Кошифи рози дунёи кӯдакон
Адабиёти кӯдакону наврасон дар тарбияи бачагону навҷавонон нақши муассир дорад. Бо назму насре, ки барои бачаҳо эҷод гардидааст, метавон зеҳни ононро инкишоф дод. Натанҳо фанни забон ва адабиёт, балки фанҳои дигар, амсоли ҷуғрофиё, риёзӣ ва табиатшиносиро низ метавон бо шеър дар зеҳни кӯдак ҷо намуд. Аз ин рӯ, рушду нумуи адабиёти кӯдак амри зарурист.
Дар замони истиқлол рӯ овардани адибони соҳибқалам ба адабиёти бачаҳо падидаи хубест, хусусан, шоирони маъруфе, ки барои бузургсолон менавиштанду менависанд, ба адабиёти бачагону наврасон руҷуъ карданд. Устодон як силсила китобҳои хубу хондание таълиф карданд, ки ин шохаи адабиётамонро ғанитар намуд. Дар ин миён, аз ҷумла китобҳои устод Бозор Собир – «20 шеърак барои Ардашерак», «Боғи Момаи Ангур», «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша», Гулназар – «Дарёи кӯча», «Гунҷишки наққош», «Девори сабз», Сайидалӣ Маъмур – «Сунбула», «Садбарг», «Шабпаракҳои сафед», Муҳаммад Ғоиб – «Пойгаҳ», «Тути дара», «Ба хона меҳмон омад», Низом Қосим – «Маҳвора дар гаҳвора», «Чӯҷа, ҷӯча ва Хӯҷа»-ро метавон мисол овард.
Шоири маъруф Раҳмат Назрӣ солҳост барои кӯдакон шеърҳои дилнишин дар вазни арӯз менависад. Қаблан ин гуна ашъор аслан бо вазни ҳиҷоӣ суруда мешуд. Устод Раҳмат Назрӣ ба таври пайваста ин корро анҷом медиҳад ва натанҳо худ дар вазни арӯз шеъри бачагона менависад, балки адибони дигарро низ дар ин роҳ ташвиқ ва раҳнамоӣ мекунад. Шоири маъруфи бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ дар як мусоҳибааш мегӯяд: «Ман соли 1991 раиси Шурои адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагон таъйин шудам ва нахустин корам ин буд, ки се китоби аввалини худро ба муҳокимаи аҳли адаб гузоштам. Дар муҳокима аз маъниву маслиҳатҳои хуб бархӯрдор шудам. Шоири халқии Тоҷикистон – Раҳмат Назрӣ, ки он замон раиси Шурои назми Иттифоқи нависандагон буд ва худаш барои бачаҳо ҳам шеърҳои хуби арӯзӣ менавишту менависад, дар миёни таърифу танқидаш пешниҳод кард, ки ман шеърҳоямро ба вазни арӯз нависам. Зеро, ба қавли ӯ, ин шеърҳоро бо андак таҳрир метавон дар ин вазн овард ва барои мисол чанд шеърамро бо андак дигаргунӣ ба вазни арӯз бихонд. Ин пешниҳоду мисол маро хуш омад».
Шеърҳои бачагонаи Раҳмат Назрӣ мисли ашъоре, ки барои бузургсолон навиштааст, ҷолибу хонданиянд. Дар шеъри ӯ сохтакорӣ дида намешавад, ҳарчи менависад, самимист. Дар навиштаҳои ӯ бозёфтҳои шоиронаро зиёд дучор мегардем. Аз олами атроф бо нигоҳи шоирона чизҳои ҷолибро пайдо мекунад ва дар шеър мавриди истифода қарор медиҳад. Воқеаҳое, ки дар гирду атроф рӯй медиҳанд, аз нигоҳи ӯ пинҳон намемонанд. Ба иборати дигар, Раҳмат Назрӣ шикорчии лаҳзаҳост.
Масалан, шеъри «Тасбеҳи бобо»:
…Тасбеҳи бобом
амели марҷон.
Гум кард онро
Аз гӯшаи хон.
Тасбеҳи худро
Ӯ кофт бисёр
Аз кунҷи хона,
Аз мехи девор.
Аммо надид ӯ
Дар рӯзи равшан
Тасбеҳи худро
Дар гардани ман.
Ба ин шеър таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки Раҳмат Назрӣ ин лаҳзаро моҳирона сайд кардааст. Воқеа ва ҳолатҳое, ки ба назар хурду реза менамоянд ва ба онҳо диққати зиёд карда намешавад, ӯ бо нигоҳи шоирона ба риштаи тасвир мекашад ва аз онҳо шеърҳои зебо меофарад. Чунон ки дар шеъри боло мушоҳида мекунем, шоир набераро тасвир мекунад, ки тасбеҳи боборо ба гардан овехтааст. Ин лаҳзаро ҳамаи мо зиёд мушоҳида кардаем, аммо шоир аст, ки нозукона инро ба мушоҳида мегирад ва дар шеър ҷорӣ мекунад. Ба ибораи дигар, шеърҳои ин китоб бофтаву сохта не, балки воқеъбинона эҷод шудаанд. Ин гуна ашъор ба насли наврас бештар таъсир доранд, зеро онҳо ҳамарӯза ин ҳолатро мушоҳида менамоянд. Устод Боқӣ Раҳимзода дар шеъри Раҳмат Назрӣ инро хуб ба мушоҳида гирифта, гуфтааст: «…ҳар шеъраш моро ба даруни воқеа мебарад ё ба воқеа ишораи шоирона мекунад”. Ин хусусиятро натанҳо дар шеъри барои бузургсолон эҷодкардаи Раҳмат Назрӣ, балки дар ашъори ба кӯдакону наврасон иншошуда низ дидан мумкин аст».
Ин вижагӣ дар шеъри «Лабтанбӯр» низ ба назар мерасад:
Марҷон дафи худро надод,
То бо дафи ӯ даф занам.
То кай тамошояш кунам?
То кай барояш каф занам?
Фарзон найи худро надод,
То бо найи вай най кашам.
Оҳе аз ин, оҳе аз он
То кай кашам? То кай кашам?
Ангуштаке бар лаб задам,
Лабҳои ман танбӯр шуд.
Бо сози лабтанбӯри ман
Охир дафу най ҷӯр шуд.
Ин шеър низ мисли шеъри қаблӣ дар заминаи мушоҳидаҳои айнӣ офарида шудааст.
Ӯ аккосест, ки як лаҳзаро ба шеър ҷорӣ намуда, ба он умри ҷовидона мебахшад. Ба назари мо, шеъри кӯдак бояд чунин бошад. Ин гуна шеърҳо беҳтару зудтар ба зеҳни онҳо менишинад, зеро мазмун ва тасвир ба зеҳнашон ошност.
Нуктаи дигаре, ки қобили таваҷҷуҳ аст, номи қаҳрамонҳост. Барои зудтар ҳазм шудан ва дилнишинтар гардидан, шоир аз номҳои зебои имрӯзӣ истифода намудааст. Илова бар ин, номҳои ҳамқофияро интихоб намудааст, ки ҳусни дигаре ба шеър зам мекунад. Агар номи яке аз ин қаҳрамонҳоро иваз кунем, ҳусни шеър мекоҳад. Шоир ба шеър низ номи муносиб ва зебо – “Лабтанбӯр” ниҳодааст.
Яке аз шеърҳои дигари ин маҷмуаи “Кӣ калон?” унвон дорад:
Дар фикр бандам
Аз субҳ то шом:
Нинӣ калон аст
Ё ин ки бобом?
Зеро бубинед,
Нинии хандон
Монанди бобом
Дорад ду дандон!
Агар ба дидаи таҳқиқ назар кунем, мебинем, ки шеъри «Кӣ калон?” зеботарин шеъри бачагонаи Раҳмат Назрӣ аст. Дар маҷмуаи “Ширангубин”, ки дорои 37 шеър аст, “Ширинкома”, ки мукаммалтарин ба ҳисоб рафта, 45 шеърро фаро мегирад, ҳеч шеъреро наметавон пайдо намуд, ки ба андозаи шеъри “Кӣ калон?” зебову дилнишин бошад. Ин шеър ҳосили як мушоҳидаи шоирона буда, лутфи зебое дорад. Ӯ ваҷҳи ташбеҳро хуб дарёфтааст. Монандии бобо, ки дандонҳояш рехтааст, ба кӯдаке, ки ду дандон дорад, воқеан ҷолиб аст.
Ҳақ ба ҷониби шоири маъруфи мо Камол Насруллост, ки гуфтааст: “Раҳмат Назрӣ ба зиндагӣ ва ба ҳодисот бо назари тоза, назари хоси худ менигарад ва аксар он чиро мебинад, ки дигарон намебинанд”.
Адабиёти кӯдакону наврасон имрӯз як рисолати дигареро низ бар дӯш дорад, ки тавассути назм баён намудани матлабҳои омӯзишӣ мебошад. Ба ин мисол диққат кунед:
Пурсидам аз Лавандак:
– Як қандак аз ду қандак
Ба ман бубахшӣ агар,
Чандаш бимонад дигар?
Гуфто ба нӯшхандак:
– Мемонадам ду қандак!
Гуфтам: – Биандеш соз,
То накунӣ хато боз.
Аз ду бо як тарҳи ту
Монад чаро боз ду?
Гуфто ба мушхандак:
– Қандак набошад андак!
Набахшамат аз он ҳеҷ,
Сари маро макун гиҷ!
Шоир бо ин шеър хостааст ҷамъу тарҳи риёзиро бо мисолҳои зиндаву мушаххас ба насли наврас омӯзонад. Ӯ аз Лавандак мепурсад, ки агар аз ду қанди худ ду то ба ман бубахшӣ, чанд мемонад? Вале чун ӯ қандашро додан намехоҳад, мегӯяд чун намедиҳам, ҳамон дуто боқӣ хоҳад монд. Илова бар лутфи шоирона, шоир кӯшидааст ҷамъу тарҳи риёзиро ба сурати дигаргуна ба зеҳни кӯдакон нишонад.
Унсури дигаре, ки дар шеъри кӯдаконаи шоир мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифт, забони шеърҳост. Раҳмат Назрӣ шоирест, ки ба забон бархӯрди огоҳона дорад. Ӯ бо адабиёти классикӣ ва имрӯз хуб ошност ва назокатҳои забони имрӯзро хеле хуб медонад. Яке аз вижагиҳои шеъри Раҳмат Назрӣ, ҳам шеъри барои бузургсолон ва ҳам барои насли наврас эҷоднамудааш забони онҳост. Аз забони зиндаи имрӯз дар шеъраш огоҳона истифода мебарад. Ба ин шеър таваҷҷуҳ кунед:
Сӯзанак дар моҳи Ҷавзак
Мепарад рӯ-рӯйи ҳавзак.
Сояи ӯ оббозӣ
Мекунад дар оби савзак.
Боли рангинаш ду ҷуфт аст,
Дар ҳаво гул-гул шукуфтаст.
Як ҳавопаймош ҳар кас
Гуфта бошад, рост гуфтаст…
Шоир дар ин шеър “ҳавзак”-ро бо “савзак” қофия намудааст, ки воқеан зебост. Калимаи “сабзак” дар байни мардум ба гунаи “савзак” зиёд корбаст шудааст. Ин ҷо Раҳмат Назрӣ аз гунаи мардумияш истифода намудааст, чун ифодаҳои мардумӣ ба дили мухотабон таъсири бештаре доранд. Ӯ ривояту гуфторҳои мардумиро моҳирона истифода мекунад. Дар шеърҳои дигараш калимаҳои «нағзбинӣ», «гӯлак», «чағз», «ҳарҷодавак», «пинҳоншавак» ва монанди инҳоро бо судҷӯӣ аз гуфтори мардумӣ ҳунармандона ба кор бурдааст. Ҳунари шоирии устод Раҳмат Назрӣ дар эҷоди шеър барои кӯдакон ва наврасон чандпаҳлу ва доманфарох буда, дар ҳар навиштааш ба таври возеҳ аён аст. Мутаассифона, ҳанӯз бисёр ҷанбаҳои чунин ашъори ӯ ба таври бояду шояд нақду баррасӣ нагардидаанд. Умед мебандем, ки муҳаққиқону адабиётшиносон ба ашъори бачагонаи ин шоири тавоно баҳои сазовор медиҳанд.
Насимбек ҚУРБОНЗОДА, “АС”