МАТЛУБАИ ЁРМИРЗО
МАТЛУБАИ ЁРМИРЗО 22 марти соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.
Соли 1986 ба мактаби миёнаи №17 шаҳри Хуҷанд рафта, то синфи 8-ум таҳсил кардааст.
Соли 1992 муҳассили Литсейи №1 гардида, соли 1996 ба поёнаш расондааст.
Соли 1996 вориди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров шуда, бо дипломи сурх (2001) тамом кардааст.
Аз моҳи ноябри соли 1999 то декабри 2000 дар ҳафтаномаи «Нилуфар» фаъолият доштааст.
Аз моҳи январи соли 2003 дар маҷаллаи «Хуҷанд» (ҳозира «Паёми Суғд») кор мекунад.
Мақолаву ҳикоя ва қиссаҳои ӯ дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла, дар маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат» чоп шудаанд.
Ҳикояҳои «Соати обӣ», қиссаҳои «Шиҳаи аспи сиёҳ», «Бӯи ашк», «Имон» ва «Руҳи ман манзил меҷӯяд» намунаи беҳтарини асарҳои Матлуба ба шумор мераванд.
Силсилаи мақолаҳои «Салом, Ватани азизи ман!» намунае аз осори публитсистии адиба буда, дар нашрияҳои мухталиф интишор ёфтаанд.
Матлуба чун адиби тозакор ва инсони садоқатпеша муҳаббат ба халқу Ватанро парвардаву ишқро меҳвари эҷодиёти хеш қарор додааст.
Асарҳояш хеле ҷолиб, суханаш озоду самимист.
Барандаи Ҷоизаи адабии «Падида» ба номи Фазлиддин Муҳаммадиев, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.