Маҳфили илмӣ-адабӣ: «Ӯлмас Ҷамол – пайвандгари ду миллат, ду адабиёт»

 Маҳфили илмӣ-адабӣ: «Ӯлмас  Ҷамол – пайвандгари ду миллат, ду адабиёт»

17 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ӯлмас Ҷамол – пайвандгари ду миллат, ду адабиёт» баргузор гашт. Раиси ИНТ Низом Қосим дар оғози маҳфил гуфт, ки Ӯлмас Ҷамол барои тарғиби назму наср ва очерку публитсистикаи ду миллати ҳамҷавор хидмати зиёд кардааст. Наздики 10 асари саҳнавии адибони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудааст, ки дар театрҳои Ӯзбекистон ҳам рӯйи саҳна омадаанд. Маҳфили имрӯза оғози маҳфилҳои поси хотири Ӯлмас Ҷамол дар вилоятҳои Суғду Хатлон мебошад.

Гардонандаи маҳфил — муовини сардабири рӯзномаи «Халқ овози» Эркин Шукуров, муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон, адиб Сулаймон Эрматов, корманди Маркази тарҷумаи бадеии ИНТ Интизор Умарова, номзади илми таърих Зебуннисо Сатторова, котиби масъули рӯзномаи «Халқ овози» Искандар Маҳмадалиев ва дигарон дар бораи эҷодиёт ва шахсияти Ӯлмас Ҷамол суханронӣ намуданд.

                  Армуғон ба ҷашни шоир

Китоби шеърҳои шоири маъруф Ӯлмас Ҷамол бо забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Ӯзим дунё аро дунё» дар чопхонаи «Ijod Nashr»-и пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд ба табъ расид. Дар маҷмуаи тозанашр навиштаҳои муаллиф дар шакли ғазал, чорпора ва ғайра гирдоварӣ шудаанд. Онҳоро шоир дар замони соҳибистиқлолии кишварамон эҷод намудааст.

Тасвири зебоиҳои табиати диёр, васфи ишқу муҳаббат, тараннуми дӯстӣ қисмати бештари шеърҳои китобро фарогиранд. Аз мутолиаи шеърҳо бармеояд, ки Ӯлмас Ҷамол бисёртар шефтаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ буда, ба чандтои он назира гуфтааст. Шеърҳои ба Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамқаламону дӯстон бахшидаи мавсуф аз самимияту садоқат саршоранд. Як бахши китобро ашъори дар солҳои охири умр эҷодкардаи ӯ дар бар гирифтаанд.

Дигар хабарҳо