Маҳфиле, ки шеър дар он ҳукми шоҳаншоҳӣ дошт…
Як-ду бардошт аз маҳфили эҷодии устод Муҳаммад Ғоиб
Дар олами вуҷуд барои ҳар инсоне, ки эҳтиром ба худу дигарон дорад, пурқиматтар аз вақт чизи дигаре нест… Ҳамин вақт аст, ки онро умр мегӯем, зиндагӣ меномем ва тулонӣ шуданашро ҳамеша орзу мекунем… Дина хеле наздик ба се соат (аз соати 18 то 20-у 50 дақиқа) умри мову садҳо ҳаводорону мухлисони каломи ҳунарӣ дар маҳфили шеъри устод Муҳаммад Ғоиб гузашт.
Дигаронро намедонам, аммо банда аз сарфи ин вақти пурқимат заррае пушаймон нашудам: ҳар лаҳзааш эҳсосбарангез ва ҷолибу ҷаззоб буд, шоир аз навтарин ашъораш дарак дод, асосан ҳамон шеърҳояшро манзур кард, ки ба қавли худи Муҳаммад Ғоиб, “дар айёми пирӣ ё тирамоҳи зиндагӣ” эҷод шудаанд, дигар ашъорашро овозхонҳои маъруф пешкаши ҳозирин карданд.
Сарояндагон хеле зиёд буданд, ҳисобашонро гум кардам, вале ҳар кадом беҳтарин чакидаҳои қалами шоирро дар ҳолу ҳавои зебои мусиқӣ хонданд… Се соат чӣ навъ гузашт, надонистем… Ва хосияти шеъри асил ҳамин аст, ки ҳам ба ҳушу ёд ва рагу пайванди эҳсоси инсон ва ҳам ба вақти ӯ муддате ҳоким мешавад, ӯро ба ваҷд меорад ва мусофири мулки хотираҳо мегардонад…
Дар ин маҳфил, агар онро хаёлан ба як мулки ҷудогонае ташбеҳ кунем, ҳокими асосӣ шеър буду шоир. Ҳоким дар тахти шоҳаншоҳӣ қарор дошт ва тавассути шеър “ҳукм” мекард: аз муҳаббати Ватан, аз гирудори ҳолоту кайфиятҳое, ки натиҷаи диду дарёфт аз мушоҳидаҳои олами ашёст…
Дар маҳфил асосан ашъори ватанияи устод Муҳаммад Ғоиб садо дод. Масъулини ин маҳфил чаҳорчӯби онро бо ҳамин мавзуъ маҳдуд карда буданд ва номи ин ҷаласаи шеърро низ ба Ватану ватандорӣ пайванд доданд, яъне маҳфили “Меҳри Ватан”. Аммо азбаски шоир дар тахти ҳукумати маҳфил қарор дошт, дар охир тоқат накард ва дар интиҳо чанд шеъри ошиқона ҳам хонд. Маҳфили шеърро наметавон ба як мавзуъ маҳдуд кард, инро онҳое эҳсос карданд, ки ба дунёи эҷодиёт, бавижа корхонаи шеър ошноие доранд.
Дуруст аст, ки қисмати азими кӯлбори шоирии устод Муҳаммад Ғоиб аз ашъори ватанхоҳона иборат аст. Шоир дар маърифати ватан ва эҳсоси наҷиби ватандорӣ садҳо шеър гуфтааст ва бисёр накуву зебо ва, муҳимтар аз ҳама, ҳунармандона. Беҳуда нест, ки охирин маҷмуаи шоир, ки ҳамин дина ба ҳозирин тақдим шуд, “Меҳри Ватан” унвон дошт. Ва устод Муҳаммад Ғоиб, гумонам, хулосаи тамоми ҷаҳду талошҳои фикрӣ ва ҷустуҷӯҳои ҳунариашро дар ин боб, яъне шинохти Ватан дар ҳамин чаҳор мисраъ баён кардааст:
Зи ғамхорӣ ба ғамдорӣ расидам,
Зи бедорӣ ба беморӣ расидам.
Пас аз сад имтиҳони ҷонканиҳо
Ба маънии ватандорӣ расидам…
Ё хулосаи дигар:
Дар ватандорӣ ҳама бояд гузорад саҳми худ,
Кори як кас нест бурдан парчами номусро.
Маҳфил дина гузашт, аммо ин субҳгоҳ ба хаёлам намуд, ки тамоми шаб маҳфили шеър буд. Дар гирудори сесоатаи ин мафҳил ҳама маъниҳои шинос, каломи шинос, афкору мушоҳидаҳои шинос ба зеҳну шуури мо расид ва ҳунари волои Муҳаммад Ғоиб дар ин буд, ки ин ҳама маонии шиносро ба василаи алфози зебо ва ба тарзи нағзу марғуб зоҳир кард. Мурғи илҳомашон ҳамеша дар парвоз бод!
Ҳафиз РАҲМОН