Классикаи миллӣ дар театри тоҷик
Классикаи миллӣ дар драматургия ва театри тоҷик боиси ба вуҷуд омадани асарҳои барҷастаи саҳнавӣ гардида, барои ғановати анъанаҳои миллӣ, ташаккули поэтика ва эстетикаи он мусоидат намуд, ки ин сахифаи дурахшоне дар таърихи театр мебошад.
Дар беҳтарин асарҳои классикаи миллӣ рамзҳои фалсафӣ ба театр имконияти мукаммали тадқиқи амиқи воқеиятро пешниҳод намуда бо гузориши масъалаҳои умумибашарӣ ҷолиби диққат мебошанд.
Яке аз муаллифоне, ки дар боби дар саҳна муҷассам намудани осори классикӣ таҷрибаи эҷодии назаррасро соҳиб аст, Ҳунарпешаи Мардумии Тоҷикистон, таҳиягари шинохта Шамсӣ Қиёмов мебошад, ки дар қатори офаринишини асарҳои жанри мазҳака бо таҳияи осори классикӣ маъруф аст.
«Таҷрибаи эҷодие, ки Шамсӣ Қиёмов зимни таҳияи намоишномаи «Бежан ва Манижа» (аз рӯйи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба даст овард, ҳангоми тафсири саҳнавии намоишномаи «Ҷавонии Абуалӣ ибни Сино» (1980) чун мактаби эҷодӣ хизмат кард».
Яке аз намоишномаҳои беҳтарине, ки бозёфтҳои бадеии театрро дар боби таҷассуми саҳнавии осори классикӣ муҷассам месозад, «Бежан ва Манижа» (1970) мебошад. Ин асар ба қалами драматурги озарӣ Ҳамза Фатҳӣ Хушкнобӣ мутааллиқ буда, дар саҳнаи театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ аз тарафи Шамсӣ Қиёмов таҳия гардидааст.
Муаллифи драма Ҳамза Фатҳӣ Хушкнобӣ сужети маълум ва машҳури достони «Шоҳнома»-ро ба таври муқаррарӣ ба забони драма табдил насохтааст, балки дар асари худ бо назари тоза симои қаҳрамонони асосиро муҷассам намудааст. Тавассути идроки моҳияти амалиёт дар драма ва василаҳои тасвири бадеӣ осори классикӣ ба забони жанри нави адабӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки ин яке аз бозёфтҳои муаллиф мебошад.
Ғояи асосии драма инсондӯстӣ, садоқат, муҳаббат, Ғалабаи ақлу хирад бар ҷаҳолат сулҳу осоиши башарист, ки имрӯз низ моҳияти хешро гум накардааст.
Оҳанги шоиронаи намоишнома қабл аз ҳама дар образи қаҳрамони асосӣ Бежан ифодаи худро ёфтааст, ки он аз тарафи ҳунарпешаи маъруф Маҳмуд Воҳидов тафсири романтикӣ касб намудааст. Воқеан, ҷанбаи романтикӣ ва тасвири мукаммали олами маънавии қаҳрамонон дар достон низ таъсирбахш аст. Муколама ва руҷӯи ботинии образҳо дар тасвири Фирдавсӣ намунаи барҷастаи шеърияти олист, ки маҳз он заминаи асосии образофарии драматург Ҳамза Фатҳӣ Хушкнобӣ, таҳиягар Ш. Қиёмов ва офарандаи нақши асосӣ Маҳмуд Воҳидов аст. Ба ин тасвирҳои Фирдавсӣ таваҷҷӯҳ месозем:
Магар чеҳраи духти Афросиёб
Намояд маро бахти Фаррух ба хоб.
Ҳаме бинам ин дашти ороста,
Чу бутхонаи чин пур аз хоста.
Агар некроӣ кунӣ, тоҷи зар
Туро бахшаму гӯшвору қамар.
Маро сӯи он хубчеҳр оварӣ,
Дилам бо ман – агар ба меҳр оварӣ.
Дар тафсири образи Бежани Маҳмуд Воҳидов ҷанбаи романтикӣ бо шиддату эҳтирос ва ҷӯшу хурӯш хусусияти қаҳрамонӣ касб намудааст. Бежан – М. Воҳидов ҷавони қоматбаланду ҷасур ва ҷозиб аст, ки овози хушоҳангаш ба офариниши ӯ дурахш ато месозад. Ҷӯшу хурӯш, ҳассосият ва ҳаракатҳои зарифе, ки ба қаҳрамони Воҳидов хос аст, дар саҳнаи якум ва базмгоҳи Манижа ифода мешавад.
Бежан – М. Воҳидов аз саодати хеш меболад, гӯё аз ӯ хушбахттар касе дар рӯйи замин нест. Дили Бежанро зебоии духтари зебои Афросиёб – Манижа тасхир намудааст. Шеърияти драма, ки аз назми олии Фирдавсӣ бармеояд, маҳз дар ин саҳна муҷассам мешавад. Барои қаҳрамони Воҳидов мафҳуми ишқ аз Ватан ҷудо нест. Аз ин рӯ, таклифи Афросиёб роҷеъ ба лашкар кашидан ва танҳо бо ҳамин васила ба мақсад расидан боиси ҳам нафрат, ҳам маҳзунӣ ва ҷасорату қатъияти қаҳрамони М. Воҳидов мегардад, ки таҷассуми он боиси амиқӣ ва таъсири образ гардидааст.
Дар достони «Бежан ва Манижа» образи Афросиёб таҷассуми харобкорӣ ва бедодгарист, ки бо тамоми хислатҳои манфур ҳамчун тимсоли бадӣ тасвир мешавад. Дар драма низ муаллиф ин ҷанбаҳои образро нигоҳ дошта, симои Афросиёбро ҳамчун яке аз образҳои асосии асар, ки задухӯрду конфликти драмаро баррасӣ менамояд, падид меоварад.
Дар офариниши образи саҳнавии Афросиёб ҳунарпешагони соҳибистеъдод Аслӣ Бурҳонов ва Ҳошим Гадоев ҳар яке бо тафсири фардӣ кӯшиш намудаанд, ки симои ин шахси разил ва то андозае хавфокро муҷассам созанд. А. Бурҳонов ба ҷанбаи психологии образ, ҳамчунин тасвири назарраси зоҳирӣ таваҷҷӯҳ намудааст, ки ин ҷиҳат боиси амиқтар зоҳир шудани хислатҳои зишти қаҳрамон мегардад. Ба ин маънӣ, «Бурҳонов грим, пластика ва овозро ба офариниши ниқоби саҳнавӣ мувофиқ сохтааст. Онро метавон ниқоби шарқӣ намуд, зеро услубҳои театри анъанавии Хитой ва Ҷопонро ба хотир меорад. Бешубҳа, анъанаи боз ҳам назаррас – санъати халқии миллии тоҷик аст.
Таҷассуми саҳнавии образи Афросиёб аз тарафи Ҳошим Гадоев бо омезиши ҷанбаи эпикӣ ва драматикӣ фарқ мекунад. Қаҳрамони Гадоев дар баробари золимию беадолатӣ, шахси тарсончаку нотавон аст. Ҳунарпеша дар саҳнаҳои таъсирбахш фоҷиаи шахси мансабпарастеро нишон медиҳад, ки ҳамеша барои нигаҳ доштани тахти шоҳӣ дар тарсу ваҳм зиндагӣ менамояд. Масалан, ҳангоме ки ӯ духтараш Манижаро аз қасри хеш меронад, дар симои ӯ на шахси муқтадир, балки, оҷизе муҷассам мешавад, ки бо фарёдҳои ҷонхарош ашк мерезад.
Дар ҳунарнамоии актёр элементҳои эпос, ки хусусияти муҳташамиро дорост, бо нишонаҳои драматикӣ ба таври ҷолиб омезиш ёфтааст. Характери мукаммалу муайяни эпос дар тафсири актёр ба таври ғайричашмдошт тағйир меёбад ва шакли ба худ хос пайдо мекунад. Дар мисоли офариниши образи Афросиёб аз тарафи Ҳошим Гадоев метавон бисёр ҷиҳатҳои назарии тафсири саҳнавии классикаи миллӣ, драматургӣ ва нақшофариро аз ҷиҳати назарӣ таҳлил намуда, имкониятҳои жанрӣ ва услубии асарҳоро дар муқоиса баррасӣ кард.
Дар тафсири драматургӣ ва саҳнавии образи Манижа низ ҳунарпешагон Хайрӣ Назарова ва Мукаррама Камолова ба таври алоҳида санъати нақшофарии хешро намоиш доданд. Дар офариниши Х. Назарова ҷанбаи лирикии образ бартарӣ пайдо кардааст, яъне Манижа – Назарова соҳиби назокати олӣ, дили нарм ва зарофат аст. Дар ниҳоди ӯ ду эҳсос – муҳаббат ва қарзи фарзандӣ ба ҳам зиддият пайдо намуда, дар охир эҳсоси аввалӣ ғолиб мешавад. Оҳанги қаҳрамонӣ дар офариниши образи Манижа дар нақшофарии Мукаррама Камолова низ аз бозёфтҳои бадеии асари саҳнавист. Дар бозии Камолова ҷасорат, қатъият, ҷавобгарӣ барои қисмат, интихоб аз сифатҳои асосӣ мебошад, ки образро таъсирбахш ва имрӯзӣ ҷилва медиҳад. Ин махсусият дар саҳнаҳои алоҳида – шабзиндадорӣ дар сари чоҳ, имдоди далерона аз Рустам равшану возеҳ зоҳир мешавад.
Дар достони «Бежан ва Манижа» образи Рустам низ чун рамзи пойдорӣ, адолат ва накӯкорӣ идомаи хешро соҳиб гардидааст. Ҳунарпеша Гурминҷ Завқибеков – офарандаи образи Рустам дар намоишномаи «Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло (1967) таҷрибаи эҷодии худро идома дода ин дафъа образи Рустамро ҳамчун шахсияти воқеӣ ва бохирад рӯи саҳна меоварад. Оҳанги инсондӯстонаи асар низ дар интиҳо аз забони Рустам – Завқибеков садо медиҳад. Ба ин маънӣ, театр мавзӯи анъанавии сулҳу ҷангро, ки дар фоҷиаи «Рустам ва Суҳроб» оғоз гардида буд, идома медиҳад. Ғояи асосии драмаи «Бежан ва Манижа» низ аз асари «Шоҳнома» сарчашма гирифта, тавассути як силсила образҳои хотирнишин дар намоишномаи ҳамноми Театри академӣ-драмаи ба номи Лоҳутӣ ифодаи худро ёфтааст.
Оҳанги шоиронаи достон дар таҳияи намоишномаи «Бежан ва Манижа» аз ҷониби Шамсӣ Қиёмов бо обуранги дурахшони миллии худ фарқ мекунад. Агар дар ороиши намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» (таҳиягарон Ҳ. Абдураззоқов ва Ф. И. Александрин) манзараи комилӣ намоишнома дар шакли муайяни графикӣ, бо омезиши рангҳои хокистарӣ ва сурхи равшан сурат гирифта бошад, пас дар варианти саҳнавии «Бежан ва Манижа» тобиши нарми рангҳо (рассом М.Мухин) бартарӣ пайдо кардааст. Истифода намудани миниатюраҳои классикии рассомӣ барои ҳалли махсуси композитсионии ҳар як саҳна имконият медиҳад. Образҳои дурахшони намоишнома: Суҳроб-Ҳошим Гадоев, Таҳмина-Марям Исоева, Сафина-Нозукмо Шомансурова ва дигарон арзандатарин бозёфти театрӣ мебошанд.
Қаҳрамонони Фирдавсии бузург натанҳо дар саҳнаи театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, балки дар саҳнаҳои театрҳои Хуҷанд ва Хоруғ низ таҷассуми хешро соҳиб шуданд. Намоишномаи театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд «Зол ва Рудоба» (1973) дар асоси достони ҳамноми Фирдавсӣ аз эпопеяи «Шоҳнома» таҳия гардидааст. Муаллифони драмаи мусиқӣ — Шамсӣ Қиёмов ва Мастон Шералӣ тавассути нигоҳ доштани порчаҳои манзуми достони Фирдавсӣ, тасвири характерҳои хотирнишину нишотафзо кӯшидаанд, ки ғояи асосии асар – тасвири ишқу муҳаббат ва садоқату вафодориро ифода намоянд.
Фирдавсӣ дар достони худ консепсияи бадеии инсони худро дар образҳои асотириву афсонавӣ, таърихӣ бо ҷамъбастҳои фалсафӣ ва умумбашарӣ офаридааст. Ғайр аз ин дар асар ҷузъиёти воқеии тарзи зиндагии мардумӣ инъикоси худро меёбад. Муҳаққиқи ҷараёнҳои адабӣ Ориф Ҳоҷиев дар асари тадқиқотии худ қисмати «Огоҳӣ ёфтани Синдухт аз кори Рудоба»-ро аз ҷумлаи чунин саҳнаҳои мардумшиносӣ шуморидааст. Ғайр аз ин дар достони «Зол ва Рудоба» тасвири мукаммали образҳо, драматизми диалог ва монологҳо мушоҳида мегардад. Масалан, як лаҳзаи тасвири ҳолати руҳии Рудоба бо шеърияти хеш намунаи барҷастаи бадеият аст ва он ҳамчун тасвири «Гимни ҳақиқии муҳаббати беғараз ва олӣ мебошад, ки бо зиддиятҳои иҷтимоӣ созиш намекунад»
Воқеан, ин боби «Огоҳӣ ёфтани Синдухт аз кори Рудоба» яке аз тасвирҳои беҳтарини достон дар боби фароҳам овардани саҳнаҳои дурахшон, пурамалиёти драматикӣ ва мӯҳташам аст.
Дар драмаи «Зол ва Рудоба» чунин саҳнаҳои психологӣ амиқтар ифода наёфтаанд, аммо ин норасоиҳо дар намоишнома тавассути суруду мусиқӣ, саҳнаҳои рақсӣ, ороиши зебоманзар то андозае рӯйпӯш карда шудааст. Аз ҳамин сабаб дар рафти намоишнома на танҳо ороиши бошукӯҳи саҳна (рассом И. С. Буров, оҳангсоз А.Ҳамдамов), овози дилнишини ҳунарпешагон, рақсҳои зебо онро мақбули тамошобинон мегардонад, балки муколамаи зебо ва хушоҳанги қаҳрамонон низ ба намоишнома дурахши тоза мебахшад. Таҳиягар С.Қурбоналиев ба матни драма эҷодкорона рафтор намуда саҳнаҳои ҷолиб ва возеҳу равшан ба вуҷуд овардааст. Образҳои асосии асари саҳнавӣ – Рудоба (Г. Аюбҷонова), Зол (Д. Алиматов, Б.Шамсиев), «Синдухт» (С. Исоева) бо мазмуну моҳияти худ ғояи асосии намоишномаро тақвият медиҳанд. Оҳангҳои ҳаётдӯстӣ дар офариниши образи Рудоба (Г. Аюбҷонова), ғановати маънавӣ ва драматизм дар симои Зол (Д. Алиматов) хирадмандӣ ва масъулият дар таҷассуми образи Малика Синдухт (С. Исоева) дараҷаи таъсири бадеии намоишномаро афзун месозанд.
Образҳои барҷастаи осори классикӣ бо чунин маҳорати баланд офарида шудаанд, ки ба ҳама давру замон мувофиқ сохтани он зарурате надорад, зеро ғояҳои фалсафӣ ва ҷовид, тасвири воло хоси ин асарҳост. Асари безаволи Фирдавсӣ «Шоҳнома» низ бо мазмуни умумбашарӣ ва бадеияти олӣ дар шаклҳои гуногуни санъат такрор шуда барои тарбияи эстетикӣ ва ахлоқӣ, ташаккули намудҳои гуногуни санъат – мусиқӣ, театр, синамо, санъати тасвирӣ мусоидат менамояд.
Дар санъати театр, ривоҷи драматургия, ташаккули ҳунари таҳиягарӣ – актёрӣ, эстетикаи театр, тарбияи тамошобин, нақши шоҳасари сатҳи ҷаҳонӣ «Шоҳнома» бузург аст. Дар мисоли таҳлили ду драма аз рӯи «Шоҳнома» — «Бежан ва Манижа»-и Ҳамза Фатҳӣ Хушкнобӣ, (таҳияи Шамсӣ Қиёмов, театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ) ва «Зол ва Рудоба»-и Шамсӣ Қиёмов, Мастон Шералӣ (таҳияи С. Қурбоналиев, театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ) равшан гардид, ки воқеан ҷараёни муроҷиат ба осори классикӣ гуногун буда, як қатор муаммоҳои назарии драматургия ва театрро намоён месозад. Яке аз чунин масъалаҳои назарӣ хусусияти таҷассуми образҳо дар эпос ва драма, тағйиротҳои жанрӣ мебошад. Дар эпос аз сабаби «садди хамосӣ» қаҳрамонҳо дар сурати афсонавӣ ва фавқуттабиӣ ва дар ҳамон гуна муҳит, фазо ва замони хамосӣ падидор мегарданд». Дар драма бошад, характери қаҳрамон ба таври эволютсионӣ ташаккул меёбад ва ба воқеият наздик мешавад. Зимнан, таҳлили ин ҷараён мавзӯи тадқиқотии алоҳида аст. Ҳамин тавр, тавассути санъати театрӣ дар саҳна жанри синтетикӣ ба вуҷуд омадааст, ки элементҳои драма ва достонҳои қаҳрамониро дар худ муҷассам намудааст. Новобаста аз ҷанбаи асотирӣ характери қаҳрамонони «Шоҳнома» дар жанри драма обуранги воқеиро соҳиб гардиданд, ки он ба ҷараёни ташаккули театр ва драматургияи миллӣ таъсири назаррасро соҳиб аст.
Баҳор Хуррамзод,
номзади илми санъатшиносӣ.