Маҳфили алоқамандони адабиёти русӣ

Рӯзи 5-уми марти соли 2025 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили дӯстдорони адабиёти русӣ ба номи Масъуд Муллоҷонов бо ширкати адибону русизабон ва алоқамандони каломи бадеъ барпо гардид.
Маҳфили мазкурро Саид Сангин, сармуҳаррири маҷаллаи “Помир” ифтитоҳ карда, бар аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳо таъкид кард.
– Ин бори дувум аст, ки мо адибони русизабонро ба ҳам меорем. Умедворам, ки ин маҳфил барои дарёфт ва ташвиқи адибони ҷавони русизабон ёрмандӣ мекунад. Аз миёни ашъори тозае, ки дар ин маҳфил қироат мешаванд, хубтарин интихоб ва дар маҷаллаи “Помир” чоп хоҳанд шуд, – гуфт Саид Сангин.
Дар идома адибони русизабон Мансур Суруш, Фарангис Муллоҷонова, Виктория Пешрушкова, Мусаллама Саидова, Елена Копилова, Татяна Исматова ва Марҳабо Зунунова суханронӣ ва намунаи эҷоди худро қироат карданд.
Дар фарҷом қарор шуд, ки минбаъд ширкаткунандагон дар даҳаи аввали ҳар моҳ гирд оянд.