғун» кор кунам, ҳунару истеъдодамро дар ин ҷо нишон диҳам. Мехостам нақши дастонамро дар ин иншооти бузург гузорам. Ҳатто баъзан «Роғун» — ро дар хоб медидам. Ҷозибаи иншооти азим маро ба сӯи худ мекашид. Ҳис мекардам, ки дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» кор кардан шараф аст.

Рӯзе расид, ки роҳбарияти НБО «Норак» маро ба наздашон даъват карда гуфтанд, ки маро ба таври гузариш ба НБО «Роғун» ба кор мефиристанд. Ҳунару истеъдоди ман ин ҷо зарур аст.

Ман ин хабарро шунида, шод шудам ва чӣ тавре ки мебинед, дар Маҷмӯи таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазӣ қатори дигарон меҳнат мекунам. Албатта, он таҷрибае, ки дар кишвари Фаронса андӯхта будам, имрӯз ба ман ёрӣ мерасонад.

Иззатулло Нарзуллоев ҳарчанд бо фурӯтанӣ дар бораи фаъолияти кориаш суҳбат мекард, аммо аз оҳанги суханонаш фаҳмидан душвор набуд, ки барояш дар ин ҷо кор кардан ифтихори бузург аст.

Дар ин неругоҳи азим ҳазорон коргари дигар паҳлу ба паҳлуи Иззатулло кор мекунанд. Онҳо хуб медонанд, ки дос­тони кору пайкорашон рӯзе ба афсона мубаддал мегардад. Наслҳои оянда аз онҳо бо ифтихор ёд мекунанду мегӯянд: падарони мо НБО «Роғун»-ро сохтанд ва кишварамонро сарзамини нуру рӯшноӣ намуданд.

Роҳҳо дар пайкари кӯҳҳои сангӣ печида, аз канори рӯдҳо гузашта, дараҳоро убур намуда, мардуми кӯҳистонро ба манзил мерасонанд. Мошини мо ҳам аз роҳе дар камари кӯҳ ба самти чап тоб мехӯрад, дар поин обанбори азими Неругоҳи барқи обии «Роғун» шакл мегирад.

— Рӯзе ин роҳ ҳам зери об мемонад, — мегӯяд Азизулло.

— Ана, он деҳаҳои камари кӯҳ ҳам зери баҳри Роғун мемонанд, — ба самти рости рӯди Сурхоб ишора мекунад ронандаи мошин Хӯҷа.

— Дар ин дунё ҳама чиз тағйир меёбад, — андешамандона ба гап медарояд Азизулло, — Рӯзе фаро мерасад, ки одамон тавассути киштӣ аз ин соҳил ба он соҳил, аз Роғун то ба Рашт ҳаракат мекунанд.

— Бале! – тасдиқ мекунам сухани ӯро, — афсона ба ҳақиқат мубаддал мешавад.

Мошин нолишкунон гоҳе ба домани кӯҳе часпида, боло мебарояду гоҳи дигар поин мефарояд. Ноҳияи Нуробод дар оғӯши кӯҳистон сабзу хуррам ба назар мерасад.

ВОРИС,

«Садои мардум»

Дигар хабарҳо