«Дуоҳои ҳамабоб»
(Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз вазъи таассубу хурофот дар мамлакат изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Сарвари давлат баён намуданд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад.
Воқеан ҳам, боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди пуштибонии давлату Ҳукумат ба хотири муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар кишвар бархе то ҳол пойбанди хурофоту ақидаҳои иртиҷоӣ ҳастанд. Онҳо то ба андозае пойбанди афкори эътиқодӣ гардидаанд, ки ҳатто онро ба як расму одати рӯзмарраи худ табдил додаанд. Дар иртибот ба мулоқоти Сарвари давлат лаҳзае ёдам омад, ки 140 сол муқаддам дар рӯзи дуюми мактабравӣ бо устод Айнӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Он лаҳзаро аз “Мактаби куҳна”-и аллома Айнӣ, ки дар он айём устод шашсола буд, айнан рӯи коғаз меорам:
“…Касе ба пеши даричаи мактаб, ки дар тарафи даруни он мактабдор менишаст, омада дарро тақ-тақ кард.
Мактабдор “кист?” – гӯён коғазгирашро кушод. Он кас намоён шуд. Ин як зан буд. Ба сари худ чашмбанд ва фаранҷӣ дошт. Ба мактабдор як танга дароз карда гуфт:
– Ин назрро гиред, дуои дарди сар, дуои дарди дандон, дуои дарди чашм ва дуои кушоиш диҳед ва бачагонро ҳам имрӯз озод кунед.
– Ба як танга чор дуо. Боз бачаҳоро озод кунам? Ин намешавад, ҳеҷ набошад, боз як тангаи дигар диҳед,-гуфт мактабдор.
– Ман аз роҳи дур, аз Обкена омадам, – гуфт он зан, – маро ҳамсояамон Шарофбой, ки занаш зоида натавониста, дарди сахт кашида истодааст, як танга дода, барои дуои кушоиш фиристоданӣ шуд, занони ҳамсоягони дигар ҳам, ки ҳар кадом дардманд будаанд, барои дардҳои худ дуо фармуданд ва “ҳар вақт пул ёбем, назри домуллоро медиҳем, бурда медиҳӣ” гуфтанд. Ман ҳам аз барои савоб ба ин қадар роҳ пои пиёда хеста омадам. Шумо дуоҳоро диҳед, боз ҳар вақт онҳо пул диҳанд, оварда медиҳам. Ҳоло аз барои ризои Худо бачагонро озод кунед.
Мактабдор як тангаро гирифта ба кисааш андохт ва аз он хатҳое, ки пагоҳ боз менавишт ва ҷузвгираш ҳам аз онҳо пур буд, чор донаашро ба занака дод.
– Кадоми ин дуоҳо ба кадом дард аст? – гуфта он зан пурсид.
– Инҳо дуоҳои ҳамабобанд, – гуфт мактабдор, – кадомашро, ки ба кадом касал диҳед, як ба як шифо меёбад. Занак дуоҳоро гирифта аз ҷояш хест. Мактабдор ҳам имрӯз “барои ризои Худо” бачагонро озод кард. Рӯзи дигар мо ба мактаб омадем. Ҳанӯз чойхӯрак накарда будем, ки ба дари мактаб як савора омада:
– Домулло, домулло! – гӯён мактабдорро ҷеғ зад ва мактабдор бе ин ки аз мактаб барояд ва ё даричаашро кушояд:
– Ҳа, чӣ мегӯед? – гуфта садо дод.
– Дар Обкена ҷаноза, зани Шарофбой мурд! – гӯён аспашро ба як тарафи дигар ҳай карда рафт.
Мактабдор саросема шуда, саллаашро аз сар гирифта, ба замин монда, магар барои таҳорат кардан бошад, берун баромадан гирифт.
– Дуотон нафъ накардааст-дия домулло, зани Шарофбой мурдааст-ку, – гуфт тамасхуркунон ба ӯ халифа.
– Шаккокӣ накун! – гуфт ба ӯ мактабдор, – дуо нафъ накардан надорад, ӯ аз беихлосии худаш мурдааст. Агар ихлос медошт, халос мешуд, “ихлосу халос” гуфтаанд…”.
Тавре зикр шуд, аз ин воқеа 140 сол сипарӣ шудааст. Вале мо то ба ҳанӯз ҳамонем, ҳамон. Яъне ба гуфтаи нобиғаи шеъри тоҷик устод Мирзо Турсунзода: Рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ ҳамон!
Агар гӯям, ки бархе дар бегонапарастию муқаллидӣ, ҷоҳилию нодонӣ, тангназарию бехабарӣ ва хурофотпарастӣ масал гардидаанд, иштибоҳ нахоҳад буд. Либоси аъроб ба бар карда, тафохур мекунанд, ки хонаи Худоро зиёрат намуда, ҳоҷӣ шуданд. Ин тоифа Худоро на дар қалбҳои худ, балки ба гуфти устод Лоиқ, дар саҳрои араб меҷӯянд:
Он қадар тоҷик ҷуста, булаҷаб,
Хонаи Иллаҳ ба саҳрои араб.
Мутаассифона, мо то ҳол ба ҷодугару фолбин ва тӯмору таштов бовар дорем. Ба тӯмори шахсе бовар дорем, ки “худаш тӯмори навиштаашро, ҳарфҳои худаш навиштаашро хонда наметавонад”.
Маълум, ки хурофот асосан аз бесаводӣ, маҳдуд будани донишу маърифат ва ҷаҳолати ашхосе сар мезанад, ки ба сухани ҳар гуна авомфиребон, монанди ҷодугарон, фолбинон, ки гӯиё онҳо илми ғайбро медонанд, бовар мекунанд. Бовар доранд, ки аз дасти фолбини “мушкилкушо” табобати ҳама гуна амроз, аз саратон сар карда то безурётӣ, пешгӯии оянда, ҳатто дастгир кардани дузди номаълум “меояд”. Ҳол он, ки ин амали зишт, яъне ҷодугарию фолбиниро ҳеҷ яке аз динҳои осмонӣ қабул надоранд. Гузашта аз ин, касе, ки ба ин корҳои зишт даст мезанад, бояд аз имон ба Худованди бузург даст бикашад. Чаро ки фолбин бо чунин амали зишти худ чашм, гӯш ва вуҷуди худро мутеи шайтон мекунад ва бо анҷоми аъмоли бад шайтонро аз худ хушнуд мегардонад. Дар ин маврид метавон даҳҳо мисол овард. Вале беҳтараш таваҷҷуҳ кунед ба суханони пурҳикмату пандомӯзи Сарвари давлат, ки саршор аз далелу бурҳони қотеъанд:
“…Вақте ки коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, кишварҳо дар фикри ихтирои ваксина шуданд, аммо дар мо аз хурофоту нодонӣ дар яке аз ноҳияҳо панҷ нафар як сироятёфтаро дуохонӣ карданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки ҳамагӣ сироят ёфтанд ва аз олам гузаштанд. Охир, бо даму дуо бар зидди вирус мубориза бурда мешавад? Ё ҳодисаи таги забони кампирро бо мақсади ҷинбарорӣ буридани як муллои ҷодугарро ҳама шунидем.
Дар коғаз, ки худаш маводи кимиёӣ аст, бо ранг, ки инаш ҳам кимиёист, тӯмор навиштану онро об кардану нӯшидан, худро бо дасти худ заҳролуд кардан аст охир!”
Бале, воқеан ҳам ин ҷаҳолат, разолат ва ҳам ҷиноят аст! Дар робита ба ин ва ҳамчунин дур рафтан аз аслу моҳияти дин Сарвари давлат муфассал ҳарф заданд:
“Пайғамбари ислом ба назди фолбину ҷодугар рафтанро қатъиян манъ карда, фармудааст: «Ҳар кас ба назди фолбин равад, то 40 рӯз намозаш қабул намешавад ва агар ба гуфтаи фолбин бовар кунад, аз имон хориҷ мешавад… Тибқи таҳлилҳои коршиносон, дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад…
Худованд мефармояд: «Беҳтарин инсон касест, ки нафърасон аст».
Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.
Дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он, ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд.
Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне замоне ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад… Хотирнишон месозам, ки мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд, чунон ки имрӯзҳо дар мо ҳаст. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем…
Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молӣ гирифтор мегардад. Дар Қуръон такрор ба такрор гуфта мешавад, ки «Аллоҳ ҳеҷ касро аз тавоноияш зиёдтар вазифадор наменамояд».
Аммо маҳз ба сабаби надонистанамон ба таассубу хурофот дода шуда, чунин маъракаҳои серхарҷро доир менамоему ҳам талаботи динро риоя намекунем ва ҳам барои аҳли оила мушкилӣ эҷод менамоем. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷ ё умра гуноҳи онҳоро пок месозад, ки ин фаҳмиши берун аз мантиқ ва моҳияти дин аст. Бахусус, вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиёрати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, тарғибгари он мегарданд. Ҳаҷ низ чун намоз як василаи парҳезгориву тавба кардан аст, ки инсонро ба сарфакорию сариштакорӣ ва инсони комил будан ҳидоят мекунад. Имрӯз барои кулли сокинони кишвар, хоса диндорон, тамоми шароит муҳайёст. Ҳеҷ кас монеъи ба масҷид рафта ибодат кардани онҳо нашудааст ва нахоҳад шуд. Ҳол он ки дар замони Шуравӣ дари кулли масҷидҳо баста буданд.
Дар робита ба ин мавзуъ Сарвари давлат мисол оварданд, ки то давраи соҳибистиқололӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт:
«На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон, на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ».
Дар идома Пешвои миллат таъкид намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ ва ниҳодҳои диншиносии илмӣ фаъолият дошта, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷӣ, зиёда аз 400 ҳазор умракарда ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озоди истиқлол тарбия ёфтаанд.
– “Мову шумо, – иброз доштанд Президенти мамлакат, – бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу озод ҳастем, аз боду ҳавои он нафас мекашем, бо нону намаку оби ҳамин диёри бостонӣ ба камол расидаем ва фарзандону набераҳоямонро дар муҳити орому осудаи он ба воя мерасонем.
Пас биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем”.
Мутаассифона, аз мафкураи мардуми авом берун кардани хурофот, ки решаи чандсадсола дораду дар тору пуди бархе реша давондааст, кори якрӯзаву дурӯза нест. Дар ин маврид мо ҳамагон бояд саҳмгузор бошем.
Баргузории мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, дар шароити имрӯзаи ҷомеаи мо аз ҳар ҷиҳат муҳим ва саривақтӣ буд.
Ҳидоятҳои Пешвои миллат нӯшдоруест, то ки мо аз ин аъмоли ношоиста, ки оқибатҳои ногувор дорад, даст бикашему ба хотири таҳким бахшидани неъмати худодод, ки Истиқлол ном дорад, ба меҳнати ҳалол пардозем. Дар ин маврид Президенти мамлакат фармудаанд:
“Дар як ҳадиси саҳеҳ таъкид шудааст, ки «Беҳтарин чизе, ки шахс мехӯрад, аз меҳнати дасташ аст».
Аз Бобои Одам – Деҳқон то Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад, ҳама паёмбарон касбу коре (чӯпонӣ, дӯзандагӣ, тоҷирӣ) доштаанд. Ҳазрати Нӯҳ устои дуредгар, Идрис – дӯзанда, Солеҳ – тоҷир, Довуд – оҳангар, Сулаймон сабадбоф буда, ризқу рӯзии худро аз заҳмати ҳалол ёфтаанд.
Бо заҳмати ҳалол нон хӯрдану аз ҳосили заҳмати ҳалол садақоту хайрот намудан ҷавҳари таълимоти динҳои ҷаҳонӣ ва ислом мебошад”.
Карим Мӯсо