Муруре ба сегонаи ашъори Фозили Назарӣ

 Муруре ба сегонаи ашъори Фозили Назарӣ

Нақди фарогире, ки шоир ва мунаққиди маъруфи афғонистонӣ Муҳаммадкозими Козимӣ ба китоби ашъори сегонаи шоири шинохтаи имрӯзи Эрон Фозили Назарӣ – “Гиряҳои имперотур”, “Онҳо” ва “Ақаллият” навиштааст, дар доираҳои адабӣ, ба вижа дар сомонаҳои форсӣ интишор ёфту машҳур шуд. Мо ба сабаби тулонӣ буданаш онро бо ихтисор пешкаши хонандагон мекунем ва умед дорем, ки ба ин сурат ҳам судманд хоҳад буд.

Муҳаммадкозими Козимӣ

Нақди шеъри Фозили Назарӣ аз солҳо пеш бароям фаризае буд ба сабаби шуҳрат ва доираи нуфузи ин шоир дар миёни мухотабон, ки рӯз ба рӯз бештар мешавад. Ба ин бияфзоям алоқае, ки худ ба осораш доштам, албатта, он қисмат аз осор, ки ҷаставу гурехта дида будам, фурсати хондани комили китоби сегонааш муяссар нашуда буд, ба сабаби машғулиятҳои бисёр.

Акнун мекӯшам, ки баъзе барҷастагиҳо ва дар мавориде костагиҳои шеъри Фозил Назариро бо такя бар сегонаи ӯ баршуморам, то ҳадди мақдур дӯст­дорон ва пайравони бисёри шеъри ӯро ба кор ояд. Мехоҳем бубинем, ки дар осори ин шоир чӣ бадоеъе нуҳуфтааст, ки тавонад дигаронро низ ба кор ояд ва чӣ холигоҳҳое ҳаст, ки агар набуд, Фозил Назарӣ аз он чи ҳаст, мақоме волотар медошт.

Халлоқият ва таодул

Ба гумони ман, омили аслии муваффақияти Фози­ли Назарӣ ва мақбулияти шеъри ӯ ҷамъи тавъамони халлоқият ва таодул будааст. Ӯ шоирест мубдеъ (на­вовар) ва мазмунофарин. Бисёр андаканд шеърҳои ӯ, ки аз мазомини тоза ва нигоҳи ғофилгиркунанда бебаҳра бошанд:

Мисли акси рухи маҳтоб, ки афтода дар об,
Дар дилам ҳастиву байни ману ту фосилаҳост.

***

Мазан тири хато, ором биншину магир аз худ
Тамошои шикореро, ки аз дасти ту хоҳад рафт.

***

Эй себи сурхи ғалтзанон дар масири рӯд,
Як шаҳр, то ба ман бирасӣ, ошиқат шудаст.

***

Рӯд роҳӣ шуд ба дарё, кӯҳ бо андӯҳ гуфт,
Меравӣ, аммо бидон дарё зи ман пойинтар аст.

Шоири мо ин мазоминро дар пурҷозибатарин қо­лаби шеъри форсӣ, яъне ғазал ба кор бастааст ва он ҳам ба шакле муҳофизакорона ва бо талоши ҳадди аксаре барои ҳифзи суварӣ ва муҳтавои ин қолаб. Шеъри мутаодил ва муҳофизакорона лоҷарам му­хотабони бештареро хуш меояд, чун шоир мекӯшад, ки интизороти умуми ҷомеаи шеъриро дар назар бигирад ва шеърашро ба гунае сомон диҳад, ки ҳеч кас онро чизе “аҷибу ғариб” напиндорад. Албатта, ман баъдан хоҳам гуфт, ки баъзе аз ин аҷоибу ғароиб барои шеъри ӯ зарурӣ буд, то битавонад писандҳои хосро ҳам розӣ кунад, касонеро, ки ба шакли қобили пешбинӣ рух менамояд, қонеъ нестанд.

Парвоз дар қафас

Метавонам гуфт, ки Фозили Назарӣ устоди парвоз дар қафас аст, қафасе, ки се девораш ишқ аст ва як девораш марг. Ҷуз ин ду мавзуъ дигар мавзуоти матраҳ барои инсони имрӯз, мисли масоили иҷти­моъ, сиёсат, ахлоқ ва амсоли инҳо дар шеъри ӯ бисёр нест. Агар чунин набуд, ин шеър метавонист мухотабон ва доманаи корбурди васеътаре аз он чи дорад, биёбад.

Гоҳе ҳам ҳаст, ки шоир аз аносир ва вожагони марбут ба ҳавзаи сиёсат ва иҷтимоъ истифода ме­кунад, вале шеъраш бистараи муҳтавоӣ ва мисдоқи берунии равшане надорад. Масалан, дар ин ҷо:

Аз шавкати фармонравоиҳо сарам холист,
Ман подшоҳи куштагонам, кишварам холист.
Чобуксаворе номаи хунин ба дастам дод,
Бо ӯ чӣ бояд гуфт, вақте лашкарам холист.
Хунгиряҳои имперотуре пушаймонам,
Дар остини сабр ҷои ханҷарам холист.
Макри валиаҳдону найранги вазирон ку?
То чанд аз заҳри надимон соғарам холист?
Эй кош, санге дар канори сангҳо будам,
Овах, ки ман кӯҳам, вале давру барам холист.
Фармонравои хонабардӯшам, муҳаббат кун,
Эй марг, тобуте, ки бо худ мебарам, холист.

Ин ғазали зебост ва ман ҳеч наметавонам маз­муни халлоқонаи байти “санге дар канори сангҳо”-ро таҳсин накунам, вале зеботар ва албатта, муассир­тар вақте буд, ки ин ҳарф дар масир ва дар хидмати як мавқеияти хос мебуд ва дар он мавқеият маънӣ мегирифт.

Мо дар бисёре аз ғазалҳои шоир ҳарфҳои қашанг, тасвирҳои тоза ва ҳатто эҳсосҳои зебо мебинем, вале ҷанбаи корбурдии ин шеърҳо барои мо дар ҳадди зебоияшон нест. Мо шоирро таҳсин мекунем ва ҳатто аз шеъраш лаззат мебарем, вале ин шеър чизи бисёре дар мо тағйир намедиҳад. Моро бо масоили инсон ва ҷаҳон даргир намекунад. Ҷое аз зеҳнияти моро барои тағйир нишона намегирад.

Шумо ин шеърро бубинед. Ин фақат мазмунсозӣ аст ва мазмунҳо ҳам инсофан зебост. Байтҳо хушта­рош ва ҷаззоб аст, вале таъсири вижа бар зеҳниёт, эҳсосот ва афкори мо надорад. Наметавон гуфт, ки пас аз хондани шеър лоақал ба андозаи андак одами дигар шудаем:

Дар чашми офтоб чу шабнам зиёдиям,
Чун заҳр ҳар чи бошад агар кам, зиёдиям.
Беҳуда нест, рӯи заминам ниҳодаанд,
Борам, ки рӯи шонаи олам зиёдиям.
Бо шӯру шавқ мерасаму тард мешавам,
Мавҷам, ба ҳар тараф, ки биёям, зиёдиям.
Ҳамчун нафас ғарибтарин омадан марост,
То мерасам ба сина, ҳамин дам зиёдиям.

Ман аз онҳо нестам, ки бигӯям “хуб, паёми ин шеър чист?” Вале лоақал метавонам як истифодае айнӣ ва амалӣ аз ин шеър дар зиндагии хеш интизор дошта бошам? Боз ҳамин гуна аст шеъри “Аз сари беҳавсалагӣ” бо ин матлаъ:

На ин ки фикр кунӣ марҳам эҳтиёҷ надошт,
Ки захмҳои дили хуни ман илоҷ надошт.

Дар маҷмуъ, ба назар мерасад, ки шоири мо пеш аз ҳар чиз дағдағаи мазмунсозӣ дорад ва гоҳе ҳатто ба назар мерасад, ки ҳарфу сухани ӯ дар партави он мазмун бо тасвир шакл гирифтааст. Масалан, ӯ тасвири рехтани обшор бар тахтаи сангиро дар назар оварда ва онро ба зулфи маъшуқ бар шонаи худ ташбеҳ кардааст. Пас лоҷарам гуфтааст, ки:

Шонаҳоям тоби зулфатро надорад, пас махоҳ
Тахтасанге зери пои обшоре бишканад.

Ҳоло чаро ин шонаҳо тоби зулфро надорад? Чун мазмун инро иқтизо мекунад. Лоақал дар ин шеър чизе нест, ки аз назари ҳиссӣ низ моро ба ин ҳукм мутақоид кунад. Ҳар як аз абёти ин ғазал барои худ созе мезанад ва бар пояи мазмуне парварда шудааст.

Ин ҳам аз ваҷҳи қаробати шоири мо бо Соиб аст, яъне сохтани эҳсос ва муҳтаво аз раҳгузари мазмун, на қарор гирифтани мазмун дар хидмати зеҳниёт ва эҳсосоти шоир.

Парешонӣ дар меҳвари амудӣ

Бо он чи гуфта омад, аҷиб нест, агар ғазалҳои Фозили Назарӣ сохтори тулӣ ё меҳвари амудии равшане надошта бошад ва аз ин назар ҳам бо шеъри Соиб ва ақрони ӯ қаробат ёбад. Албатта, ман онқадарҳо ҷурмандеш нестам, ки ҳамонанди баъ­зеҳо асареро, ки фоқиди сохтори мунсаҷим аст, аз доираи шеърият берун бидонам. Бисёре аз шеърҳо худ дар корномаи адаби форсӣ фоқиди меҳвари амудӣ аст. Вале тасаввур мекунам, ки миёни ин па­решонӣ дар меҳвари амудӣ ва беҳадафии муҳтавоӣ (дар ҳадди нисбӣ) ва дур будани шеър аз таҷрибаҳои айнӣ ва тавсифи мавқеаиятҳои хоси иртиботӣ аст. Яъне агар шоир аз масири ҳадафмандии муҳтавоӣ ё фазосозӣ ва тавсифу ривоят вориди шеър шавад, шеъраш лоҷарам пайвастагии тулии бештар хоҳад дошт ва асари воҳид ва ҷиҳатманд бар шунаванда хоҳад гузошт.

Бисёре аз шеърҳои Фозили Назарӣ мисли маҷмуаи бурдорҳое (баранда, ҳомил) аст, ки ҳар як ҷиҳатеро нишон гирифтаанд ва дар ниҳоят бароян­дашон, яъне таъсире, ки бояд бар мухотаб бигзорад, коҳиш меёбад. Шумо бубинед ғазали “Уқёнус”-ро, ки ду байти охираш дар як ғазали иҷтимоӣ ва сиёсӣ метавонист бисёр муассир ва коромад бошад, вале дар канори бӯса ва шароб аз он таъсир афтодааст:

Расид лаб ба лабу бӯсаҳои ноб задем,
Ду ҷом буд, ки бо нийяти шароб задем.
Ду гул, ки бо аташи бӯсаҳои пай дар пай
Ба рӯи пираҳани сархушон гулоб задем…
Муаззино, ба умеди кӣ мезанӣ фарёд?
Ту ҳам бихоб, ки мо хешро ба хоб задем.
Магир бесабаб, эй нохудо, ки ғарқ шудаст
Ҷазирае, ки ба савдои он ба об задем.

Байтҳо зебост, вале ба сурати мунфарид ва дар мақомҳои дигар қобили истифода аст. Наметавон кулли ғазалро дар як ҳолати отифии хос хонд ва интизори як таъсири воҳид аз он дошт ё онро дар як мавқеияти хос ба кор бурд.

Гоҳ парешонии меҳвари амудӣ ба ҳадде мерасад, ки ба душворӣ мешавад фаҳмид, ҳатто мухотаби ин шеър кист. Шоир бо маъшуқ сухан мегӯяд ё бо худ ё бо шахси саввум? Чунонки дар ин ғазали “Оина” мебинем:

Гарчи чашмони ту ҷуз дар пайи зебоӣ нест,
Дил бикан, ойина ин қадр тамошоӣ нест.
Ҳосили хира дар ойина шуданҳо оё
Ду баробар шудани ғуссаи танҳоӣ нест?
Бесабаб то лаби дарё макашон қоиқро,
Қоиқатро бишикан, рӯҳи ту дарёӣ нест.
Оҳ дар ойина танҳо кадарат хоҳад кард,
Оҳ, дигар дамат, эй дӯст, масеҳоӣ нест.
Он ки як умр ба шавқи ту дар ин кӯча нишаст,
Ҳол вақте ба лаби панҷара меоӣ, нест.
Хостам бо ғами ишқам бинависам шеъре,
Гуфт: Ҳар хостанӣ айни тавоноӣ нест.

Вале боз ман он қадар мутлақнигар нестам, ки ҳама шеърҳои Фозили Назариро фоқиди инсиҷоми муҳтавоӣ ё тасвирӣ бидонам. Шеъри “Хатҳо” тарҳе ривоӣ дорад ва ин ҷолиб аст. Ҳамчунин, дар баъзе шеърҳо навгароиҳое дар сохтори куллӣ дида меша­вад, мисли ғазали “Мақсади хуршеду шоми тор”, ки ҳам худ як иртиботи тулӣ дорад ва ҳам такрори як мисраъ дар чаҳор байти мутаволӣ ҷаззобияте дар он эҷод кардааст:

Ташналабе маст рафтааст ба майдон,
Ин хабари сурх ногувор мабодо!
Ташналабе маст рафтааст ба майдон,
Ойина бо санг дар канор мабодо.
Ташналабе маст рафтааст ба майдон,
Ваъдаи дидор бар мазор мабодо.
Ташналабе маст рафтааст ба майдон,
Ташналаби маст беқарор мабодо…

Вале он чи ба пиндори ман ҷои тааммул дорад, ин аст, ки шеърҳои хуби ӯ бештар дар ду китоби аввал аст ва шеърҳои мутавассит ва заиф дар китоби охир. Ба назар мерасад, ки шеъри Фозили Назарии мо дар ин сулуки панҷсола рӯ ба пешрафт намуда ва ҳатто аз назари ҳамроҳӣ бо ҷараёни ғазали имрӯз сайре қаҳқароӣ ба самти шеъри мактаби ироқӣ доштааст. Оё китоби тозаи ӯ “Зид” чӣ гуна хоҳад буд? Бояд дид.

Таҳияи Насимбек ҚУРБОНЗОДА

Дигар хабарҳо