Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 2 апрели соли 2024
2 апрели соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати ИНТ баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим нахуст нависанда ва шоири маъруфи тоҷик Маҳбуба Неъматзодаро ба муносибати зодрӯзаш шодбош гуфта, ба номбурда нишон ва дипломи барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айниро супурд.
Аъзои Раёсат бо лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа шинос шуда, бо ибрози фикру мулоҳизаҳо онро тасдиқ карданд. Тибқи он масъалаҳои «Даъвати маҷлиси навбатии Садорати ИНТ», «Муайян намудани мавзуи баррасии маҷлиси Садорат ва маърузакунанда» ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба масъалаҳои зикршуда аъзои Раёсат Абдулҳамид Самад, Рустам Ваҳҳобзода, Юнус Юсуфӣ, Камол Насрулло, Абдуллоҳи Раҳнамо, Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон изҳори андеша карданд.
Қарор дода шуд, ки маҷлиси навбатии Садорати ИНТ даҳаи аввали моҳи октябри соли равон ва дар мавзуи «Иттифоқи нависандагон ва адабиёти муосири тоҷик» (ба муносибати 90-солагии ИНТ) баргузор гардад.
Аъзои Раёсат дар робита ба ҳодисаи мудҳиши иқдоми террористии дар ноҳияи Красногорски вилояти Москваи Федератсияи Россия рухдода мулоҳиза ронда, онро сахт маҳкум карданд.
Пас аз баррасии масъалаҳои дигари муҳимми ҳаёти адабии кишвар қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.