Корвони Наврӯз — ёдгоре аз ҷашни бузург

 Корвони Наврӯз — ёдгоре аз ҷашни бузург

Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи суннат ва падидаҳои фарҳанги қадимаи ниёгон ба яке аз масоили меҳварии сиёсати давлат табдил ёфта, дар дарозои бештар аз 32 соли мавҷудияти давлати навини миллии тоҷикон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри таҳқиқ, нашр ва таблиғи мероси адабиву таърихӣ, фарҳангиву маънавии гуза­штагон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир барои дубора зинда намудани яке аз суннатҳои бузурги Наврӯзи Аҷам – Корвони наврӯзӣ низ иқдомоти шоистае аз сар гирифта мешавад, ки аз ҷумлаи аркони аслии Наврӯзи бузурги гузашта­гони мо маҳсуб мегардад.

Мутобиқ бар таъкиди сарчашмаҳо Корвони Наврӯз дар оғози соли нав, ки ба таъбири “даромадани сол ё солда­роён” ва дар миёни дигар ҳамзабонон бо номи “таҳвили соли нав” маъруф аст, ба шакли нисбатан мухтасар ҷараён пайдо карда, танҳо дар рӯзи таҷлили Наврӯзи бузург ба Корвони бузурги Наврӯз таб­дил ёфта, ба сурати як намоиши фаро­гири доираи васеи мардумон аз қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷараён мегирифтааст. Қабл аз он ки ин ҷашнвораи муҳташам бо Корвони бузурги наврӯзии мардум доир шавад, чанд рӯз қабл аз даромада­ни Наврӯз оине бо номи “Наврӯзхонон” барпо мешуд. Гурӯҳе аз мардум, ки аслан худ аҳли мусиқӣ буда, сурудҳои наврӯзиро аз бар медонистанд ба та­моми шаҳр, маҳалла ба маҳалла, хона ба хона зери танини мусиқӣ бо иҷрои ин сурудҳо ба мардум паёми омадани На­врӯзро мерасонданд. Дар посухи ирсоли ин паёмҳои шодиовар мардумон барои эшон шириниву меваҷот, нону кулчаҳои ширӣ, тухми мурғ, гандум ва ҳар чи дош­танд, пешкаш менамуданд. Дар сурати аз ҷониби нафароне ҷудогона чизе бар ивази ин паёми шодмониву нишоти наврӯзӣ нарасидан, ин гурӯҳ онҳоро ба масхара кашида, дар ҳаққашон сурудҳои ҳаҷвӣ месароиданд ва ба ин шева низ навъе худ ва мардумро шод медоштанд. Ин расми вижаи маъруф ба наврӯзхонӣ имрӯз асосан дар миёни мардуми мо ба сурати “Бойчечак” ҷараён дорад, ки аслу моҳияти он ба ҳамин оини наврӯзхонӣ пайванд мегирад. Ҳарчанд бойчечак маросиме дар паёмоварии ҳузури баҳор ба шумор меояд, аммо муҳтаво ва моҳияти он сарчашма аз ҳамин рас­ми деринаи ниёкон гирифтааст. Аммо Корвони Наврӯз, тавре таъкид гардид, дар рӯзи шашуми Фарвардин, ки Хур­додрӯз унвон дошта, сурат мегирифта. Ниёкони мо чунин мепиндоштанд, ки аксари ҳаводис ва иттифоқоти матлуб ва муборак дар сарнавишти мардумони ориётабор маҳз дар ҳамин рӯз ба вуқуъ пайвастааст. Ба ибораи дигар, рӯйдоди муҳимми таърихӣ ва сарнавиштсоз маҳз дар ҳамин рӯз ба вуқуъ пайвастааст ва бори нахуст маҳз дар Хурдодрӯз ҳафт­даҳ ҷашну оини миллии куҳан баргузор шудааст. Ҳамин нукот тақаддуси ин рӯзро бозгӯӣ намуда, сабаби аслии доир шудани Наврӯзи Бузургро, ки Корвон ҷузве аз он ба шумор меояд, тавзеҳ ме­диҳад. Аз ҷумла, ин рӯзро ба фариштаи об нисбат медиҳанд, чун худ Хурдод дар фарҳанги куҳан ҳамчун фариштаи муваккили обҳо эътироф гардидааст. Дар канори ин, ба навиштаи Абурайҳони Берунӣ, шашумин рӯзи Наврӯз фурсати тақсими саодат ба тамоми сокинони ку­раи Замин дониста мешавад. Ба ҳамин хотир онро рӯзи саодат ва умед ном ниҳодаанд. Дар пайванд ба эълони ин рӯз ҳамчун рӯзи умед мардумон дар гу­зашта канори ҳамдигар ҷамъ омада, бо таҷаммуи хосса, ҳаракатҳои мухталиф, иҷрои расму оинҳо дар наврӯзгоҳҳо, бар­гузор намудани корвон, ки аз вижагиҳои хоссае бархурдор аст, Наврӯзи бузургро таҷлил менамуданд, то аз тақсимоти саодат баробар баҳравар шаванд. Умари Хайём дар робита ба ҳамин рӯз фармудааст: “Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ бипайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хурра­мӣ гузаронад”. Дар миёни осори куҳани паҳлавӣ ҳам рисолаи кӯчаке бо номи «Моҳи фарвардин, рӯзи Хурдод» боқӣ монда, ки аслу моҳият ва фазоили ин рӯз ва сабаби имтиёзи онро бар рӯзҳои дигар дар 47 банд тавзеҳ медиҳад. Ба ибораи дигар, ин рисола хуҷастагиҳои рӯзи шашуми Фарвардинро, ки дар аҳди қадим Рӯзи Хурдод унвон дошт, шарҳ дода, ҳамзамон иттифоқоти наҷиберо, ки то поёни ҷаҳон дар ин рӯз ба вуқуъ хоҳанд омад, бозгӯӣ мекунад. Дар асари дигари қадимаи паҳлавӣ “Бундаҳишн” рӯзи баргузории Наврӯзи бузург ҳамчун рӯзи Некуӣ ё фуруд омадани некӣ ба рӯи Замин чунин маънидод шудааст: “Агар дар сол некӯ шояд зистан, ба сабаби Хурдод аст.Чунин гӯянд, ки “Ҳамаи некӣ чун аз абаргарон (сарнавиштсозон) ба гетӣ ояд, он ба Хурдодрӯз, ки Наврӯз аст, ояд. Бошад ки гӯяд, ки: “Ҳама рӯз ояд, аммо он рӯз беш ояд. Пайдост, ки агар дар он рӯз бар тан ҷомае неку бидо­ранд ва бӯи хуш бӯянд ва мурвой (фол) нек кунанд ва нишастан аз ҷои реман (палид) ва аз мардуми бад дур буванд ва обҳоро беҳтар кунанд… он сол некуӣ бад эшон беш расад ва бадӣ аз эшон дур созад.” Пас, аз ин ишороти “Бундаҳишн» равшан мешавад, ки баробари рӯзи са­одат ва хуррамиву умед будан, шашум рӯз аз Наврӯз, яъне фурсати баргузории Наврӯзи бузург рӯзи аз ҳама бештар фуруд омадани некӣ ва талқини афзуни мардум ба некукориву некгуфторӣ ва ҳамнишинӣ бо некону парҳез аз ҳузур дар перомуни бадон будааст.

Ҳамин тавр, яке аз муҳимтарин оми­ли баргузории Корвони Наврӯзӣ гиромӣ доштани ин рӯз ба хотири иттифоқи 72 рӯйдоди муҳимми сарнавиштсози гуза­штагони мо дар аҳди бостон аст, ки боис ба зуҳури ҳабдаҳ ҷашну оини бузурги миллӣ гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯзи таҷлили Наврӯзи бузург баробар ба иҷрои барномаву намоишномаҳо бево­сита ҳамин ҳабдаҳ расму оини қадима баргузор мешуда, ки таркиби аслии Корвони Наврӯзро ба вуҷуд овардаанд. Мардумон аз субҳи содиқ ба таҷлили Наврӯзи бузург шуруъ карда, оинҳои наврӯзиро аз маросими шаккар чашидан ё шаккар чашонидан оғоз менамуданд. Абурайҳони Берунӣ дар тафсири ин оини оғозгари ҷашни Наврӯзи бузург, ки сароғози Корвон ҳам будааст, чунин навишта: “Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз, пеш аз он ки сухан гӯяд, шаккар бича­шад ва тани худро ба равғани зайтун чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд”. Ба ин тар­тиб, маросими рӯзи Наврӯзи бузург бо ширинӣ додан ё шаккар чашонидан ба умеди баҳравар гардидани аз ҷараёни тақсимоти саодати башарӣ оғоз меёфт, ки бешак ин оин дар ҳузури ҳамдигарии мардум дар майдонҳои Наврӯзгоҳ сурат мегирифт. Батадриҷ афроди мухталиф ба доир шудани маросиму оинҳои мух­талиф иқдом менамуданд, ки моҳиятан таркиби Корвон, бидуни он ки худи мар­дум хоста бошанд, мукаммал мегардид. Ҳар яке аз ин ҳабдаҳ маросим аз сӯи гурӯҳҳои муайян ба намоиш гузошта мешуд. Дар навбати аввал, баробар ба оини шаккарафшонӣ ё шаккарчашонӣ расми обпошӣ ҳам шуруъ мегардид. Мутобиқ ба андешаҳои ниёгони мо, оини мазкур ба хотири рӯзи фариштаи об, яъне номи шашумин рӯзи Наврӯз – Хурдодрӯз ва тоза кардани гарду ғубори аз фасли зимистон боқимонда аз сар гирифта мешуд. Дар барпоии ин оин низ гурӯҳе аз мардум дар Наврӯз­гоҳ машғул гардида, ҷараёни идомаи онро таъмин менамуданд. Аз дигар маросими муҳим, ки барои зуҳури Корвони Наврӯзӣ асос гардидааст, идӣ додан маҳсуб мешавад.

Ҳарчанд дар эҷоди таркиби аслии Корвон таҷлили ҳабдаҳ ҷашн ё маросим дар як рӯз боис омадаанд, аммо идӣ додан асоситарин ваҷҳи таъминкунан­даи аслу моҳияти Корвони Наврӯзӣ ба шумор меояд. Иштирокдорони Корвони Наврӯз ба хотири идӣ додан ба тамоми мардум дар зарфҳои мухталифи хурду бузурги таҳияшуда аз шохаҳои дарах­тони гуногун, мисли сабадҳо, каҷоваҳо анвои меваҳои хушку тар, гандум, дигар намуди хӯрданиҳоро гузошта, дар хиё­бонҳо сайр мекарданд. Ба ҳар хонае, ки наздик меомаданд, аз ин меваҷот ва хӯрданиҳо ба унвони идӣ ба соҳибони он тақдим карда, аз ин роҳ баробари анҷоми як оини наврӯзӣ иқдоми хайрро пеш мегирифтанд. Ин рафтори аҳсан низ пайванд бар он доштааст, ки Ху­дованд дар ин рӯзи тақсимоти саодати башарӣ ва некиву умедҳои нишотовар эшонро низ бебаҳра нагузорад ё бар ивази идиҳои дода ё амали эҳсонварзӣ барояшон хушбахтиҳои инсониро насиб гардонад. Дар тамоми маҷрои ҳаракати Корвон, ки зери садои мусиқиҳои хоси наврӯзӣ, иҷрои намоишҳои мухталиф ҷараён мегирифт, аксари оинҳои дига­ри марбут ба Наврӯз иҷро мешуданд. Албатта, Наврӯз аз оғоз бо мусиқӣ ва шодиву нишот пайванди амиқ доштааст, то мардум дар аввалин рӯзҳои ҳузури соли нав пайваста дар хуррамӣ ва фараҳмандӣ бошанд. Таронаҳои хосаи наврӯзӣ низ аз қадим дар фарҳанги куҳани мо ҷой дошта, ки онро ромиш­гарону навозандагон, аҳли мусиқӣ иҷро менамуданд. Чунин таронаҳои махсуси наврӯзиро ғолибан афроди маъруф ба “наврӯзхонон” месароиданд. Рисолати онон қабл аз ворид шудани ин ҷашни миллӣ дар кӯчаву хиёбон тавассути су­рудани он чакомаҳо омадани Наврӯзро башорат додан ба шумор мерафт. Дар рӯзи Наврӯзи бузург низ наврӯзхонон пешопеши Корвон бо иҷрои таронаҳои хоссаи наврӯзӣ паёми ҳузури баҳорро ба мардум мерасониданд. Чун аҳолӣ бо шунидани садои наврӯзхонон аз хонаҳо бадар мешуданд, корвониён, хосса аф­роди сарватманду хайрандеш ба эшон идиҳои наврӯзӣ медоданд. Мардум низ бо гирифтани идиҳо ба Корвон мепайва­станд. Корвони Наврӯзӣ батадриҷ бузург мегардид. ва одамон бо орзуи баробар ва дар канори ҳамдигар нияти баҳравар шудан аз тақсимоти саодати башарӣ ма­росими мазкурро то интиҳои рӯз тавсеа бахшида, ба сурате муҳташамтар давом медоданд. Оини сурудхонии наврӯзӣ бо шева ва суннатҳои хос дар саросари кишвар боқӣ мондааст ва қисмате аз онҳо ҳанӯз иҷро мешаванд.

Дар қисмати пеши Корвон ҳамроҳи наврӯзхонон Мири Наврӯзӣ ҳам бо ше­ваи хоссае ҳаракат мекард, ки маросими маъруф ба «Кӯсаи барнишин»-ро иҷро менамуд. Тартиби доир шудани ин ма­росим он гуна буда, ки аз миёни мардум нафаре барои иҷрои ин нақш баргузида мешуд, ки дар зери манаҳи худ чанд тор мӯй ба унвони риш дорад. Ин намоиш то андозае ҷанбаи ҳаҷвӣ дошта, баҳри шодиву нишот сурат мегирифт. Мири Наврӯзӣ аслан рамзи ҳиҷрати зимистон ба шумор меравад, ки аҳолӣ бо хандаву тамасхур ба ҷониби вай менигаранд, ки аз тарси баҳору Наврӯз рӯ ба гурез ниҳо­да истодааст, яъне салтанати зимистон акнун ба интиҳо расидаву ӯ по дар рикоб ниҳодааст. Тибқи ривоёт, Мири Наврӯзӣ ба як даст зоғ ва ба дасти дигар бодзан мегирад ва пайваста худро бод дода, баробар ба дигарон ашъоре месарояд, ки мазмуни хайрбодӣ бо зимистон ва сарморо доранд. Аз ин рӯ, Мири Наврӯзӣ чун як симои музҳик ба назари мардум менамуд, ки аз дидани он тамоми шир­каткунандагон ва тамошобинон, хосса кӯдакон шодмонӣ намуда, бо шеваи худ ӯро тамасхур мекарданд. Ҳатто аз рӯи анъана Мири Наврӯзӣ ба тарафи мар­дум мерафт, то бар ивази хондаҳояш чизе бо худ бигирад. Ӯро, тибқи оинҳои Наврӯзӣ, сарзаниш мекарданд ва нидо дармедоданд, ки «эй намоди зимистон ва сармо, зуд аз пеши мо бирав, ки аз дасти ту ба дод омадаем». Ҳамин гуна, дар таркиби Корвони Наврӯз бо ҳаракати ин гурӯҳи ҳунармандон намоишномаҳои шодиофарини Наврӯзӣ низ сурат меги­рифт ва Мири Наврӯзиро афроди дигаре мисли ӯ ба сурати масхарабозони дар ниқобҳои мухталиф даромада, ҳунар­мандони дигар бахшҳо ҳамроҳӣ мена­муданд. Вобаста ба ин, тахмин намудан мумкин аст, ки миёни Мири Наврӯзӣ ва Бобои барфӣ пайванде мавҷуд аст ва эҳтимол дорад, ки зуҳури Бобои барфӣ дар маросими табдили соли милодӣ чун чеҳраи асосӣ то ҷое бояд сарчашма дар ин оини куҳани аҷдодии мо дошта бошад, ки, албатта, ин мавзуъ таҳқиқи ҷудогонаро хостор аст.

Зимнан, дар рӯзи Наврӯзи бузург оростани хони наврӯзии мураттаб аз ҳафт сину ҳафт шин, пухтани суманак ва анвои ғизоҳои дигар, ки бештар аз гиёҳону рустаниҳо, меваҷот ва маҷмуан аносири табиӣ таркиб ёфтаанд, расм шуда буд. Ҳамин шеваи таҷлили ин ҷашни бузург имрӯз низ тавассути чунин маросим асолати худро ҳифз намуда­аст. Муҳимтар аз ҳама, аслу бунмояи Наврӯзи бузургро мо бо беҳтарин ваҷҳ дар таҷлили ин ҷашни шукӯҳманд дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ҳамасо­ла ба мушоҳида мегирем, ки воқеан аз асолатшиносӣ ва дараҷаи баланди худогоҳии мардуми тоҷик чун меросба­рони асили фарҳанги Наврӯз башорат медиҳад. Боварии комил дорем, ки бо эҳё шудани Корвони Наврӯз ба сурати навин ва таркиб ёфтани он аз омезаҳои фарҳанги куҳан ва ҷадиди миллии мо ин падидаи нодир метавонад дар амри зинда гардидани беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузург ва ҳамзамон таҳкими ваҳдати миллии мардумони кишвар ва маҷмуан, тамоми аҳолии мамлакатҳои ҳавзаи Наврӯз нақше босазо гузошта, моро чун меросбарони ин ҷашни шукӯҳ­манди ҷаҳонӣ ба тамоми оламиён дигарбора муаррифӣ менамояд.

Нуралӣ Нурзод,

профессор

Дигар хабарҳо