Мушкилоти интишори асарҳои бадеӣ дар чист?
Ба пешвози маҷлиси Садорати ИНТ
Солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ марбут ба масъалаи китобхонӣ, тарғибу ташвиқ ва интишору савдои китоб як қатор муаммоҳо ба вуҷуд омад. Хусусан кам шудани теъдоди китобҳои бадеӣ дар дуконҳои фурўши китоб, солҳо хонандаи худро наёфтани онҳо, чопи китоб ва сабаби бозоргир набудани он аз мушкилотест, ки акнун коршиносону мутаххасисони соҳаро бетараф намегузорад. Дар робита ба ин масъала дар матбуот фикрҳои танқидӣ низ баён мешавад. Мо баъзан масъулони соҳаи савдои китобро дар бефаъолиятӣ айбдор менамоем. Бисёр шудааст, ки аз худамон нею аз китобхон меранҷем, гила мекунем. Аммо масъала бо ин хотима намеёбад. Ба фаросат дармеёбем, ки муҳтавои китобҳои бадеӣ ҳам бояд мувофиқи талаби замон бошад.
Барои дар атрофи ин масъала ҳаматарафа фикру мулоҳиза намудан, Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 26-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлиси Садорат баррасӣ гардидани мавзуи «Мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ»-ро пешбинӣ кардааст, ки ин ҳам ба манфиати хонанда ва ҳам ба манфиати аҳли қалам аст. Ба наздикӣ аз як мухлиси рўзномаи «Адабиёт ва санъат» нома гирифтам, ки марбут ба китоб ва мушкилоти дастрасии он буд. Ў менависад: «Панҷ фарзандам мактабхонанд. Хониши онҳоро санҷида меистам. Вақти холӣ, ки ёфтанд, дар назди оинаи нилгун менишинанд.
– Ба ҷойи ин ягон асари бадеӣ хонед, намешавад? – гуфта сарзанишашон мекунам. Бачаҳо ба якдигар нигоҳ мекунанду баъд ба ман рў оварда, «канӣ китоб?» – гўён савол медиҳанд.
– Дар мактаб китобхона нест, магар? – мегўям ба онҳо.
– Ҳаст, вале китобҳои хонданӣ нест. Китобҳои аз варақгардон кардан фарсудашуда пур. Такрор ба такрор ҳамонҳоро бихонем?
Чӣ гуфтанамро надониста, ҳайрон шудам…».
Номаи падари дилсўз, ки фарзандонашро ба хондани китобҳои бадеӣ даъват кардааст, сабаб шуд, ки ба яке аз китобхонаҳои мактаби ноҳияи Дўстӣ дароям. Бовар намекунед, кофта-кофта ҳавсалаам пир гашт. Китобҳо куҳна, ба гуфти мардум, «аз давраи Дақюнус монда», чанг гирифта хоб рафтаанд. Аз байни онҳо ба забони тоҷикӣ, ўзбекӣ ва ё русӣ китобҳои бадеии хонданбоб, ки завқи бачаҳоро зиёд мегардонад, ёфт нашуд.
– Китобхонаатон бисёр ғарибу хароб. Китобҳои бадеии муосиронро, ки талабаҳо бо завқ хондан мехоҳанд, наёфтам, – гуфтам ба сарвари мактаб.
– Як китоб фалон сомонӣ меистад, аз куҷо меёбед? – гуфт директор худро сафед карданӣ шуда.
– Мактабҳо ба хоҷагидории ҳисобӣ гузаштанд. Барои фонди китобхона низ маблағ гузарондан мумкин-ку?
– Шуъбаи молия ба гапамон гўш мекунад?..
Шояд директор рост гуфта бошад. Вале роҳбари хуб баҳона не, чора меҷўяд. Усулҳои бо китобҳои наву хонданбоб ғанӣ гардондани китобхонаи мактаб кам нест. Ҳозир хонадонҳои зиёде ҳаст, ки дар онҳо китобҳои нодиру камёбро ёфтан мумкин аст. Дуруст аст, ки ин китобҳо барои онҳо азизу боқадранд. Вале агар кафолати баъди хондан ба соҳибашон баргардондани китобҳо дода шавад, бовар дорам, ки онҳо аз ин кори хайру савоб худро канор намегиранд. Ба воситаи падару модарон низ фонди китобхонаро зиёд кардан мумкин аст. Аз китобҳои хубу шавқовар бачаҳои зиёд баҳравар шуда метавонанд. Вале ба сабаби бепарвоии одамони ба китобхона вобаста, китобҳои нодир худ ба худ аз китобхонаҳо нобуд мегарданд, ки, албатта, ташвишовар аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёр мактабҳо китобхонаҳо ба ном амал мекунанд. Ҳисобу китоби аниқ нест, китобҳо бетартиб хоб рафтаанд. Маблағҳое, ки барои харидани китобҳои нав ҷудо мешаванд, баъзан ба мақсадҳои дигар истифода мегарданд. Озмуни «Китобхонаи намунавӣ» ба ном гузаронда мешавад. Ҳамаи ин бачаҳоро аз китобхона дур мекунад.
Замонҳои пеш китобхонаи мактаб макони аз ҳама маҳбубу азизи хонандаҳо буд. Қироати китоб яке аз машғулиятҳои беҳтарини хонандаҳо ба шумор мерафт. Дар дарсҳои мустақилона аз рўи асарҳои хондашуда баҳсу мунозираҳо, саволу ҷавобҳо гузаронда мешуд. Имрўзҳо ин анъанаҳои хуб гўё аз байн рафтааст.
Аз директор пурсидам:
– Модомки дар китобхонаатон китобҳои бадеӣ набудааст, завқи бадеии бачаҳоро бо кадом роҳ баланд кардан мехоҳед?
– Дар асри пешрафти техника зиндагӣ мекунем, ба воситаи телевизору интернет низ завқи бадеии онҳоро зиёд кардан мумкин, – мегўяд ў шарм накарда.
– Ин фикри шумо ғалат аст, ягон чиз ҷои китобро иваз карда, завқи аз китоби бадеӣ ҳосилшударо дода наметавонад, – гуфтам аз рафтори директор норозиёна.
Китоби бадеӣ дар ҳама давру замон дўсти аз ҳама наздики инсон буд ва имрўз низ қадри худро заррае гум накардааст. Зеро бачаҳо ҳамаи хислатҳои некиро, ба зебоӣ дил бастанро, ширингуфтор буданро аз китобҳои бадеӣ меомўзанд. Китобҳои бадеӣ маънавиёти инсонро боло бурда, ўро ба олами асрор ошно месозад. Одамию хоксорӣ, некию покиро меомўзанд. Дар қалби инсон завқи маърифатпарвариро бедор мекунанд. Маҳз барои ҳамин, бо ташаббуси Пешвои миллат озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил гардид, ки ин иқдом аз тарафи ҷавонон хуб пазируфта шуд. Мақсад аз чунин чорабиниҳо аз китобҳои бадеӣ ғанӣ гардондани китобхонаҳост, ҷавононро ба хазинаи ҷавоҳироти беҳтарини дунё – китобҳои бадеӣ раҳнамоӣ кардан аст. Хусусан, дар шароити ҳозира, ки китобҳои бадеӣ бо теъдоди кам чоп шуда истодаанд, ба китобхонаҳои мактаб эътибор додан басо муҳим аст. Агар Вазорати маориф ва илм низ ба мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, фонди китобхонаҳои мактабҳоро зери назорати қатъии худ гирад, нуран алонур мешавад.
Вобаста ба чоп ва интишори асарҳои бадеӣ боз як воқеа ба ёдам омад. Бо як директори мактаб вохўрда, дар бораи дастрас намудани асарҳои бадеии тозанашр сухан кушодам. Директор суханашро ба охир нарасонда буд, ки бачаҳо хабари китоби тозанашрро шунида, назди директор ҷамъ шуданд. Онҳо бо завқ китобҳоро аз назар гузаронда истода буданд, ки фиғони директор ба осмон расид:
– Ҳой, бетамизҳо, дар умратон китобро надидаед? Канӣ, зуд ба дарс дароед!
– Дидед, бачаҳо ба китоби бадеӣ чӣ қадар ташна ҳастанд. Бачаҳо барои хондани китоби бадеӣ хоҳиш надоранд не, баръакс хоҳиши зиёд доранд. Онҳоро беҳуда айбдор накунед.
Директор сурху сафед шуд. Чӣ гуфтанашро надониста, забон хоид. Дар хусуси дурусту самаранок ба роҳ мондани кори китобхонаҳо супоришҳои мушаххас дода бошанд ҳам, кушоду равшан гуфтан ҷоиз аст, ки дар баъзе маҳалҳо муносибат ба ин масъала ҳоло низ ҳалли худро наёфтааст.
Беихтиёр давраҳои ҷавониро ба ёд меорам. Ба кадом гўшаи мамлакат равем, аввал ба китобхона ё ба мағозаи китоб медаромадем. Ҳозир мағозаҳои китобро ҷустуҷў карда, пайдо карда наметавонӣ. Дар деҳаи мо Тўра-китобхоначӣ ном шахси зиёинамо буд. Китобхонаи хоҷагӣ ҳама вақт аз хонанда пур мешуд.
– Э, хуш омадед, додарҷон, – мегуфт ў бо илтифот. Иттифоқан ягон шахси ношинос дарояд, ба ў нигоҳ карда: – Ин бача писари акаи Абдуллохон, ба падараш рафтааст, китобро дўст медорад,– гуфта эзоҳ медод.
– Китобҳои нав, шавқовар бошад, диҳед, – мегуфтам ман.
– Инак китоби нав, «Духтари оташ». Муаллифаш Ҷалол Икромӣ, нависандаи хуб, – таъриф карда ба дастам медод ў.
Ҳозир аз ин китобхонаи деҳот, ки манзили дўстдоштаи бачаҳо буд, ному нишон намондааст.
– Чаро дар деҳот ягон китобхона вуҷуд надорад? – мепурсам аз шахси олуфтае.
– Китобхонӣ аз мўд рафтааст, – ҷавоб медиҳад ў, – интернет ҳаст, телевизор ҳаст, ба телефони дастӣ тамоми китобҳои дар китобхонаи миллӣ бударо ҷо кардан мумкин…
Як масъалаи муҳимме, ки дар мадди назари бисёриҳост, омўзиши адабиёт дар мактаб аст. Дар китобҳои дарсии адабиёт ба мазмун ва моҳияти ин ё он асари бадеӣ эътибор дода мешавад. Вале хондани худи асари бадеӣ аз доираи таълим берун мемонад. Бинобар ин, бисёриҳо дар қатори китоби дарсӣ чоп намудани хрестоматияи дарсиро ҳоҳиш ва пешниҳод карда истодаанд, ки ин айни муддао ва барои дастгирӣ лоиқу арзанда аст. Чопи китоби хрестоматияи дарсиро ба роҳ монда, мо метавонем ба ин восита бачаҳоро бо асарҳои арзандаи бадеӣ шинос намоем. Ман даҳ сол пеш романи «Рўзҳои гузашта»-и Абдулло Қодирӣ ва «Субҳи ҷавонӣ»-и Сотим Улуғзодаро, ки соли 1959 аз тарафи Тўхтасин Ҷалолов ба забони ўзбекӣ баргардон шудааст, барои чоп омода кардам. Баъзе ҳамкасбон эътироз баён карданд. Вале ҳаёт дуруст будани роҳи пешгирифтаи моро тасдиқ намуд.
Акнун як мисол дар бораи сифати китобҳои чопшуда. Дар дастам китоби калонҳаҷмест, ки барои бачаҳо пешбинӣ шудааст. Дар муқаддимаи китоб бо ҳарфҳои калон навишта шудааст: «Китоб барои бачаҳои мактаб пешкаш карда мешавад». Аз таъкиди муаллиф хурсанд шуда, китобро варақ задаму ҳавсалаам пир гашт. Зеро китоб барои бачаҳо набуд. Саргузаштҳои муаллиф барои бачаҳо ҷолиб набуду забону услубаш низ. Ин хел китобҳои ба ном бадеӣ, берангу бенур, беҳарорат ва бедарду эҳсос, бе таҳриру тасҳеҳ ва бе риояи қоидаву меъёрҳои ба адабиёти бачагона ҷавобгў набуда зиёд ба чашм мерасанд. Аҳаммияти тарбиявии адабиётро паст мегардонанд, ба чашми хонанда адабиётро камэътибор нишон медиҳанд. Ин гуна китобҳо аз фоида дида бисёр зарар меоранд.
Умед аст, ки дар маҷлиси Садорати Итифоқи нависандагон вобаста ба ин масъала фикрҳои ҷолиб гуфта мешаванд.
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон