Бахтномаи миллат

Имсол Ватани азизамон ид дорад!
Ва бо навои резаборон сархати рӯзномаҳо пеши назарам ҷилвагар мешаванд:

Қутбнамо!
Бахтномаи миллат!
Шаҳодатномаи миллат!
Шоҳсутуни давлат!
Ҳуҷҷати муқаддас!
Санади тақдирсоз!
Чароғи рӯшан!

Бале, чунин ном мебаранд Консти­тутсияи Тоҷикистони озодро, ки мо сисолагии онро ҷашн мегирем.
Ва ин ҳарфҳои руҳнавозу дилни­шин айни ҳақиқатанд!
Бо эҳсоси қаноатмандӣ эъти­роф менамоем, ки Конститутсия ба арзишҳои умумибашарӣ мутобиқат мекунад ва озодии инсонро таъмин менамояд.
Воқеан, муҳимтарин арзиш барои инсон озодона зистан аст!
Дар ҳақиқат, озодӣ инсонро ба асли инсонӣ мерасонад. Газоф нест, бигӯем, ки инсон танҳо дар оғӯши Ватан метавонад озод бошад. Аз ин рӯ, инсонҳои соҳибхирад, то зиндаанд, Ватан гӯянд.

Зинда бош эй Ватан
Тоҷикистони озоди ман! –

Ҳар субҳи солеҳон ин оҳанг мар­думро аз хоб бедор мекунад. Ва имрӯз ин сухан сармашқи зиндагии мост. Зеро, ба қавли муаллифи Суру­ди миллӣ, ки байтеро аз он дар боло овардем, сарҳади Ватан аз дили мо, аз дили ман мегузарад.

Ватан гӯям аз оне, ки Ватан ҳам ҷисму ҳам ҷон аст,
Ба ҳар дарди ватанпарвар Ватан дорую дармон аст.
Касе, к-ӯ аз Ватан дур аст, бар ӯ ангубин шӯр аст,
Барои ҳар ватандораш Ватан як рукни имон аст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеаи кишварро яке аз аҳдофи асосӣ ме­шуморанд. Зеро мехоҳанд дар хонаи мо ҳамеша сулҳу субот ва ваҳдат ҳукмфармо бошад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки худ миллату Ватанро аз дилу ҷон дӯст медоран­ду тану ҷони хешро бе ғами Ватан тасаввур намекунанд, дигаронро низ барои расидан ба ҳамин фазилати инсонӣ ҳидоят менамоянд.

«Дӯст бошед!
Иттифоқ бошед!
Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ҳамин давлат кунед!
Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!»

Ин суханони Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар рӯз тавас­сути оинаи нилгун мешунавем, як ишораи одӣ нестанд. Дар умқи онҳо, ки аз қалби бузурги Президент, ба қавли устод Мирзо Турсунзода, чун «аз танӯри дил фаввора» мезананд, чӣ қадар самимият, ҳикмат, меҳру муҳаббат ва эҳсоси муқаддас будани Ватан нуҳуфтааст.
Бале, Ватан муқаддас аст, зеро он интихобӣ набуда, атои Худо ва ҳукми тақдир мебошад. Қутбӣ Киром ҳам гуфтааст:

Ватан андар бадан хунест ҷӯшон,
Агар аз мо равад, бо ӯ равад ҷон.

Сарвари давлат муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба ҷон дӯст медоранд, барои шукуфоии он ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Ва гӯё устод Мирзо Турсунзода дар ин маънӣ гуфтааст:

Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.

Аз ин рӯ, дар Паёми худ ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-уми апрели соли 2013-ум иброз дошта буданд: «Ҳадафи якум ва муҳимтарини мо ҳифз ва таҳким бах­шидани давлатдории миллӣ мебошад… Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амни­яти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем».
Бале, ҳақ асту рост!

2

Барҳақ, вақт бори дигар собит сохт, ки барои хушбахтии мардум суботу оромии ҷомеа чун обу ҳаво зарур аст!
Ва боз ҳам вақт ҳамчун ҳаками бузург исбот кард, ки дар ин ҷода Конститутсия нақши калидӣ дорад. Яке аз далелҳои инкорнопазири ин ҳақиқат кафолати ҳаёти тинҷу осуда мебошад. Аз ҷониби дигар, Конститутсия имконият фароҳам овард, то ки мо бо хасу хори Ватан ҳамдаму ҳамроз гардем ва аз шаҳди муҳаббат бар Ватан ком ширин кунем.
Ин аст, ки Конститутсияро шоҳсу­туни давлат меноманд.
Дар бораи Конститутсия сухан рондан натанҳо амрест табиӣ, бал­ки бисёр хайру накӯст. Бинобар ин, сисолагии қабули ин санади олӣ ҷашни бузурги миллӣ маҳсуб меша­вад. Зеро маҳз қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ ҳукми қонунӣ бахшид ва ба бақои миллат ва давлат асос гузошт.
Як ҳақиқат мусаллам аст, ки мар­думи худогоҳи тоҷик дар ҳама давру замон ба арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, барои эҳёи суннатҳои нек ва ҳифзи онҳо кӯшиш ба харҷ додаанд. Ҳарчанд истилоҳи «конститутсия»-ро мансуб ба Рими қадим медонанд, вале набояд фаромӯш кард, ки авва­лин Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷони­би Куруши Кабир рӯи кор омадааст.
Мо хуб огаҳ ҳастем, ки Тоҷикистон қаблан низ соҳиби конститутсияҳо буд. Вале моҳияти мазмуни онҳоро раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Нусратулло Садирзода хеле хуб қайд кардааст: «…онҳо аз рӯи нақшаи муайяни мафкуравӣ пайдо гардида, инкишоф ёфтаанд. Масалан, агар Конститутсияи якуми шуравӣ соли 1918 бо ғалабаи Инқи­лоби Октябр алоқаманд дониста шуда бошад, Конститутсияи соли 1924 бо ташкилёбии давлати шуравӣ, Конститутсияи соли 1936 бо хулосаи ҳизбӣ дар бораи ғалабаи пурраи сотсиализм дар Иттиҳоди Шуравӣ, Конститутсияи соли 1977 бо ғалабаи қатъии сотсиализм дар ҳамон давра иртибот мегирад.
Пайдоиш ва инкишофи консти­тутсияҳои Тоҷикистон бо таъсис ва ташаккули аввалин давлати миллии шуравии Тоҷикистон алоқаманд аст. Анҷумани чоруми шуроҳои Тоҷикис­тон 25-уми феврали соли 1931 Кон­ститутсияи аввалини Ҷумҳурии Шу­равии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул кард, ки он ба Конститутсияи соли 1924-и Дав­лати Шуравӣ мувофиқат дошт. Консти­тутсияи дигар 1-уми марти соли 1937 аз тарафи Анҷумани шашуми фавқулодаи шуроҳои ҷумҳурӣ қабул гардид, ки он моҳиятан бо Конститу­тсияи иттифоқии соли 1936 мувофиқ буд. Ин Конститутсия 41 сол амал намуд ва дар ин муҳлат ба он қариб ҳазор маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуд. Конститутсияи чоруми Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул гар­дид, 16 сол амал кард».
Ва, инак, Тоҷикистон соҳибистиқ­лол гардид ва ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд.
Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки ҳангоми моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷи­кистон дар Қасри Арбоб ба маснади Раиси Шурои Олӣ интихоб шуда­нашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона, бо дурандешӣ, ҳисси масъулият ба зарурати қабули як Конститутсия нав таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошта буданд: «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, аз ин рӯ, бе доштани Сарқонуни нав эҷоди ин гуна давлат номумкин аст».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 6-уми ноябри соли 1994 аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, давлатдории навини тоҷи­конро расман асоси ҳуқуқӣ ва қонунӣ бахшид.
Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон зикр намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва ноба­сомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқ­лоли худро қабул кард,..орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».
Ва боиси ифтихор аст, ки он аз ҷо­ниби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарин эътироф шудааст.
Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Эмомалӣ Раҳмон бо камоли иф­тихор иброз доштанд: “Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Консти­тутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст, он моро ба ояндаи неку ободу озоди демокративу ҳуқуқбунёд раҳнамоӣ мекунад”.
Шоир ҳам чӣ хуб гуфтааст:

Мо ба роҳи рости қонун равем,
Пой аз гил канда, бар гардун равем!

Бале, қувваи ҷозиба ва неруи таъ­сири Конститутсия барои пойдорӣ, ҳифзи тартибот ва риояи қонуният равона шудааст.

3

Давлат – қонун – инсон – ҷомеа.

Ин чор мафҳум ба ҳам алоқаи ногусастанӣ дорад ва яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Консти­тутсия ба унвони олитарин санади ҳуқуқӣ дар ҷомеа аз ҷойгоҳи бисёр волое бархурдор аст. Назди Консти­тутсия ҳама инсонҳо, новобаста ба рангу пӯст, миллат ва пайравӣ ба дину оин яксонанд. Албатта, ба қавли донишманде, қонуне нест, ки барои ҳамагон писанд бошад. Аммо иҷрои қонун ҳам фарз ва ҳам қарз аст. Му­тафаккир ва файласуфи машҳури юнонӣ Афлотун гуфтааст: «Наҷоти давлатро дар маконе мебинам, ки дар он қонун ҳокими ҳукмдорон аст». Ва ё дигар файласуфи бузурги юнонӣ Сисерон фармудааст: «Агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош».
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Мансабу вазифаҳоро, ки гирифтед, кор кунед! Ба мардум хизмат кунед! Имрӯз, ки ҳастед, хизмат кунед, то сазовори иззати ом шавед!»
Як шиноси «зинсавор»-ам худ сари фармони мошин менишаст. Вай ҷавонмарди болобаланд, хушсурат, китфвасеъ буд. Чашмони мешиааш базебу барқпош, бозувони бақувва­таш ҷозибаашро меафзуд.
Аммо…
Бо суръати сареъ мошин меронд. Ва чашмони дурахшонашро ба ман медӯхт:
– Хуб, чӣ тавр?
Саъй намудам, ки эрод бигирам:
– Илтимос, ба роҳ нигоҳ кун ва оҳиста рон…
Вай бо истеҳзо гуфт:
– Ҷон ширин-а?
Ҷиддӣ гуфтам:
– Ҷон ба мӯр ҳам ширин аст!
Аммо ин ҳам натавонист ӯро аз раъяш баргардонад.
– Оҳиста, оҳиста!
Аммо ӯ баракс заҳрханда мекунад, газро пахш менамояд. На, дигар таҳаммулнопазир буд.
– Боздор мошинро!
Вай ба ман нигоҳи ғазаболуду мазамматомез андохту тақрибан фарёд зад:
– Ту аз ман ҳазар мекунӣ?!
– Аз як чиз ҳайронам.
– Чӣ?
– Не намегӯям…
– Гӯй!
– Ту худатро ватандӯст меҳисо­бӣ-а?
– Набошад чӣ?
– Ту мегӯӣ, ки Ватанро дӯст ме­дорам-а?
– Бале, дӯст медорам!
– Дӯст доштан дар амал аст, на сухан.
Мушкил буд барои ӯ фаҳмидани ин ҳарфҳо.
– Нафаҳмидам, – гуфт ӯ.
– Хуб, омиёна мефаҳмонам. Ба қонун беэҳтиромӣ зоҳир менамоӣ.
– Чӣ хел?
– Қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон мекунӣ. Ин хати сафеди рӯи роҳро барои зебаш накашидаанд. Онро, медонӣ, чӣ ном аст? Не? Онро девори давлат меноманд. Ту онро зер карда мегузарӣ ва ҳолати садамавиро ба вуҷуд меорӣ.
– Аҷаб сафсатаҳое мегӯйӣ! – хашмгин шуд ӯ. – Ман худ давлат ҳастам.
– Ва боз…
Бо асабоният суханамро бурид:
– Чӣ?!
– Чанд бор мушоҳида кардам, ки Суруди миллиро сароиданат ҳам рӯякист.
– Бас кун сафсатаро! – дод зад ӯ ва ҳатто нӯки биниаш аз қаҳру ғазаб ларзид. – Суруди миллӣ барои кӯда­кон аст!
– Ана халос: дарро задам, девор кафид! – гуфтам ва байти Мавлои Балхиро ба ӯ ёдрас кардам:

Ҷуръа бар хоки вафо он кас, ки рехт,
Кай тавонад сайди давлат з-ӯ гурехт.

Ин ҳикматро дарк накард, писханд зад, ки шеър гуфта, умратро хазон кардӣ. Риштаи умед накандаму байти Ҳазрати Бедилро қироат кардам:

Авҷи давлат сифлатабъонро ду рӯзе беш нест,
Хок агар имрӯз дар чарх аст, фардо зери пост.

Ӯ бо заҳрханда гуфт:
– Шеъру шоирӣ мағзатро гиҷ кар­дааст.
Пас аз чанде дар садамае ҳалок шуд. Сад афсус, ки бо «шарофат»-и ӯ ду нафар ҷавони бегуноҳи аз сад як гулашон нашкуфта ҳалок гардиданд.
Аммо хоки Ватан ӯро ба оғӯши гарму нарми худ гирифт.
Аҷабо!..
Қобили зикр аст, ки дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо зиёданд. Вале но­гуфта намонад, ки имрӯз каму кости зиндагӣ низ кам нест, бисёр аст. Ҳа­меша буд ва оянда ҳам хоҳад буд. Ин як амри табиист. Аз он бояд натар­сем, наҳаросем. Аммо ҳастанд нафа­роне, ки аз пашша фил сохта, барои як кайк пӯстинро сӯхтанӣ мешаванд. Ба қавли шоир «Ба як чашмак задан оташ ба меҳан зад!»

4

Дуруст аст, ки маърифати фарҳан­гӣ ва қонунии мардум боло меравад. Гузашта аз ин, на ҳама ба таври ло­зим масъулият эҳсос мекунанд ва ба Конститутсия эҳтиром мегузоранд. Шоир Файз Сафар чӣ хуб гуфтааст:

Беҳтар аз одам шавад саг аз вафо,
Бевафоӣ одамиро саг кунад.

Бале, дуруст ва чуноне ки шоири тавоно Рустами Ваҳҳобзода гуфта:

Сиёҳу сурху сапеду шимолу шарқу ҷануб…
Баҳона баҳри адоват чи қадр бисёр аст!

Вале одамият мебояд.

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Бале, бузургони мо асли одами­ятро дар пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек медиданд.
Фаромӯш набояд кунем, ки ҳар кас аз дилу нияти худ меё­бад. Шоире чӣ хуб фармудааст:

Бечора агар мо шудаем, айби Ватан нест,
Пажмурда гуле гар бишавад, айби чаман нест.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мо ҳамагӣ ду маротиба, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ворид карда шудааст. Онҳо пеш аз ҳама ба мустаҳкам намудани нақши инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар давлат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ равона шудаанд. Ба Конститутсия, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, зикр шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзи­ши олӣ мебошанд». Аз ҷониби дигар ба қавли прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Толибхон Азимов: «Ин нукта низ далели шаҳомат ва бузур­гии Конститутсия мебошад. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо аз тариқи раъйпурсӣ ин ҳуҷҷати арзишманди давлату давлатдорӣ комил ва сохтори конститутсионӣ дар кишвар мукаммал ва муназзам гардид».
Адоват ва рашку ҳасадро аз дил бояд ронд ва фармудаи Низомии Ганҷавиро ҳалқа бар гӯш кард:

Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,
Гузар аз пӯст кун, то мағз бинӣ.

5

Мушкили дигаре, ки ба назар мера­сад, масъалаи ҷавонон аст. Аввалан, ташаккули шахсият дар ҷавонӣ даст медиҳад, сониян, шумораи умумии шаҳрвандони то 30-солаи кишвар беш аз 5 миллиону 800 нафар, яъне 70 фоизи аҳолӣ мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кар­да буданд: «Рӯ овардан ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад». Бале, неруи бу­зурги созанда ва ояндаи дурахшони миллат будани ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба қобилияту неруи ҷавонони мамлакат эътимоди комил доранд ва таваҷҷуҳи хосае ба онҳо зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонон низ бояд бо шукргузорӣ аз чунин фазои орому осуда, эҳсоси масъулият намоянд ва ба қадри ин эътимоду дастгириҳои беандоза бирасанд, роҳи дурусти ҳаётро интихоб намуда, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти Ватани азизи худ саҳмгузор бошанд.
Зимнан, лозим ба ёдоварист, ки дар Конститутсия Ҳикмат ва Қудрат ба ҳам омадааст. Дар моддаи 5-и ин са­нади олии ҳуқуқии кишвар зикр гарди­дааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад». Яъне, инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуда­аст. Аз ҷониби дигар, Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро низ ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст. Аз ин рӯ, донистан ва эҳтиром гузоштан ба Конститутсия пеш аз ҳама ба манфи­ати ҳар як шаҳрванд аст. Инсоне, ки Конститутсияро намедонад, натанҳо аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда наме­тавонад, балки метавонад ба роҳи хато по гузорад ва рӯзгорашро табоҳ гардонад.
Ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Тавре ки мушоҳида ме­шавад, солҳои охир ҳодисаҳои ба ҳаракату равияҳои бегонаи экстре­мистӣ гаравидани ҷавонон ва ҳатто ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудани онҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Бобоҷон Ғафуров афзоиш ёфта истодааст.
Вобаста ба ин, махсус таъкид мена­моям, ки тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифти­хор аз таъриху фарҳанг ва анъанаву суннатҳои неки миллӣ, инчунин оштинопазирӣ нисбат ба расму оинҳо ва равияҳои бегонаву хатарнок вазифаи ҷонии ҳамаи роҳбарону фаъолон, падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва ҳар як шахсе мебошад, ки тақдири ояндаи Ватан, амнияти дав­лат, суботу оромии ҷомеа ва рӯзгори осудаи мардум барояш азиз аст».
Хушбахтона, аксарияти ҷавонон бо қалби соф, нияти нек ин мисраъҳои шоирро шиори зиндагии худ қарор додаанд:

Дар канораш нозу ҷавлон мекунем,
Хизматашро аз дилу ҷон мекунем,
Сурма хокашро ба чашмон мекунем,
Ҷон фидои Тоҷикистон мекунем.

Аммо ҳастанд ашхосе, ки бар асари хомию бесаводӣ, надоштани таҷрибаи кофӣ ва таҳаммулнопазирӣ меъёр ва арзишҳои конститутсио­ниро дуруст дарк намекунанд. Онҳо ки бештар эҳсосотӣ ҳастанд, зудтар фирефтаи таблиғоти бегона меша­ванд ва ба амалҳое даст мезананд, ки натанҳо бар зарари худ, балки бар зарари кулли ҷомеа мебошад.
Бегонапарастӣ ва ифротгароӣ ташвишовар аст ва моро ҳушдор ме­диҳад, ки ҳамеша боэҳтиёт бошем ва нагузорем, ки ҷараёнҳои бегона аф­кори ҷавононро тираву олуда кунанд.
Баъзе ҷавонон барои сафед карда­ни худ надонистани қонунро баҳона пеш меоранд. Вале бояд онҳо инро донанд: «Надонистани қонун ҷавобга­риро истисно намекунад». Калонсо­лон ҳам бетарафӣ зоҳир менамоянд. Шахсан ман кам дучор омадаам, ки ба рафтори ноҷои ҷавоне касе эрод гирифта бошад. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ, «Дар аҳди озодӣ, албатта, ин ҳол айб аст».
Онҳо кистанд?
Магар бегонаанд?
Ман аминам, ки ба хотири ҳар кас мегузарад: «Не, албатта!»
Бале, онҳо фарзандони мову шумо ҳастанд.
Бинобар ин, моро лозим аст дар тарбияи онҳо чашм напӯшем.
Охир, гандум аз ҷав нарӯяд!
Ҷавононро даъват менамоем, ки таъкидҳои Мавлои Балхро бар гӯш ҳалқа намоянд:

Бар қазо кам неҳ баҳона, эй ҷавон,
Ҷурми худро кам бинеҳ бар дигарон.
Гирди худ баргарду ҷурми худ бичин,
Ҷунбиш аз худ бину аз соя мабин.

Баъзеҳо бо таассуф изҳор медо­ранд, ки дунёро дигар карда наме­шавад. Бале, шоир чӣ хуб гуфтааст:

Ту дунёро дигар кардан надонӣ,
Валекин хештанро метавонӣ.

Бинобар ин, зарурати беҳтару хубтар ба роҳ мондани тарбия қонун­меҳварӣ ба миён омадааст. Аз ҳама муҳим он аст, ки мо дар бари ҷавонон бошем, такягоҳашон шавем. Кам­будиашонро ошкор кунем ва барои бартараф кардани он ёрӣ расонем.

6

Бешак, Конститутсия дастоварди миллӣ буда, тамоми муқаддасоти миллиро эълон ва таъмин мекунад, мояи ифтихор ва сарбаландиву баро­зандагии ҳар як шаҳрванди худогоҳу миллатдӯст ва ватанпараст мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзишманд будани нақши Конститу­тсияро ҳамвора дар суханрониҳо ва мулоқотҳои хеш таъкид намуда, аз ҷумла ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба ин нуктаи муҳим ишора карда, баён доштанд, ки «Кон­ститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои консти­тутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори дав­лати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем».
Оре, мусаллам аст, ки ҷомеаи ку­нунӣ аз камбудӣ орӣ нест. Ва масоили зиёди ҳалталабе низ дар пеш аст. Вале дастовардҳои назаррасе, ки дар тули сивусе соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон ба даст омадааст, моро ба ояндаи нек раҳ­намун мекунад. Вале дар баробари ин водор месозад, ки содиқона ва бо дасту дили пок ҳарчи бештар неруи худро баҳри ободии Ватани азизамон равона созем.
Имрӯз пурарзиштарин иқдом саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули андеша, тарбияи ахлоқию маънавӣ, арҷ гузоштан ба Конститутсия бояд бошад. Танҳо дар ҳамин сурат сао­дати зиндагиро дарёфта, Тоҷикистони азизро обод карда метавонем.
Пояи асосии Конститутсияро анде­шаи миллӣ ва азму иродаи мардум ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, аз он мавҷ-мавҷ нур ва зебоӣ туғён мезанад.
Метавон онро тақвият бахшид:

Ҳамаро биёзмудам, зи ту хуштарам наёмад,
Чу фурӯ шудам ба дарё, чу ту гавҳарам наёмад.

Конститутсия кафили Сулҳу Ваҳдат ва ҳаёти хушу хуррам аст!
Оре, ин ҳақиқати бебаҳс аст!
Шарҳи манфиатҳое, ки аз Конститу­тсия ба мо расидааст, дар саҳифаҳо намеғунҷад. Аз ин рӯ, мо суханро кӯтоҳ карда мегӯям:
Муборак ва пойдор бод Конститу­тсия!
Ва чеҳраи хандону чашмони дурах­шони одамонро мебинам.

Шералӣ Мӯсо

Дигар хабарҳо