Дар партави Паём. Ба саодати башар ёр

Аз неъмати безаволи истиқлол тоҷикон сарнавишташонро бо дасти хеш бинвишта, абармарди шоиставу фарзонаеро Пешво хондаанд, ки бо ҷонфишониҳои бемисл натанҳо мардуми як қаламрав, балки башариятро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ба рӯзгори босаодату осоиштаву файзбор талқин месозад. Вале авзои буғранҷи ҷаҳон, шиддати мухолифатҳои сиёсиву таҳримҳо миёни давлатҳои қудратхоҳ, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйироти иқлим, гусастагии таҳвили молу маҳсулот ҳушдор медиҳад, ки аз пайомадҳои ноҷӯри он биандешем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2024) дар толори бинои нави Парлумони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, нақшаву барномаҳои миллӣ, инчунин соҳавию маҳаллӣ дар тӯли панҷ соли охир аз ҳисоби давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ бештар аз 197 миллиард сомонӣ сарф гардидааст. Бо ёрии тоҷирони муваффақ, афроди эҳсонкор ва сокинони бонангу ор танҳо дар се соли ахир барои бунёди иншооти соҳоти маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳангу фароғат ва истеҳсоливу иҷтимоӣ 20 миллиард сомонӣ харҷ шуда, сатҳи таваррум ё болоравии нархҳои истеъмолӣ 29 фисадро дарбар гирифта, маоши кормандон, нафақа ва идрорпулиҳо афзудааст.
Сиёсати андозу буҷет ба пешрафти муттасили ҷомеа таъсиргузор аст. Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар устувории молиявии давлат ва таҳкими иқтисодӣ нақши калидӣ мебозад. Дар як қатор кишварҳои олам нишондиҳандаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фисадро ташкил медиҳад, ки шафофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва дар навбати аввал ҷилавгирӣ аз фасод (коррупсия) иборат хоҳад буд.
Фаъолияти соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидор таҳти дастгирии Ҳукумати мамлакат рӯ ба беҳбуд ниҳода, шумораи санҷишҳо сол ба сол коҳиш ёфта, сифатнокӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар тӯли ёздаҳ моҳи соли гузашта туфайли санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат бештар аз 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид шудааст. Яъне аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор қонунияти андоз риоя нагашта, фарҳанги соҳа майлони пастравӣ дорад. Аз ин ҷиҳат Президенти мамлакатамон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва таъсиси ҷойҳои кор барои ҳама навъи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон карданд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақомоти дахлдор супориш гирифтанд, ки тайи як моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва пас аз омӯзиши ҳамаҷониба ниҳодҳои марбута давоми се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро то соли 2040 таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур созанд.
Ҷойи хушҳолист, ки баробари саноатикунонии босуръат ва таъмини истиқлоли энергетикӣ иқтисоди миллӣ низ пеш меравад. Шӯрои директорони Бонки Умумиҷаҳонӣ бобати дар марҳилаи аввал барои сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷудо намудани 3,8 миллиард сомонӣ грантро ба тасвиб расонида, бонкҳои Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ, Исломии рушд 1,6 миллиард сомонӣ, Фонди Саудии рушд 1,1 миллиард сомонӣ, Хазинаи ОПЕК ҷиҳати рушди байналмилалӣ 272 миллион сомонӣ ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ 180 миллион сомонӣ додани қарзҳои имтиёзнокро дастгирӣ карданд. Бо супориши Сардори давлат вазорату идораҳои марбута муваззаф гардиданд, ки соли 2025 лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
Аз Паём бармеояд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакатамон қарор дошта, афзоиши муназзами истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар беҳдошти талаботи истеъмоливу саноатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқ замина мегузорад. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷсолаи ахир 1,9 баробар афзуда бошад ҳам, пайомадҳои манфии таҳаввулоти вазъи ҷаҳони муосир, тағйироти иқлим, махсусан камобӣ, хушксолиҳои паёпай дар аксар кишварҳои олам ва болоравии нархи маводи ғизоӣ боиси нигаронист. Бо назардошти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши аҳолӣ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барномаҳои амнияти озуқавории мамлакат, азхуд намудани заминҳои нави кишоварзиро таҳия ва мавриди амал қарор дода, саноати сабук ва хӯроквориро рушд бахшанд.
Президент ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муқаддам дониста, баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии табақаҳои ҷомеа талош меварзанд. Ҳамин буд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳоти маориф 30 фисад, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин идрорпулиҳо, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 20 фисад зиёд, ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтсодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ муқаррар карда шуд.
Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф эътибори вежа зоҳир намуда, дар муддати панҷ соли минбаъда бунёди 800 муассисаи таълимӣ барои 50 фисади кӯдакони синну соли томактабӣ ва 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро иқдом пеш гирифтааст. Вале дар зинаи таҳсилоти олӣ масоили сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули корҳои илмию тадқиқотӣ ва тадобири тарбиявӣ нокифоят мебошад. Дар як боздидашон бо аҳли зиё Ҷаноби Олӣ кишвареро мисол оварданд, ки чандон бузург нест, аммо аз лиҳози иқтисодиву технологӣ неруманд аст. Ана ҳамин давлати хурд ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меоварад. Танҳо ихтирооти толибилмонаш 1 миллиард долларро дарбар гирифта, харидоронаш асосан ширкатҳои бузурги олам ҳастанд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҷомеае, ки ба мактаб ва илму фарҳанг рӯ наорад, хору зор ва дастнигар мешавад. Озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” барои дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавон ва тарбияи ахлоқиву маърифатӣ, ватандӯстии наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар ин росто вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дастур гирифтанд, ки маводи заруриро ҷиҳати таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешкаш созанд.
Таъмини аҳолии мамлакат бо шуғли пурсамар, таъсиси ҷойҳои кор ва танзими бозори меҳнат аз масоили ҳалталаби иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, Ҳукумати феълӣ якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасмим гирифтаанд, ки дар марҳалаи муайян дар соҳоти иқтисоди миллӣ барои таъсиси 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор чораандешӣ намоянд. Ҳамчунин омилҳои коргоҳҳои аз фаъолият бозмондаро дар давоми ду сол таҳқиқ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд. То кунун дар шаҳру навоҳии мамлакат марказҳои таълими калонсолон амал намуда, 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванд ба омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҷалб гардидаанд. Алъон бунёди боз ду марказ дар назар дошта шудааст. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шарикони рушд боистӣ дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ ба таъсиси марказҳои касбомӯзиву хидматрасонӣ ва рушди малакаҳо мусоидат кунанд. Ҳар сол ин марказҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бояд на кам аз 120 ҳазор шаҳрвандро ба таълим фаро бигиранд.
Сарвари давлат дар Паёмашон ба фаъолияти ҷавонон ҳамчун неруи созандаву боэътимод ва такягоҳи устувор баҳо доданд. Мусаллам аст, ки ҷавонони бонангу номус масъулияти фардои дурахшони Меҳанро бар дӯш дошта, бо дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ арҷгузоранд. Месазад, ки ҷавонони имрӯз аз комгориҳо саргарм нашуда, ба ҷаҳон бо чашми хирад нигариста, ҳам худ ва ҳам ёронашонро аз ангезаҳои радикаливу ифротӣ ва ақоиди тундгаро нигоҳ дошта, неъмати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Бидонанд, ки аз решаи хурофот хори ҷаҳолат мерӯяд ва рафта-рафта зиёни он ба ҷомеа мерасад. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, таблиғи тарзи ҳаёти солим, шиносонидани давлату миллат дар ақсои олам соҳаи варзиш самти муҳимми фаъолияти эшон қарор гирифтааст. Фараҳбахш аст, ки туфайли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ арзи вуҷуд намуда, қиёсан ба 70 соли Ҳукумати абарқудрати Иттиҳоди шуравӣ даҳҳо маротиб афзалият дорад. Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид бо қаътномаи махсус Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт. Ҷаҳонишавии гӯштини миллии тоҷикӣ мояи ифтихори ҳар шаҳрванди ин сарзамини биҳиштосо гаштааст.
Президенти мардумӣ таъкид доштанд, ки нақши бонувон дар эъмори давлати навини демократӣ бориз ба назар мерасад. Соҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки занон ҳампаҳлуи мардон бо азми ҷазму қавӣ пайкор надошта бошанд. Омор баёнгари он аст, ки аз 214 ҳазор донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 90 ҳазор ё 42 фисади он бонувон ҳастанд. Дар мулоқоти порсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дин аз боби масоили умдаи ҳаёти ҷомеа, билхосса, зарурати қабули қонунҳои миллӣ – “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” гуфтор ба миён оварда, иброз доштанд, ки мо ба ҳамаи қавму миллатҳо ва расму русумашон эҳтиром мегузорем. Бонувону модаронро зарур аст, ки аз бегонапарастӣ, тақлид ба сару либос ва оинҳои мардуми ғайр худдорӣ намоянд. Нагузорем, ки ҷойи либосҳои зебову шинами тоҷиконаро мӯди аҷнабиён гирифта, ба фарҳангу забони модариямон латма зананд.
Президент бар он боваранд, ки рушди иқтисодиву сиёсӣ ва осудагии ҳар гуна ҷомеа аз таъмини амнияти миллӣ маншаъ мегирад. Аз ин ҷиҳат мебояд мутахассисони барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори низомӣ арзанда сари кор биоянд. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ мубаддал гашта, ҷомеаи башариро ба таҳлукаи сахт рӯбарӯ овардааст. Маҳз бо иқдоми Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва соири кишварҳо моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (“Раванди Душанбе”) доир гардида буд.
Президенти мамлакатамон дар созмону кунгураҳои бонуфузи байналмилалӣ суханрониҳои пурмуҳтаво намуда, башариятро аз хавфи тағйироти иқлим, камобиву хушксолӣ ва дигар таҳдидҳои глобалию сиёсӣ ҳушдор медиҳанд. Тоҷикистон чун як ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои барои инсоният бағоят муҳим – пойдории сулҳу субот ва тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба аз даврони соҳибистиқлолӣ инҷониб дур набуд ва буда ҳам наметавонад. Пешвои тоҷикон оромишу саодатмандии қавму қабоили ақсои оламро мехоҳанд. Ба ин ваҷҳ соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон мизбони аввалин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳост. Минбаъд Тоҷикистон қолаби “Раванди оби Душанбе”-ро таҳким ва муносиботи неку дӯстонаро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайгирона идома мебахшад. Ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро бетараф нагузошта, зимни сафарҳои расмӣ аз рӯзгор ва таҳсили фарзандонашон ҷуё шуда, дар ин робита ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд вусъат мебахшанд.
Паёми омӯзандаи Роҳбари давлат ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дастури хубест аз дастовардҳои мардуми шарифи тоҷик дар панҷ соли рафта. Муттаҳидиву иттифоқӣ ва сарҷамъиву рафоқат миллати бостони тоҷикро зебу фар бахшида, пойдории давлат ва осоиши халқи азизамонро таъмин мекунад. Тоҷикистони биҳиштгунаи моро сарсабзиву шукуфоӣ ва дастовардҳои беназир дар пеш аст. Ҳамин самимияту боварҳо ба мардуми шарифи тоҷик буд, ки Пешвои хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатми суханронӣ пешорӯи аҳли толор бо туғёни ғуруру бедории миллӣ ба миллионҳо ҳамватанони дохиливу бурунмарзӣ бо дидагони моломоли меҳр хитоб карданд: “Тоҷикистон, ба пеш!”
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод,
Корманди шоистаи Тоҷикистон