Маҳфили адабии шоираи ширинкалом Баҳринисо

 Маҳфили адабии шоираи ширинкалом Баҳринисо

Дар таърихи 01.03.2023 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабии шоираи ширинкалом Баҳринисо баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, соҳибҷашнро ба ин рӯзи саид – ба синни мубораки 75-солагӣ қадам гузоштанашон табрик таҳният намуд. Устод Гулрухсор, Камол Насрулло, Тамара Абдушукуровна, Абдурафеъ Рабизода, Абдуллоҳи Раҳнамо, Нуқраи Суннатниё, Шарифмурод Исрофилниё дар бораи шахсият ва ашъори Баҳринисо сухан карда, дар бораи вижагиҳои ашъор ва  саҳми ин шоиронаи ширинкалом дар адабиёти муосир ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, донишҷӯёни факултаи филологияи ДМТ ва хонандагони Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ашъори зебои шоира Баҳринисо қироат намуданд. Далер Расулӣ, Убайдулло Хӯҷаёров, Далери Исматулло бо сурудҳои марғуби худ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар охир соҳибҷашн барои баргузории чунин маҳфили бошукӯҳ аз роҳбарияти Иттифоқи нависандагон изҳори сипос намуд.

Дигар хабарҳо