Аскар Ҳаким: Нақши Пешвои миллат дар рушди адабиёт бесобиқа аст

 Аскар Ҳаким: Нақши Пешвои миллат дар рушди адабиёт бесобиқа аст

Дар ҳама давру замон адабиёт чун бузургтарин мактаби тарбия барои рушди инсоният хидмат кардааст. Бо ба даст омадани истиқлолият низ адабиёт ҳамчун афзояндаи маърифати наслҳо аз ҷониби Ҳукумат хуш пазируфтанд. Дар ин давра барои рушду тавсеаи он кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шу­дааст. Дар ин миён нақши бевоси­таи Президенти мамлакатро наме­тавон нодида гирифт. Дар арафаи Рӯзи Президент вобаста ба рушди адабиёти замони соҳибистиқлолӣ ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мил­лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Шоири халқии Тоҷикистон Аксар Ҳа­ким суҳбат намудем, ки фишурдааш манзури хонанда мегардад.

— Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди адабиёти даврони соҳиби­стиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Дар рушди адабиёти замони соҳибистиқлолӣ нақши Пешвои миллат муҳимму барҷаста мебошад, чунки дар ин марҳала маҳдудиятҳое, ки қаблан дар адабиёти тоҷик вуҷуд доштанд, пурра аз байн бурда шу­данд. Пеш аз замони соҳибистиқ­лолӣ дар адабиёти тоҷик сензура вуҷуд дошт ва чаҳорчӯбаи имкони та­свиру эҷодиётро дар адабиёт муайян месохт. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари аз байн бурдани сензу­ра ин чаҳорчӯба низ бардошта шуд. Дар ин марҳала бо ибтикор ва саҳми бевоситаи Пешвои миллат адибон имкон ёфтанд, ки озодона мавзуъҳои дилхоҳро тасвир намоянд. Ва ин имкон нигоҳи адибонро ба гузашта ва воқеаҳову шахсиятҳои таърихии мо дигаргун сохт. Дар садаи гуза­шта ҳодисаҳои мавҷударо ба таври воқеӣ нигоштан каме душвор буд, чунки қувваи пешбарандаи ҷомеа халқ буд ва дар ин воқеаҳо нақши шахсиятҳо бо ҳамон дурахшонӣ ба қалам оварда намешуд. Силсила­асарҳое, ки дар бораи таърих ва шахсиятҳои дурахшони гузаштаи мо эҷод гардидаанд, асосан бо нигоҳи нав офарида шудаанд. Ин раванди ҷадид дар риштаҳои назм ва насри замони соҳибистиқлолӣ баръало ба назар мерасад.

— Кадом иқдомҳои Роҳбари дав­лат тавонист ба рушди адабиёти муосир мусоидат намояд?

— Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми зиёд амалӣ гардид. Таҷлили бошукӯҳи солгарди чеҳраҳои дурахшони адабиёт, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мав­лоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиёти тоҷик аз иқдомоти сутудании Пешвои миллатанд. Инчунин ба намояндаго­ни соҳаи адабиёт додани унвони ба­ландтарини Қаҳрамони Тоҷикистон, аз устод Садриддин Айнӣ то Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода низ аз иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат мебошад. Дар охири қарни гузашта, ҳангоме ки Тоҷикистон аз чанголи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфт, новоба­ста ба вазъият, Президенти кишвар ба соҳаи адабиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои нашри китобҳои шоирону нависандагон мусоидат менамуданд. Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иқ­доми навбатии Пешвои миллат буда, барои рӯй овардани хонанда ба адабиёт такони ҷиддие бахшид.

— Адабиёти замони истиқлолро дар баробари адабиёти ҷаҳон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Дар замони соҳибистиқлолӣ ир­тиботи адабиёти тоҷик бо адабиёти ҷаҳонӣ вусъат ёфтааст. Шоирону нависандагони мо бо шахсиятҳои адабии дигар кишварҳо иртиботи зичро ба роҳ мондаанд. Замони муосир дорои ҷиҳатҳои мусбии худ мебошад. Махсусан дар ин замон бо истифода аз воситаҳои техникӣ падидаи ҷадиди интернет ихтироъ гардидааст, ки бо воситаи он дар як лаҳза ҳар асарро метавон ба намояндагони чандин давлатҳо ирсол намуд. Дар ин марҳала намунаи асарҳои беҳтарини на­висандагони тоҷик низ бо забонҳои зиёди Ғарб тарҷума гардидаанд, ки боиси ифтихори мо, тоҷи­кон, мебошад. Асарҳои нависандагони тоҷикро олимону муҳаққиқони хо­риҷ таҳқиқот менамоянд. Ҳамин гуна иртибот миёни адабиёти мо ва адабиёти дигар кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст. Дар Акаде­мияи миллии илмҳои Тоҷи­кистон, Институти забон ва адабиёт муҳаққиқоне ҳастанд, ки махсусан ба омӯзиши масъалаҳои густариши адабиёти тоҷик машғуланд. Инчунин дар Иттифоқи нависандагон маркази махсусе фаъолият менамояд, ки асару китобҳоро аз забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо тарҷума мекунад. Ин марказ бо дастгириҳои бевоси­таи Сарвари давлат таъсис ёфта, зимнан фаъолияти пурсамар дорад ва барои таъсир гузоштани адабиёти тоҷик ба адабиёти ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

— Дар асарҳои Пешвои миллат адабиёт чӣ гуна ҷойгоҳ ва мақом дорад?

— Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ба адабиёт таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар асару китобҳое, ки Пешвои муаззами миллат менависанд, ҳамеша иқти­босҳо аз эҷодиёти адибони классик ва муосир оварда шудааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки доираи назар ва ҷаҳони маънавии Роҳбари давлат бою густарда аст. Дар кито­би “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат шахсиятҳои фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ ба таври фарох тасвир ёфтаанд. Ин гувоҳи он аст, ки воқеан дар маърази андеша ва тафаккури Сарвари давлат шахсиятҳои адабии мо мақоми шоиста доранд. Инчу­нин, Пешвои миллат дар асарҳояшон қайд намудаанд, ки “За­мони истиқлолияту озодӣ ва имкони беш­тари тасвир намудани ҳаводиси зиндагӣ аст. Аз ин лиҳоз, ба офа­ридани симои шахси­яте, ки Тоҷикистонро дигаргун месозад, на­висандагон бештар рӯй оранд.” Ҳамеша ин суханҳо аз ҷониби Президенти кишвар қайд гардида, имкон медиҳад, ки нависандагон ба ин ҷузъиёт таваҷҷуҳи бештар намоянд.

— Дар адабиёти имрӯзаи мо корнамоӣ ва хидматҳои шоёни Сарвари давлат то кадом андоза тавсиф гардидааст?

— Чуноне ки дар боло қайд на­мудам, дар тамоми асар, шеър ва ҳикояҳое, ки шоирону нависандагони замони соҳибистиқлолӣ навиштаанд, симои Пешвои миллат ба таври фа­рох инъикос гардидааст. Адибони маъруфи тоҷик Султон Мирзошоев ва Шодон Ҳаниф дар якҷоягӣ ки­тоберо нашр намуданд, ки пурра фарогири ҳаёт ва фаъолияти Пре­зиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инчунин онҳое, ки дар бораи нақбу роҳҳо ва тамоми гӯшаҳои зебоманзари кишвар шеъру асарҳо эҷод менамоянд, дар ҳар як мисраи шеър ва ё ибораи навишта­ашон хидматҳои назарраси Пешвои миллатро тасвир кардаанд. Чунки ҳамаи ин ободкорӣ ва пешравиҳо бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат сурат мегиранд.

— Дар фарҷоми суҳбат мегуфтед, ки дастовези Шумо бахшида ба Рӯзи Президент чӣ хоҳад буд?

— Ҳамаи шеърҳое, ки дар замо­ни соҳибистиқлолӣ эҷод намудам, дар ситоиши дастовардҳои халқи тоҷик, соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат, шукргузорӣ аз хидматҳои бенази­ри Пешвои миллат баҳри саодати Ватанамон ва ҳамчунин ифтихор аз гузаштаи бисёр ғании миллати тоҷик мебошад. Президенти кишвар сиёсати дурбинона ва хирадман­донаро дар соҳаи адабиёт ҷорӣ намудаанд. Бинобар ин, қариб дар ҳамаи эҷодиёти мо симои Пешвои миллат баръало инъикос мегардад. Ин мавзуи бисёр ҳам густарда аст ва онро бо як асар ва шеър маҳдуд кардан имкон надорад.

Мусоҳиб

Cаида НАРЗИЗОДА

Дигар хабарҳо