Бебандубориҳо дар таркибсозӣ

 Бебандубориҳо дар таркибсозӣ

Яке аз муҳиммоти шеър тасвир­созист, ки он метавонад нуқтаи ас­лии зебоишинохтӣ дар осори адабӣ бошад. Ин унсур тарзу равишҳои гу­ногунеро соҳиб аст, ки мо метавонем таркибсозиро ба унвони содатарин шохаи он бипазирем. Имрӯз дар шеъри муосири тоҷик, хусусан, дар шеъри ҷавонон, таркибсозиву тар­кибофаринӣ рӯ ба густариш дорад ва дар бештари маврид таркибҳо нораво ва бидуни таносуби маъноӣ миёни каламот ба назар мерасанд. Дар воқеъ, канори ҳам гузоштани калимаҳо агар бидуни таносуб сурат бигирад, он ба ҳеҷ ваҷҳ хаёлангез ва нафис нахоҳад буд. Аммо вақте таркиб дар асоси қавонини забон сохта шавад ва аз назари мантиқу таносуб нақсе дар он дида нашавад ва муҳимтар аз ҳама, дар шеър тарзе ба кор равад, ки ҳеҷ калимаи дигар ранҷи онро накашад, он гоҳ хубу хушоянд ба чашм мерасад, шеърро шоирона мекунад. Айни таркиби «чашми интизор», ки дар ин байт омадааст:

Биё, ки хоки раҳат лолазор хоҳад шуд,
Зибаски хуни дил аз чашми интизор чакид.

Бубинед «чашми интизор»-ро, ки чи қадар зебову заминӣ ба ҷилва омадааст. Бо як хондан тасаввур мекунед, ки он дар заминаҳои ош­ное бунёд ёфтааст. Ин ошноӣ моро ба забоне мепайвандад, ки миёни мардум зиндаву саломат аст, гӯёву мубарро ҷорист. Бегумон ба ёди «интизорӣ кашидан» ва «чашм ба роҳ будан» меафтем, ки миёни хосу ом маъмул аст. Фарз кардем, ки инро як таркиби вуқуъгароёна мепазирем, чароки он дар заминаи воқеият ба вуҷуд омадааст ва наметавонад сохтаи зеҳни касе бошад. Дар ада­биёт таркибсозиҳои шоиронае низ ҳастанд, ки махсуси зеҳну тафаккури як шоиранд. Дар коргоҳи эҷодии ин даст шоирон гоҳе мешавад, ки кулли аносири забонӣ ва маъноӣ замина­сози шаклгирии як таркиб мегарданд ва гоҳи дигар таркибе дар меҳвар қарор мегирад, ки нақши калидӣ дар шеър дорад ва бидуни он пайванди маъноии вожагон аз ҳам мерезад. Дар пойи ин моҷаро, агарчи баҳса­мон ба ҳисомезӣ мекашад, вале ба ҳар сурат лозим аст маҳсули хаёл­пардозиҳои шоирона будани ин гуна таркибҳоро гузаро гӯшзад кунем. Барои мисол, бигирем «фишурдани ном»-ро, ки аз омезиши ду ҳис бо ҳам падид омадааст. Ба танҳоӣ хондани ин таркиб шояд барои бисёриҳо аз назари забон қобили тасаввур набошад, аммо шоири тавоно бо қудрати тахайюле, ки дорад, онро мумкин мегардонад. Калимотро дар пайи хидмат ба зону менишонад, то «фишурдани ном» бурузи чашмгире дошта бошад ва малеҳу нозук ба ҷилва биёяд:

Бахудо, номи маро
Гар чу барги гули тар бифшоранд,
Қатра-қатра бичакад номи ту монанди гулоб.
                                                                                         (Гулназар)

Ва ин «барги гули тар» аст, ки равшангари мақсуд дар баробари таркиби «фишурдани ном» мешавад ва монандсозии шоиронаеро рақам мезанад, боқии вожагон тафсиргари ин ҳадис дар коргоҳи забонанд, ки чакидани номи маъшуқро аз номи ошиқ мумкин гардондаанд.

Меравем ба суроғи таркиби дигар, ки дар зеҳни Қайсари Аминпур шакл гирифтааст. Мебинем, ки Қайсар таркиби «хотироти таракхӯрда»-ро чи гуна дар меҳвар қарор медиҳад ва тамоми аносирро дар хидмати он мегузорад:

Саропо агар зарду пажмурдаем,
Вале дил ба поиз наспурдаем.
Чу гулдони холӣ лаби панҷара
Пур аз хотироти таракхӯрдаем.

Боре ба аҷзои вожагони ин суру­да нигаред ва бубинед, ки онҳо чӣ андоза ба «хотироти таракхӯрда» қаробати маъноӣ ва тасвирӣ доранд. Бо ин вуҷуд, тасвир фақат такя бар воқеӣ будани вожагони ин суруда надорад ва фақат ҳосили ҳамниши­нии калимот нест, балки ҳар калимаи ин шеър дар баробари воқеӣ будан, ба гунае интихоб гардидаанд, ки хаёлангезӣ мекунанд.

Аммо на ҳама таркибу ибораҳо метавонанд ба андозаи таркиби «чашми интизор» заминиву сода ва мисли «фишурдани ном» дар ма­дори ҳисомезӣ гӯёву озода бошанд ва мисли «хотироти таракхӯрда» хулосаи комили як матлаб гарданд. Гӯё шоирон бо ин амали худ, ки дар таркибсозӣ мекунанд, қасди баланду боло нишон додани шеърашонро дар чаҳорчӯби тасвир доранд. Барои мисол, «сояҳои ҷайби замин»-ро мегирем. Қабл аз он, ки шеърро, ки аз як шоири имрӯз аст бихонем, боре болои ҳамин таркиб таваққуф мекунем, то бардоште равшан аз он дошта бошем. Аз чаҳор паҳлу, ки бингарем, чизе дар зеҳнамон шакл намегирад, ки тасаввурпазир будани ин таркибро собит кунад, илло агар «соя»-ро аз миён бардорем ва ба ҳар сурат «ҷайби замин» ба танҳоӣ тасаввурпазир гардад. Вале ин тар­киб миёни шеър бе ҳузури «соя» бо дигар вожагон созиш намекунад ва бори тамоми вожагон ба гардани соя афтодааст ва ҳамин «соя» боиси бемаъноии шеър шудааст:

Ҳанӯз тарона ҳаст
Ва чун ту шоире, ки мултақити роҳи садоқат.
Ва дар ҳарорати як шеър
                                 тамоми сояҳои ҷайби заминро
                                                                             зи хеш зуб диҳад.

Чӣ мешуд агар ин мухотаб, ки шоир аст, бо ҳарорати шеъраш ло­лаҳои ҷайби заминро зуб мекард, на сояҳоро? Фикр мекунам, бо ин ҳол тасаввурпазир мешуд, магар не?

Таркиби «тангаи гиря»-ро аз шеъри дигари яке аз шоиронамон мехонем:

Ва агар нур биёяд,
Рӯшноӣ ҳама ахтар чинад.
Ончи аз хӯшаи ахтар резад,
                                        боз хуршеди гурусна
                                                               ба ду дасте аз нур
Зи кафи бози гадои гулҳо  ҳама яксар чинад.
Ва фақат панҷаяки
                                 кӯдаки бечора
                                                          зи нодории хеш
Тангаи гиряи модар чинад…

Нигоҳи шоирона дар ин шеър афзалияти бештар дорад ва ҳамин хаёлпардозиҳои шоирона, ки манзу­ри гӯяндаро равшан кардаанд, тасвирро қувват бахшидаанд. Чунон ба назар мерасад, ки дар банди аввали ин шеър мавзуъ мушаххас аст, ҳадаф равшан аст ва он чи ки шоир мехоҳад, ба дурустӣ анҷом пазируф­тааст. Ҳарчанд ки таркибҳои «хуршеди гурусна» ва «кафи бози гадои гулҳо» аз нафосату шоиронагӣ бархурдор нестанд, вале дар умум мо бо як тасвири шоиронае рӯ ба рӯ ҳастем, ки лаззат мебахшад. Ба назар ме­расад, ки ин банди шеър дигар ҳеч ниёзе ба иловаву хулосаву шарҳу тафсир надорад. Аммо шоир ба хотири ҷой кардани таркиби «тан­гаи гиря», ки ба назараш хеле аҷиб намудааст ва онро дар тасаввури худ мумкин пиндоштааст, шеърро идома медиҳад. Манзараеро мео­фарад, ки бо банди аввал таносуби маъноӣ пайдо кунад ва тобиши хулосавӣ дошта бошад. Албатта, ин барояш муяссар мегардад, вале тамоми зебоиҳои шеърро дар сояи таркиби «тангаи гиря» менишонад, ки худ тасаввурношуданӣ ва ғайри­мантиқист. Ҳайф аст, ки ҳамчунин як шеъри зебову шоиронаро қурбони таркиби бемаъное чун «тангаи гиря» гардонем. Ҳамчунонки дар шеъри поён, ки аз шоири дигар аст, ҳамин гуна як таркиби тасаввурнопазир боиси бемаъноӣ ва бемантиқӣ шу­дааст:

Ин субҳи тирамоҳ расидӣ канори асп,
Ашки дили ту номи маро зикр мекунад.
Ин бор офтоб ба толори осмон
Аз охирин намоиши худ фикр мекунад.

Аз охирин намоиши худ фикр кардани офтоб дар толори осмон та­шбеҳи зебо ва бозёфти шоиронаест, ки назокати шеърро боло мебарад. Аммо чаро ҳамин гуна як бозёфти шоиронаро ба пои андешаи бемаъ­ное чун «зикри ном кардани ашки дил» мекашонем? Фарз кардем, ки «ашки дил»-ро ба зарурат пазируф­тем, вале он чӣ гуна қодир ба «зикри ном» кардан аст? Ин гуна бархӯрд бо вожагон на дар қавонини забон рост меояд ва на дар чаҳорчӯби таркибсо­зиҳои ғайримаъмул, ки дар ҳисомезӣ мекунанд. Вале бо ин ҳама такмил додани ин гуна шеърҳо, ки як порае аз ангезаҳои шоирона доранд, кори саҳлу мумкинест ва арзиши таҷдиди назарро аз ҷониби шоире, ки нисба­ти худ серталаб аст, доранд. Аммо шеърҳое низ ҳастанд, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ таҷдиди назар намешаванд ва арзиши инро надоранд. Чун дар онҳо мо танҳо бо як таркиби «булаҷабе» дучор меоем, ки агар аз баҳри он бигузарем, чизе дар шеър боқӣ на­мемонад, ки лоиқи овардани таркибе дигар бошад. Барои мисол, ба байти поён зеҳн монед ва ба таркиби бе­маънои «нигоҳи коҳ» бингаред, ки тамоми вожагон ва аносири забонии шеър даступобаставу гунг дар хид­мати он нишастаанд:

Аз кӯҳи устувор чӣ ҷӯӣ дигар маро,
Ман аз ҳисоби даҳр равам дар нигоҳи коҳ

Ин ҷо шоир аз мухотаби худ хостори он шуда, ки маро аз кӯҳи устувор ҷустуҷӯ макун, чун ман аз ҳисоби дунё дар нигоҳи коҳ меравам. Аммо ин “коҳ” чӣ “коҳ”-ест, ки дорои нигоҳе будааст ва кас дар он маскан мегирифтааст? Акнун “нигоҳи коҳ”- ро аз шеър ҳазф кунед ва дубора бихонед. Чизе арзишманд дар он ме­бинед, ки лоиқи гуфтугузор бошад? Ман намебинам ва агар бубинам, боз аз гӯяндаи ин шеър мепурсам, ки “кӯҳи устувор” яъне чӣ? Онро бо “ҳисоби даҳр” чӣ муносибатест? Ин ҳама танҳо як бозии забонии авомфиребонаест, ки шоир барои бузург ва соҳибтафаккуру соҳибта­хайюл нишон додани худ кардааст ва дигар ҳеч…

Мутассифона, дар шеъри мо ҳамин гуна таркибсозиҳои бесуду бемояе чун “гурбаи хокӣ”, “фаҳми маслух шудан”, “кӯфтани ҷода ба анҷоми нигоҳ”, “хуни тоати берӯзӣ”, “андешачароғи хандаи чашм”, “пи­стони нигоҳ”, “тоси нави руҳи равон”, “ҳирси танини кӯтаҳ”, “шарраи луоби сипӯзида”, «масеҳи қомат», “гӯри холии вафот”, “бовари пиндор”, “оиназори мӯйҳо”, “абри азалофар”, “синаи мадҳушзо”, “устухони шаб­нам” ва амсоли инҳо, ки аз ашъори шоирони гуногун барчидем, хеле зиёданд.

Ин гуна бархӯрди шоирон ба шеър ва таркибофаринӣ, албатта, аз дуруст надонистани забон ва ноо­гоҳона пайравӣ кардан ба ҷараёнҳои шеъри имрӯз аст. Шоири имрӯз агар майл ба ҳисомезӣ дорад ва мехоҳад шеърро аз чаҳорчӯби воқеъгароӣ берун кашида, ба хаёлпардозиҳои шоирона барад, бояд донандаи хуби забон бошад ва ибтикороти худро дар асоси қавонини забон арза до­рад, на ба ин сурат, ки хондем.

Дигар хабарҳо