Молйери театри мо
Соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдоди бузургу фараҳбахши фарҳангӣ рух дод. Дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе Театри ҷавонон дарҳои худро ба рўйи тамошобинони дўстдори ҳунари театрӣ боз намуд. Миёни 24 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии санъати театрии Маскав ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ҷавони хушзавқу бо ҳунари хеш фарқкунанда Шодӣ Солеҳ низ буд. То имрўз ин 24 нафар ҳамсабақро дар кишварамон бо ифтихор мо асосгузорони ин театр ном мебарем.
Пардаи театр бо намоиши (кори дипломии ин гурўҳ) «Васса Железнова»-и Максим Горкий боз гардид, ки дар он Шодӣ Солеҳ нақши Прохорро бозида буд.
Ин нақши офаридаи ҳунарпешаи ҷавон зуд ба дилҳо роҳ ёфт. Ё ин ки намоиши дигари театр «Табиби зўракӣ»-и Жан Батист Молйер (ин намоиш ҳам кори дипломии ин гурўҳ буд), ки дар он ҳунарпешаи ҷавон Шодӣ Солеҳ нақши марказӣ Сганарелро офаридааст, бисёр ҷаззоб буд. Аллакай баъди иҷрои аввалин нақш маълум гашт, ки ин ҳунарпешаи ҷавон, ки ҳанўз дар театр қадамҳои нахустин мегузорад, дар саҳнаи театри навтаъсис истеъдоду завқаш барои ин навъи асарҳо бисёр мувофиқу мутобиқ аст ва метавонад дар иҷрои нақшҳои мазҳакавию танзу ҳаҷвӣ камол ёбад. Ва дар ояндаи наздик ҳамин тавр ҳам шуд.
Гурўҳи донишҷўёни соли таъсисёбии Театри ҷавонон дар шуъбаи актёрии факултаи санъати он вақт Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) дохилшуда хушбахт буданд, ки актёрон – омўзгорони ҷавони тозакор ба донишкада барои сабақдиҳӣ аз маҳорати ҳунари актёрӣ ба кор даъват гардиданд. Ва миёни ин устодони ҷавон Шодӣ Солеҳ низ буд. Ў ҳамроҳи ҳамсабақони худ Тағоймурод Розиқов, Ғолиб Исломов, Асалбегим Саодатова, Музаффар Хаёлов ва Қурбон Ҳомидов ба мо алифбои ҳунари актёриро меомўзонданд. Яъне, аввалин устодони мо ҳаминҳо буданд. Ва мо — шогирдон аз ин хеле ифтихормандем. Рўзона дар синфхона назарияи соҳаро меомўхтем, бегоҳӣ бошад, дар театр аз намоишҳои Театри ҷавонон, аз ҳунару нақшофариҳои устодони ҷавону серғайрат ва пур аз неру сабақ мегирифтем.
Шодӣ Солеҳ аз устодони сахтгиру серталаби мо маҳсуб меёбад. То ҳоло дар ҳама гуна ҳолатҳои фаъолияти ҳунарӣ ягон ҳарфи наве, ягон камбудию норасоиҳоямон ба назараш бирасад, ҳатман дидгоҳашро дареғ надошта, баён месозад. Аз ҳамон гурўҳе, ки Ш. Солеҳ ҳукми устодӣ дорад, ҳунарпешагони номию маъруфи тоҷик Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Қиёмиддин Чақалзода, Нуруллоҳ Абдуллоев, Султонмурод Бобомуродов, Бурхвалишоҳ Ғуломҳайдаров, Асрор Камолиддинов, Маҳинбону Ҳасанова, Света Наврўзова, Меҳринисо Саидова, Тобонбӣ Холова, Маҳмадназар Икромов ва дигарон солҳои дароз дар саҳнаҳои театрҳои касбии кишвар ҳунарнамоӣ доштанду доранд.
Зиёда аз ин, Шодӣ Солеҳ аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта боз ба як навъ фаъолияти эҷодии ниҳоят ҷиддӣ, сангин ва аз ҳама муҳиммаш, барои театрҳо чун обу ҳаво зарур — драмнависӣ даст зад.
Миёни ҳамаи ҳамсабақону ҳамкасбон Шодӣ Солеҳ зиёдтар ва барвақттар эҳсос кард, ки театрҳои мо ба намоишномаҳо муосир ва бахусус жанри бисёр мураккаби ҳаҷву мазҳака сахт ниёз доранд.
Чандин сол бо ҳунарпешаи маҳбубу маъруфи тоҷик Амонулло Қодиров дар иҷрои ҷуфти саҳнавии «Шодӣ ва Ҳодӣ» саҳначаҳои хурд, интермедия, эссе, ҳаҷвияҳо эҷод кардаю онҳоро саҳнавӣ гардонида, иҷро кардааст, аммо аз ин қонеъ нашуда, тўли солҳои фаъолият дар театр ва ҳамкориҳои зиёд бо телевизион малакаю таҷриба аз бар намуда, ба эҷоду навиштани асарҳои калонҳаҷму бисёрпардагӣ даст зад.
Аз таърихи театрҳои ҷаҳон мо хуб медонем, ки намоишномаҳои Молйер аввал дар Фаронса ва баъд дар тамоми ҷаҳон саҳнавӣ гашта, ўро маъруфу машҳур гардонидааст. Чунки худаш пйесаро навишта, нақшофарӣ карда, онҳоро таҳия менамудааст.
Ба Ш. Солеҳ ин ҳунарҳоро табиат арзонӣ додааст. Қариб ҳамаи навиштаю эҷоди ў рўйи саҳнаро дидаанд. Чунки пеш аз ҳама, ҳамчун ҳунарпешаи саҳна ҳамаи нозукиҳо ва ҷузъиёти хурдтарини кори театрро медонад. Ў аз сирру асрори ҳаёти пасипардагии театр ва кормандони он огаҳӣ дорад. Ҳар як нафаси театр ва чангу хоки он, камию костӣ, хушбахтию бадбахтии театр барояш ошност, набзи театрро ба хубӣ эҳсос мекунад.
Аз ин рў, фақат дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов намоишномаҳои зерини таълифнамудаи Ш. Солеҳ дар солҳои мухталиф рўйи саҳнаро дидаанд: «Умед» (1984), «Ҳукм» (1986) дар таҳияи А. Қодиров, «Ба пеш, холаҳо» дар таҳияи Н. Ҷалолов (1988) ва соли 2002, дар таҳияи Ш. Солеҳ, «Аҳмади Бинӣ» дар таҳияи Ш. Солеҳ, (1997), «Фиғон аз қарнҳо» дар таҳияи А. Қодирӣ (2000), «Хурўси ҷабридида» дар таҳияи Д. Убайдуллоев (2001), «Мокиёнбону, халтаро биёр» дар таҳияи Ш. Солеҳ (2003), «Тавқи лаънат ва номзад» дар таҳияи М. Миров (2006), «Бойи мокиёнхўр», (2007), «Ита-ута» (2008), «Меҳмони нохонда» (2011), «Туҳфа аз муҳоҷират» (2012), дар таҳияи Ш. Солеҳ, «Хазонрез» дар таҳияи Д. Убайдуллоев (2017).
Репертуари Театри давлатии академии драмаи ба номи устод А. Лоҳутиро намоишномаҳои ў «Ҷияни хира» дар таҳияи Н. Ҷалолов ва «Беваҳои террорист» дар таҳияи З. Ҷаводов солҳои дароз рангин сохта буданд. Пйесаҳои ин муаллиф инчунин дар театрҳои касбии Хуҷанд, Кўлоб, Бохтар, Конибодом низ таҳия шудаанд.
Филми телевизионии «Ғуруб» дар таҳияи коргардон Ҳалим Сангинов аз рўйи асари Ш. Солеҳ, ки дар нақши марказиаш устоди зиндаёд, яке аз маъруфтарин ҳунарпешагони тоҷик Ато Муҳаммадҷонов ҳунарнамоӣ кардааст, бинандагони телевизионро тасхир намуд ва гуфтан ҷоиз аст, ки он яке аз беҳтарин филмҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон маҳсуб меёбад.
Ин номгўйи нотамоми асарҳои саҳнавии Ш. Солеҳ мебошад. Ҳанўз песаҳои тайи солҳои охир навиштааш, ки дар семинар-машварат, конфронс ва озмунҳои ҷумҳуриявии драманависон сазовори ҷойҳои аввалу дуюму дигар ҷоизаҳо гардидааст, дар ҷевони муаллиф хобидаанд ва мунтазири таҳияанд. Ва инчунин бамаврид аст, аз номи шогирдону устодон ва ҳамкасбону ихлосмандони ў аз ноширону дастандаркорони ин соҳа хоҳиш намоем, ки эҷодиёти Ш. Солеҳ, яъне пйесаҳои эшон дар шакли китоби алоҳида барои театрҳои касбию халқии кишвар, дастаҳои ҳаваскорони бадеии шаҳру ноҳияҳо нашр бишавад.
Соли 1984 ману Ҷумъахон Сироҷов ва устодон Шодӣ Солеҳ, Амонулло Қодиров, ки бо ҷуфти ҳунарии ҳаҷвнигории Шодӣ ва Ҳодӣ ва Очаи Зика ва Бика дар ҷумҳуриямон хеле зиёд маҳбубият доштанд, хушбахтона, аз номи Тоҷикистон дар конкурси умумииттифоқии артистони ҳаҷви сиёсӣ ва эстрадаи публитсистӣ дар шаҳри Маскав якҷоя иштирок доштем. Дар меҳмонхонаи «Восток» (Шарқ) мезистем. Устодон, ки дастпарварони шаҳри Москва буданд, моро ба тамошои намоишҳои театрӣ ва сайру саёҳати осорхона ва ҷойҳои таърихӣ мебурданд. Аз ин меҳрубонӣ чунон шод шудем, ки 10 рўзи сафар мисли як мижа задан гузашт. Мо, намояндагони Тоҷикистон, аз Маскав бо унвони ғолиб-Лауреати ин конкурси байналмилалӣ ба Ватан баргаштем.
Шодӣ Солеҳ дар ҳақиқат навҷўю навовару тозакор аст. Соли 2016 ҳангоми сарвариам дар Театри ҷавонон назди асосгузорони театр вазифа гузоштам, ки ба пешвози 50-солагии таъсисёбии театр ҳисоботҳои эҷодиашонро ба мухлисону тамошобинон пешкаш бояд намоем.
Аз репертуари нимасраи театр беҳтарин дастовардҳояшонро ба ёд меоварем. Шабҳои эҷодӣ «Бенефис» аз Амонулло Қодиров оғоз ёфт. Баъд навбати Ғолиб Ислому Тағоймурод Розиқов ва Раҷабгул Қосимоваю Гулсара Абдуллоева расид. Чун навбат ба устод Шодӣ Солеҳ расид, арз намуд, ки бо намоиши тозаэҷоду тозатаҳия ҳисобот медиҳад. Ва моҳи январи соли 2017 намоиши «Хазонрез» дар таҳияи Давлат Убайдуллоев бо иҷрои муаллиф дар нақши марказӣ 70-солагии зодрўз ва 50-солагии фаъолияти ҳунариашро бо тантана таҷлил намудем.
Воқеан ҳам эҷодиёти Шодӣ Солеҳ гуногунҷабҳа ва серпаҳлуст. Муҳаққиқони соҳаи театр, санъатшиносон ва дигар ихлосмандони соҳа бояд аз кору пайкор, фаъолияти гуногунпаҳлуи ин устоди ҳунар рисолаю китоб ва мақолаю тақризҳо рўйи чоп оваранд, то ин ки насли имрўз ва оянда аз фаъолияти ҳунарии чунин шахсияти нотакрор бархўрдор гарданд.
Агар фақат нақшҳои офаридаи Ш. Солеҳро дар театр ҷиддитар назар андохта, баҳогузорӣ намоем, ҷилд-ҷилд китобу рисолаҳо мешавад. Дар як мақола, албатта, ҳамаи инро ба хонанда пешниҳод кардан имкон надорад.
Имрўзҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи театрӣ, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи синамогарон Ш. Солеҳ ба синни 75-солагӣ қадам ниҳод. Рафтору кирдораш, ҳунару истеъдодаш пур аз неруст. Мо ҳоло аз ин ҳунарпешаи маҳбубу маъруфи кишвар умеди зиёд дорем. Ва ҳоло, ки корро болои намоишномаи тозаэҷоди «Қумрӣ шишту шоҳин парид» дар коргардонии худаш бо аҳли ҳунари театри маҳбубаш — Театри давлатии ҷавонон шурўъ намудааст, барояш қабл аз ҳама тансиҳатӣ ва баъдан барору комёбиҳои эҷодӣ таманно дорем.
Толибҷон БОБОЕВ,
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон