Бозёфти шеър

Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

Гулноз муаллифи маҷмуаҳои шеъри “Ашки ширин”, “Ғавғои сукут”, “Аз нигоҳ то шеър”, “Парвози дунё”, “Шаб дар паси ман буд”, “Пираҳане дар бод”(дар Эрон нашр шудааст), “Чатри наҷоти садо” ва “Парандаҳои махмалӣ” (дар Амрико ва Афғонистон интишор ёфтааст) мебошад. Китоби тозаэҷоди ӯ “Коинот” барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод гардидааст. Дар он шеърҳои тозаэҷодаш, дубайтиҳо, чаҳорпораҳо ва ду достони ӯ гирд омадаанд. Ашъори ширини Гулноз бо муҳаббати хосса ва самимият эҷод шудаанд. Ҳаводиси рӯзгор, масоили мавсимиву доимии башар, дастовардҳои адабиву фарҳангии марҳалаи нави таърихи кишвар ба шеъри ӯ таъсири амиқ мегузорад. Масалан, шоир менависад:

Пайкари ноустувори  пиряхҳо об мегардад,

Об мегардад, дареғо, туъмаи афтоб мегардад.

Бешаҳо худсӯзии худро раво донистаанду ях

Аз ҳарорат ҳамчу хирси барфҳо нотоб мегардад.

Шоҳиди ҷомондаи таърихро ҳоло гумоне ҳаст,

Кам-кам аз мавқеи худ лағжидаву шодоб мегардад.

Офтоб бишкаст бутҳои парастишкардаи Маҳро,

Зиндагӣ мегиряду дунёи мо селоб мегардад.

Кунчи уқёнусҳову пайкаристони зимистоне

Пора-пора дар тааммулгоҳи як гирдоб, мегардад.

Субҳ. Заврақҳои зебои сапеде  дар муҳити меҳ

Дур гашта аз назарҳо, оқибат ноёб мегардад.

Зиндагониро мутаҳҳар мекунанд андешаҳои пок,

Соҳати дунё бароят қиблаву меҳроб мегардад.

Эй башар, роҳи наҷоти Обҳои тоза дар сулҳ аст…

Пайкари ноустувори пиряхҳо об мегардад.

Дар шеъри дигар мурур мекунем бо унвони “Бигзор, ки зиндагӣ намирад!”:

Мо мазҳари зиндагии зебо,

Оғози таронаҳои дунё.

Аз насли Куруши тоҷиконем,

Мо вожакалиди ҷовидонем.

Ваҳдат, агар ибтидои ҳастист,

Умре ба талоши ҷонпарастист.

Бо амри Ватан, ки чора кардем,

Дар меҳвари сулҳ чарх гардем.

Мо панҷаи гарми шеди доғем,

Мо тоҷи анор – шоҳи боғем.

Дар домани мо шукуфт олам,

Гул кард шароби бодаи Ҷам.

Мо селакабӯтарони ваҳдат,

Мо қосидакони субҳи нусрат.

Мо насли фариштаем ин ҷо,

Бишнохтаем руҳи фардо.

Биншаста ба рӯи дасти модар,

Ҳангоми дуо Замину Ховар.

Пораҳои шеъре, ки дар ин ҷо қайд гардид, Гулнозро чун шоире, ки ба зиндагӣ оқилона нигоҳ мекунад ва вуҷудаш аз муҳаббати Ватан саршор аст, муаррифӣ мекунад. Зина-зина андешаҳои шоир вусъат меёбад, ҳарфи дили хеш баён месозад, то аз гузаштаи дури тақдир барои имрӯз пайғомеро ба ёдгор биёварад. Эҳсоси башардӯстонаи Гулноз ва дар пояи ин ҳиссиёт арҷ гузоштану ифтихор кардан аз миллати худ ба осонӣ дарк карда мешавад. Шоир ибтидову омили ҳастиро дар ваҳдат мебинад, ки он, ба андешаи ӯ, як навъ кӯшиши парастидани ҷонҳо ва ҳамеша орзуи дар оромишу осоиш будани дунёст. Шеъри Гулноз аз муҳаббат, аз ишқ сиришта шудааст. Вақте ӯ ошиқона шеър мегӯяд, дар назарам шеър боз ҳам зеботару ширинтар мегардад, зеро шеър пеш аз ҳама зодаи муҳаббат аст. Гулноз мегӯяд:

Хоби хуши туву саҳари дури дури ман,

Эй ишқ, эй мубодилаи обу нури ман.

Дидам, ки то ба қуллаи даркат намерасам,

Меъроҷи нотамом, ғами бомурури ман.

Боз омадам, чу пуршуда дидам биҳиштро,

Гуфтӣ, ба ин баҳона бимон  дар ҳузури ман.

Аз суҳбати ду соя шунидам, ки шом ҳам

Бе ҷамъи сояҳо набувад дар шуури ман.

Шом аз ситораҳои ду чашмам шуруъ шуд,

Субҳ аз таронаи нигаҳи носабури ман.

Эй ишқ, эй садои тилисми ғами Худо,

Парвози аҷз буд суқути ғурури ман.

Ҷуз дӯст доштан ҳунаре ҳаст дар ҷаҳон?

На, накуҷост ғайри ту кори зарури ман?!

Вақте шеър дили хонандаро ба тапиш меорад, метавон хулоса кард, ки рисолати он иҷро шуд, зеро дилро ба дил раҳест. Фикр мекунам, маҳз ҳамин ангеза асрҳост, ки инсонро водор месозад, то дафтари шеърро ба даст гираду хонад ва аз сухани дили шоир барои худ ҳарфи тасаллибахше ёбад.  Шеър мисоли тарҷумонест, ки ҳарфи дили моро ба соҳибаш мерасонад, то аз дили ҳамдигар огаҳ бошем:

Нохост дар ниҳояти як шом омадӣ,

Вақте ки кори Моҳ шуд анҷом, омадӣ.

Вақте ки то ба марг фақат се дақиқа монд,

Дар даст се гули шабаҳи шом омадӣ.

Мардум ҳавои омаданатро шамидаанд,

Султони ман, азизи ману ом, омадӣ.

Поиз гаштаам, ки расам то баҳори ту,

Ҳамсабри ман, баҳори Ҷаму Ҷом, омадӣ.

Мебинамат, туӣ, ки канорат нишастаам,

Мегӯӣ ту: Ай оҳуи н-ором, омадӣ.

Бишнохтӣ сиришки худатро ба чашми ман,

То баҳри навдамидаи ибҳом омадӣ.

Дидам, даруни чашми ту як корвон гузашт,

Эй ғам, сипос, ин ки ба фарҷом омадӣ.

Хуш омадӣ, ба кулбаи як умр интизор,

Оре, ба назди шоири ноком омадӣ.

Бардор, эй уқоб, маро аз замини сахт,

Донам, барои ман ба лаби бом омадӣ.

Чӣ хеле қайд кардем, дар маҷмуаи мазкур ду достони шоир ҷой дода шудааст. Дар мавриди достони нави ӯ мудири шуъбаи назми маҷаллаи “Паёми Суғд”, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Дилороми Исо мегӯяд: “Тозатарин достони Гулноз “Куштори нотамоми Вақт” унвон дорад, ки армуғони арзандаест баҳри дӯстдорони ашъори ӯ. Бояд ёдовар шавем, ки ӯ қаблан низ достон эҷод намуда (достонҳои сапеди “Титаник”, “Сафаре дар харитаи ёд” ва “Достони мо”) ва муваффақияту ҳунари худро дар ин навъи шеър нишон додааст. Ин достонро агар достони иҷтимоӣ ном барем, иштибоҳ нахоҳад шуд. Чун мавзуъҳои муҳимми имрӯзӣ– сулҳу садоқату муҳаббат ба Ватан ва инсонгароиву қадршиносии ганҷи ноёби зиндагӣ, яъне вақт дар меҳвари ин достон қарор гирифтааст. Дар ин достон низ чун дар дигар ашъори шоир бо забони қудратманди тасвир ва идеяҳои тозаву тарзи хоси баён мавзуъҳои зиндагии инсони имрӯзиву муаммоҳои он бо андешаҳои ҷолиб ба риштаи назм омадаанд. Аз ҷумла мавзуи чаҳор фасли сол, ки онро метавон фаслҳои зиндагии инсон ҳисобид ва дигар мавзуъҳои ҷолиб”. Ӯ мегӯяд:

Номи ту дар хонаам парвоз кард,

Рӯи авроқам ҳавои роз кард.

Боз афтодам ба умқи хобҳо,

То гираҳ хурдам миёни обҳо.

Зиндагӣ дар моварои баҳр буд,

Мурғи шеърам дар сарои баҳр буд.

Дар ҷойи дигар мефармояд:

Эй баҳор, оҳанги эҳёи Замин,

Офтоб овардаӣ рӯи ҷабин.

Даъвии сабзи тароват дар чаман,

Накҳати гулҳост рӯи пираҳан.

Байтҳои достони ӯ дар алоҳидагӣ ҳам бори маънӣ мекашанд:

Вақт меларзад даруни шишаҳо,

Ёди ту ҷунбида дар андешаҳо.

Андар ин гулхона гулҳои рақам,

Бӯи фурсат карда вақти субҳдам.

… Тобистони соли 2005 дар курс-конфронси адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ману Гулноз, Дилором, Гулнора Усмонова, Нуралии Нурзод, Ниятқул  Ҳаётов, Карими Ҳайдар ва дигарон аз вилояти Суғд иштирок кардем. Дар ҷаласаи кушодашавии он Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулрухсор суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: – Ситораи дурахшон ва яке аз бозёфтҳои нодири мо дар ин курс-конфронси адибони ҷавон Гулноз мебошад…

Аз он рӯзҳо солҳои зиёд гузаштанд ва Гулноз, ки шоири ҷавону умедбахш буд, имрӯз шоири боистеъдод ва шинохта мебошад. Ӯ гуфтаниҳои зиёд дорад, нақшаҳои эҷодияш гувоҳ бар онанд, ки пайваста дар омӯзиш аст.

Матлуба ЁРМИРЗОЕВА

Дигар хабарҳо