Мағзро бо нур бояд шуст…

Ҷаҳони имрӯз ба буҳрони амиқи амниятӣ ва сиёсӣ гирифтор гардида, хеле аз кишварҳое, ки замони на чандон дур, кишварҳои амн ва ором ба ҳисоб мерафтанд, ба гирдоби ҷангу ноамнӣ гирифтор шуда, иқтисодашон дар остонаи азҳампошӣ ва нобудӣ қарор гирифтааст. Мусаллам аст, ки дар ин ноамниҳо ва бесуботиҳо қудратҳои тавсиаталаб ва ҷаҳонхоҳ даст доранд ва барои пиёда кардани ҳадафҳои шуми худ ба ҳар дасиса ва амале даст мезананд. Ин қудратҳо ва кишварҳо, ки аз онҳо ба унвони “абарқудрат” ном мебаранд, то ин ки битавонанд ҳадафҳои худро пиёда кунанд, гурӯҳҳо ва афродеро аз дохили кишварҳо пайдо карда, бо шиорҳои фиребанда ва ваъдаҳои бардурӯғи “озодӣ” ва “демократия” ҷалб менамоянд ва омили бесуботиву ноамнӣ мегарданд.
Маҳз сиёсисозии дин аст, ки дарро ба рӯйи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) боз мекунад ва боис мешавад, ки ифротгароҳо натанҳо касонеро, ки ба дин ё мазҳабе пайравӣ намекунанд, мавриди хушунат ва инкор қарор бидиҳанд, балки касонеро, ки аз ақидаҳои динӣ ва ё эътиқодии онҳо пайравӣ намекунанд, такфир ва ҳатто маҳкум ба қатл кунанд. Ин раванди даҳшатнок имрӯз бештар шиддат гирифтааст ва мо ҳар рӯз шоҳиди террор ва қатлу куштори афроди бегуноҳ аз ҷониби пайравони чунин ақидаҳои ботил ва ифротгаро ҳастем.
Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои радди суитафоҳум ва бардошти муғризонаи бадхоҳон аз мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ мефармоянд:
“Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд!».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Стратегияи мубориза бо терроризму экстремизм мақомоти дахлдори кишварро ба омода кардани мутахассисоне вазифадор кардаанд, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ-идеологӣ битавонанд таблиғгарони пурзӯри ифротгароӣ ва терроризмро шикаст бидиҳанд.
Ҳоло мо асри 21-ро асри иттилоот меномем, ки барҳақ чунин аст. Ба назар мерасад, имрӯзҳо ҳар гурӯҳе мехоҳад, ки барои ривоҷи афкор ва идеологияи худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет истифода кунад ва маҳз ҷавононро ҳадаф қарор диҳад. Ин амр ҳам собит шудааст, ки гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ ва низомии ифротгаро аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои пиёда кардани аҳдофи бади худ суиистифода мекунанд. Мубаллиғон ва идеологҳои гурӯҳҳои тахрибкор ва ифротгаро бо истифода аз камтаҷрибагӣ ва эҳсоси динии ҷавонони тоҷик онҳоро хеле зуд ба доми худ афканда, бо мағзшӯйӣ онҳоро ба мункирони арзишҳо ва суннатҳои миллии худ табдил медиҳанд. Далелҳое вуҷуд доранд, ки ин ҷавонон на танҳо ҳаммилатон ва арзишҳои миллии худро инкор мекунанд, балки падару модари худро такфир карда, аз онҳо рӯй мегардонанд ва дигар ба ҳарфашон гӯш намедиҳанд.
Албатта, чун мо ин асрро асри иттилоот мегӯем, наметавонем аз воситаҳои электронӣ сарфи назар кунем, балки бояд аз ин восита барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва давлатӣ истифода кунем. Мо бояд дар ҷанги иттилоотӣ дар муқобили гурӯҳҳои ифротӣ ва даҳшатафкан аз интернет ба ваҷҳи аҳсан истифода кунем ва ин фазоро барои корҳои харобиовар ва бунёдбарандози онҳо холӣ нагзорем.
Омилҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро гуногун мебошад. Касоне ҳастанд, ки аз рӯйи эҳсосоти динӣ ва ноогоҳӣ ба доми ин гурӯҳҳо меафтанд, касони дигаре ҳастанд, ки аз рӯйи ниёзҳои иҷтимоӣ ба ваъдаҳои дурӯғи ин гурӯҳҳо бовар карда, гирифтори доми бало мешаванд ва дигар роҳи халосӣ намеёбанд, боз касоне ҳастанд, ки фикр мекунанд, бо шомил шудан ба ин гурӯҳҳо ба ҳамаи хостаҳои равову норавои худ мерасанд. Вале як чиз мусаллам аст, ки оқибати ҳамаи ин афрод якест: бадбахтӣ, сарсонӣ, саргардонӣ, беватанӣ, хориву залилӣ ва бенишониву беватанӣ. Доштани ватани амну ором дар шароите, ки ними дунё гирифтори ҷангу хунрезӣ ва ними мардуми дунё гирифтори фақру дарбадарӣ аст, ғанимат ва неъматест, ки мо бояд ба қадри он бирасем ва ба ҷон посаш бидорем.
Имрӯзҳо зиёда аз чил кишвари дунё дар гирдоби ҷангу хунрезӣ ғӯта мезанад ва сӣ кишвари дунё ё бевосита ва ё бавосита дар ин ҷангҳо иштирок доранд. Ҷавонони мо дигар набояд бозичаи гурӯҳҳои манфиатҷӯйи дохилӣ ва хориҷӣ шаванд, балки бо шинохти неъмати сулҳу субот ва оромиву шукуфоии Тоҷикистони азиз дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи дурахшон гом бардоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико, ки дар таърихи 21 декабри соли 2017 дар Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ҳангоми суханронӣ гуфтанд:
“Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд.
Дар иртибот ба ин, ман борҳо изҳор доштаам ва боз ҳам таъкид карданиам, ки террористу ифротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад”.
Бархурди манофеи қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки ахиран бисёр шадид шудаву ҷанги иттилоотӣ ва лафзии онҳо ба авҷи аъло расидааст, моро водор мекунад, ки нисбат ба амнияту суботи кишвари азизи худ бо камоли масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ муносибат намоем ва нагузорем, ки бузургтарин неъмат-субот ва амният дар кишвари азизи мо барҳам хӯрад.
Мутолиоти бештар дар заминаи ташкили зиёди аҳзоби исломӣ дар ҷомеаҳои мусулмонӣ ба ин натиҷа мерасонад, ки ҳизби исломӣ дар дохили ҷомеаҳои исломӣ натанҳо барои ислом хидмате наметавонад анҷом бидиҳад, балки ба зарари худи ислом аст. Бо дарки ин воқеият тағйироте, ки дар Конститутсияи кишвар барои мамнуъ кардани фаъолияти аҳзоби дорои хусусияти динӣ ба тариқи раъйпурсии мардумӣ ворид карда шуд, айни муддао ва оқилона мебошад. Афроди тамаъкор ва касоне, ки мехоҳанд исломро сиёсӣ кунанд, бо ташкили ҳизбҳои характери динидошта, аз эҳсоси эътиқодии мардуми одӣ суиистифода мекунанд ва онҳоро барои бароварда сохтани ҳадафҳои шуми сиёсиашон қурбонӣ мекунанд. Мутаассифона, мо чунин таҷрибаеро дар таърихи на чандон дури Тоҷикистон дорем. Насли калонсол ва миёнасоли кишвари азизи мо шоҳиди ҳизбсозӣ ва ҳизббозии исломӣ ҳастанд ва ин ҳизбсозиҳо барои мардуми тоҷик паёмади даҳшатбори онро медонанд.
Коршиносон яке аз омилҳои аслӣ ва асосии ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон, пас аз касби Истиқлоли давлатӣ, маҳз сиёсӣ кардан ва ташкили ҳизби исломӣ медонанд. Ташкилкунандагони ҳизби исломӣ бо суиистифода аз эътиқоди поки мардуми одӣ ба онҳо талқин мекарданд, ки ҳар ки вориди ҳизби исломӣ намешавад, ӯ наметавонад мусулмони комил бошад. Ҳамчунин мардуми ноогоҳ, ки нав аз зери султаи ҳокимияти Шӯравӣ берун омада буданд ва аз ҷараёнҳои сиёсии исломӣ огаҳӣ надоштанд, шомил шудан ба ин гурӯҳро роҳи наҷот медонистанд.
Ин нукта як ҳақиқати бебаҳс аст, ки ташкили аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии исломӣ ва ё ба ном исломӣ ба хотири суиистифода аз ислом, як амри сад дар сад хилофи шаръ ва ислом аст. Бо камоли таассуф бояд қайд кард, ки гурӯҳҳо ва созмонҳои зиёде ҳастанд, ки бар чеҳраи худ ниқоби исломӣ мекашанд ва бо номи ислом корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ҷуз зарару зиён ва бадномӣ ба дин манфиате надоранд.
Барои эмин мондани ҷавонон ва наврасон аз хатарҳои ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) ва ҳифзи суботу амнияти кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки 24 декабри соли 2022, №1920 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, мафҳумҳои Ватан, ватандӯстӣ, дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ ва ҳисси шаҳрвандро таъриф ва сиёсати давлатиро дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мушаххас карда, ниҳодҳои дахлдорро барои парвариш ва ба вуҷуд овардани тарбияи ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон муваззаф намудааст.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон, таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҷалби онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, экологӣ ва масъалаҳои дигари давлат, навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он, ташкили механизми илҳомбахш ва ҳамоҳангсози фаъолияти самараноки низоми тарбияи ватандӯстии гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандон дар ҳамаи сатҳҳо, тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тавсеаи субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташкил ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз принсипҳои аслии Қонуни мазкур мебошанд.
Ҷои зикр аст, ки Қонуни мазкур бояд дар муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, принсипҳо ва самтҳои асосии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар асоси муқаррароти он ба хонандагон таълим дода шавад.
Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои аслии ифротӣ шудани ҷавонон ба таври комил огоҳ набудани онҳо аз фарҳанги созанда ва арзишҳои миллӣ аст. Ҷавонон ва наврасони каммутолиа бо ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва гӯш кардани суханони мубаллиғони ифротӣ, ки аксаран, намояндагони ҷиноҳҳо ва танзимҳои сиёсӣ-идеологиянд, нохудогоҳ ба онҳо мегараванд ва пас аз чанде ба доми онҳо гирифтор ва мункири арзишҳо ва суннатҳои миллии тоҷикӣ шуда, дар муқобили ин арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ қарор мегиранд. Борҳо, шоҳиди он будем, ки ин гуна афрод шахсиятҳои бузургӣ фарҳангӣ, миллӣ, шоирон ва гузаштагони худро инкор ва онҳоро такфир кардаанд, ки ин, албатта, нишонаи рӯшани ифротӣ будани онҳост.
Ҳоло лозим медонем навиштаеро аз “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ иқтибос кунем, ки дар он мубоҳот ва ифтихори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз гузаштагони худ дарҷ шудааст:
“Дар таворих чунон мастур аст, ки панҷ ҳазор сол салтанати олам ба габрону муғон (манзур эрониён, яъне тоҷикон аст) дошт ва давлат дар хонадони эшон буд, зеро бо раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд.
Дар хабар аст, ки Худои таоло ба Довуд алайҳи-с-салом ваҳй кард, ки қавми хешро бигӯй, ки подшоҳони Аҷамро бад нагӯянду дашном надиҳанд, ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд, то бандагони ман дар вай зиндагонӣ кунанд.
Қитъа:
Адлу инсоф дон, на куфру на дин,
Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро
Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.”
Назари бузургтарин намояндагони фарҳангу адаби мо дар масъалаи ҳифз ва посдошти арзишҳо ва суннатҳои миллӣ дар ин навиштаи Абдурраҳмони Ҷомӣ возеҳу равшан аст. Пас мо бояд бо пайравӣ аз ин бузургони худ, ки дониши комили диниву дунявӣ доштанд, арзишҳо ва суннатҳои миллии худро ба ҷон пос дорем.
Суҳроби ВАҲҲОБНИЁ,
омӯзгор