Каломи хирадбору ватандӯстона

 Каломи хирадбору ватандӯстона

Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Волотарин ҳадаф ва орзуву ормони ҳар як миллат шу­куфоии ҳамешагии Ватан ва таъмини амнияти устувори он аст. Ин аз ҳамагон ҳушёриву зиракӣ ва ҷаҳду талош тақозо дорад. Шукуфоиву амният, махсусан, барои мо, тоҷикон, бағоят пурарзишу муътабар мебошад, зеро дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолиямон ба мухолифату даргириву фоҷе­аҳои зиёд бархӯрда, солҳои гарону маҳрумиятборро аз сар гузаронидем. Он ҳангом тарсу ҳарос, гуруснагӣ, парешонӣ, азобу машаққат ва мудҳиштар аз ҳама, навмедӣ ҷомеаро фаро гирифта буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон аз ин хусус чунин иброз доштаанд:

«Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне ки дав­лати соҳибистиқлоли мо авва­лин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузур­ги моддиву маънавӣ гардид». Сарвари кишвар, ҳамчунин, бо таассуф ёдовар шуданд, ки дар он солҳои мудҳиш аркони дав­латдорӣ ва сохтори мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокими­ятӣ ҳукмронӣ дошт. Хотираи он солҳо набояд зудуда шавад, балки ҳодисоти манфуру мил­латкуши мазкур бояд дар ёдҳо ҳамчун манбаи ибрат ва дарси ҳаёт бимонанд, баёнгари он бошанд, ки ҷангу мухолифат чӣ фарҷоме дораду сулҳу салоҳу осоиштагӣ ва амнияти миллат то ба кадом дараҷа омилҳои пураҳаммиятанд. Ҳамагон хуб бидонем, ки ба ин рӯзгорони фараҳбор халқи тоҷик бо чӣ қурбониву бо чӣ мушкилоте расидааст.

Воқеан, имрӯз мо, тамоми тоҷикистониёнро, ҳаёти осо­иштаву пурнишоте насиб гашта. Аҳли кишвар таҳти раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои мил­лат бо руҳбаландӣ ва бо азму иродаи қавӣ ба бунёдкорию созандагӣ машғуланд, мамла­кат сол то сол рушд меёбад, обрӯю эътибораш дар арсаи байналмилалӣ пайваста боло меравад. Аз ҳама муҳиммаш, мардумро руҳияи баланди иф­тихори миллию ватанпарастӣ фаро гирифтааст ва ҳама ҷо шиори

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам —

бо самимият садо медиҳад.

Тоҷикистон пас аз мамнуъ эълон кардани Ҳизби наҳзати ислом аз нигоҳи таъмини ам­ният, новобаста ба сарҳади тулонӣ доштанаш ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон, дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои аввал қарор гирифт. Хушбахтона, роҳбарият ва мардуми кишвари мо сари вақт аз мақсадҳои ғаразноку хатарноки ин ташкилоти терро­ристӣ огоҳ шуда, пеши роҳашро гирифтанд.

Табиист, ки ин ҳама комёбиву фараҳмандиҳо барои душма­нони миллат, ашхосу гурӯҳҳои нотавонбину каҷниҳод ва ман­фиатхоҳ чун хоре дар чашм аст. Онҳо тобу тавони шунидану дидани комёбиву пешрафтҳои моро надоранд ва барои хати бутлон кашидан ба рӯи зафар­номаҳои мо ба ҳама гуна иғвою дасиса, туҳмату хиёнат даст мезананд, ба худ мепечанд. Солҳои охир «афсонабофиҳо»- и неруҳои тахрибкор боз ҳам афзудааст ва онҳо барои паҳн кардани буҳтонномаҳои худ аз воситаҳои гуногун, аз ҷумла, аз радиову телевизионҳои хориҷии ҳангомаҷӯ, аз шабакаҳои интер­нетӣ васеъ истифода мебаранд, аз воқеият чашм мепӯшанду худро фаришта метарошанд ва сухан аз адлу адолат мегӯянд, дар сурате, ки худ батамом дар ботлоқи макру ҳиял ва туҳмату буҳтон ғӯтавар гардидаанд. Хиёнаткорони Ватан ба созмону гурӯҳҳои иртиҷоиву ҷоҳил гара­видаанд ва зери сояву ҳимояву маблағгузории онҳо фаъолияти манфуронаву бадфарҷом до­ранд. Онҳо бо дастури хоҷагони маккору худхоҳашон, махсусан, бо ҷавонон бештар сарукор мегиранд ва мекӯшанд, ки бо варсоқиҳои бебунёду муғри­зонаашон мафкураи онҳоро заҳролуд сохта, ба амалҳои номатлубу тахрибкорона ҳидоят намоянд. Бадхоҳону нотавонби­нон ва туҳматгарони миллати мо шояд намедонанд, ки кайҳо лаънатзадаи халқ шудаанду тамғаи манфури «хоини Ватан» ба пешониашон часпида. Онҳо намедонанд, балки донистан намехоҳанд, ки ба суханонашон касе гӯш намедиҳад, касе дар Ватан эътирофашон намекунад. Онҳо ба ҷаҳли мураккаб печида­анд ва «зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хуранд». Хушбахтона, халқи тоҷик дигар ҳушёру бе­дор аст, сабақи талхи таърих омӯхтааст ва неку бад, сиёҳу сафед, ҳақиқату дурӯғро фарқ карда метавонаду дӯст кисту душман куҷост, нағз медонад. Сатҳи маърифату фарҳанги мардуми шарафманду адола­тпарвари мо акнун хеле боло рафтааст ва дар ин замина мавқеву эътибори байналми­лалии Ватани азизамон боз ҳам афзудааст. Президенти муҳта­рами ҷумҳуриамон дар иртибот ба вазъи мазкур иброз доштанд, ки «кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо террориз­му ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории му­ташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад». Ин, пеш аз ҳама, ба он маъност, ки кишва­ри соҳибистиқлоли мо имрӯз дар арсаи ҷаҳон дар сафи му­боризони фаъоли зидди ҳама гуна неруҳои иртиҷоӣ қарор гирифтааст ва таблиғгари рӯз­гори осоиштаву дӯстона ва пур­нишоти тамоми сокинони сайёра мебошад.

«Вазъи мураккабу ташви­шовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, торафт шиддат гириф­тани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстре­мизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Паёми тозаи Пешвои миллат ифодагари марҳалаи тозаи рушди мамлакат, далели рад­нопазири азму иродаи неки халқи тоҷик, тавзеҳи ҳадафҳои бунёдкоронаи тамоми соки­нони кишвар, собиткунандаи дурустии роҳи пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ва илҳомбахшу ҳидоятгари ҳамагон барои фаъолияти мин­баъда гардид ва бори дигар ба нотавонбинону хиёнаткорону бадхоҳони миллат ҳушдор дод, ки Тоҷикистон ошёни халал­нопазири сулҳу ваҳдат аст ва ҳеҷ неруе наметавонад азму иродаи неки сокинони онро бишканад. Бузургонамон ҳик­мате барҷаста доранд:

Ба дил андар андешаи бад мадор,

Бадандешро бад бувад рӯз­гор!

Даъвати хирадбору ватан­дӯстонаи Пешвои миллат, ки дар Паём садо дод, бояд барои ҳар яки мо, тоҷикистониён, чун маромнома раҳнамо бошад:

«Мо бояд ҳамеша бо сабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ва­танамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад, на бандаҳои Худо».

Муродалӣ Собир

Дигар хабарҳо