Драматургон ангуштшуморанд…

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” бо намоиши «Зол ва Рўдоба»-и Театри давлатии мусиқии мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз гардида буд. Ин намоиш бинандагонро ба ваҷд овард, зеро дар сатҳи касбӣ ва ҷолибу муассир таҳия шуда буд. Коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода зебову диданӣ қиссаи ду дилдодаро аз достонҳои безаволи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ пешниҳод кард. Ҳунарпешагон нақшҳои худро хуб бозида, симои қаҳрамонони намоишро зиндаю табиӣ офариданд. Дар ҷамъбасти фестивал намоиши мазкур ҷойи дуюмро сазовор гашт.
Моҳи январи соли 2024 ба ҳайати эҷодӣ имкон даст дод, ки намоишро дар 42-юмин ҷашнвораи байналмилалии театрии Фаҷр, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ба тамошобинони бурунмарзӣ пешкаш ва санъати театрии тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд.
Чунин намоишҳои ҷолиб дар Театри мусиқии мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар кам нестанд. Яке аз машҳуртарини онҳо намоиши “Лаку Пак” ба шумор мерафт, ки бо бозии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Аловуддин Абдуллоев бинандагонро мафтун карда буд. Ин намоишнома ба Абдулҳафиз Қодиров тааллуқ дошта, коргардонҳои театр борҳо рўи саҳна гузоштаанд.
“Қиёмат” (коргардон Парвиз Раҷабов) низ аз намоишҳои беҳтарини театр ба ҳисоб меравад. Аҳли эҷоди театр бо ин намоиш ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар намуда, дар ҷашни 90-солагии адиби машҳур Чингиз Айтматов иштирок карданд. Иҷрокунандаи нақши асосӣ, ҳунарпеша ва саркоргардони театр Қурбонмурод Шукурзода дар номинаи “Беҳтарин нақши мардона” соҳиби диплом ва ҷоиза гардид.
Умуман, Театри давлатии мусиқии мазҳакаи ба номи Ато Муҳамммадҷонов дар фазои фарҳангии кишвар шуҳрату нуфузи баландро соҳиб аст. Намоишҳои театр дар тарбияи маънавию ахлоқии мардум нақши муассир доранд.
Дар бораи ин театр ҳарф зада, наметавон аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Аловуддин Абдуллоев ёд накард. Бо заҳмати Аловуддин Абдуллоев намоишҳо дар сатҳи баланду ҳирфаӣ таҳия мегардиданд. Кори Аловуддин Абдуллоевро имрўз шогирдону ҳамкорони ў идома дода истодаанд. Ҳоло дар саҳнаи театр ҳунарпешагоне чун Меҳриннисо Ҳоҷибоева, Муҳаммад Шомиддинов, Маҳмадӣ Шарофов, Ҷўрахон Расулов, Хоҷамқул Сатторхонов, Убайдулло Саидов, Ҷамила Юсуфзода, Ойгул Давлатзода, Фирдавси Турдиалӣ, Азизҷон Сайфуллоев, Кароматулло Сафаров, Бибинисо Боқиева, Файзалӣ Ҳасан, Дилафрўз Саидова ва дигарон нақшҳои гуногунро офарида, пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Симои аксари ин ҳунармандон тавассути намоишҳои театрӣ ва филмҳои бадеӣ ба тамошобинон ошност. Албатта, ба мисли аксар театрҳои кишвар театри мазкур низ аз нарасидани ҳунарпешагони ҷавон, махсусан занон, танқисӣ мекашад. Ангуштшумор будани асарҳои драмавӣ барои пешрафти кори театр монеа эҷод мекунад. Умуман, рушд накардани драматургияи тоҷик ва тарбияву ба камол нарасидани драманависони ҷавони соҳибистеъдод муҷиби то андозае коста гардидани арзиши намоишҳои театрӣ шудааст. Зеро ҷавҳари ҳар намоиши театриро асарҳои пурмуҳтавои саҳнавӣ ташкил медиҳанд.
– Норасоии намоишномаҳои сирф миллиро ҳар театр ба ҳар роҳ ҳал месозад, – мегўяд саркоргардони театр Қурбонмуҳаммад Шукурзода. – Бештари театрҳо ба намоишномаҳои драматургони кишварҳои дигар рў меоранд. Дар қисме аз театрҳо ҳунармандони соҳибтаҷриба ба навиштани асарҳои драматургӣ даст мезананд, ки албатта, на ҳама вақт дар ин ҷода муваффақ мегарданд. Драматургияро шоҳи жанрҳои адабӣ меноманд ва навиштани асарҳои драмавӣ аз эҷодкор донишу истеъдоди баландро тақозо мекунад. Драматургони мо имрўз ангуштшуморанд. Шумораи театрҳо дар кишвар ба даҳҳо адад мерасад, аммо ба ин театрҳо ҳамагӣ як ё ду драматург рост меояд. Ин аст, ки намоишҳо дар бораи масъалаҳои доғи рўз дар театрҳо ба нудрат дида мешаванд, – иброз медорад Қурбонмуҳаммад Шукурзода.
Сарфи назар аз ин мушкилот, кормандони театр мекўшанд, дар барномаи солонаи театр намоишҳои дорои ҷанбаи миллиро бештар ҷой диҳанд. Соли гузашта аз рўйи асари драматург Ҷумъа Қуддус – “Арўси хаппак” коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода намоиши тозаеро таҳия намуд, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни вилоят манзури ҳаводорон гардид.
Дар барномаи имсолаи театр низ шумораи асарҳои драматургони тоҷик бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла, “Тафтишгар” аз рўйи асари Муҳаммад Ғоиб, дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукурзода, “Рустам ва Суҳроб”, дар асоси “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, намоиши бачагонаи “Кабўтари сулҳ” аз рўйи асари Зариф Ибод, дар таҳияи Кароматулло Сафаров ва асари драматурги ҷаҳонӣ Жан Батист Молйер – “Бемори зӯракӣ” дар барномаи театр ҷой дода шудаанд.
Мижгон ХАЛИЛЗОДА