Андалеби боғи маънӣ

Ҳунарманди воқеан ҳам мардумӣ, овозхони маънисаро, Маъруфхоҷа Баҳодуровро бо овози қавию марғуладор ва таронаҳои пурҳикматаш ман аз овони хурдсолӣ дӯст медоштам. Бобои модариям Мулло Шоҳӣ ба сурудҳои Маъруфхоҷа Баҳодуров муҳаббату алоқамандии беандоза доштанд. Азобу машаққати зиёд он қадар дили бобоямро ранҷуру нозук карда буд, ки бо мутолиаи ғазалҳои Ҳофизу Бедил ва шунидани сурудҳои Маъруфхоҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳусейн Насриддинов ва дигар ҳофизони маънисаро беихтиёр мегиристанд. Дар таъсири ин алоқамандиву муҳаббати бобоям ман низ шайдову мафтуни чакомаҳои дилангезу руҳнавоз ва сабку услуби сарояндагии Маъруфхоҷа Баҳодуров будам.
Ман бо ин овозхон борҳо дидор дидаву аз файзи суҳбаташ бархурдор шудаам. Бо дилу сиришти кӯдакона бисёр марди хоксору дидадаро, инсони ҳалиму меҳрубоне буд.
Дар рӯзи ифтитоҳи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон (соли 1987), ки бунёдгузори он шоири маҳбуби мо Гулрухсор буд, дар радифи меҳмонони басо муътабар аз кишварҳои Эрону Фаронса, Чехословакияву Олмон, Амрикою Ҳоланд ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ (Ричард Фрай, Манфред Лоуренс, Иржа Бечка, Тураҷи Атобакӣ, Масъуди Миршоҳӣ, Неъмат Мирзозодаи Озар) Маъруфхоҷа Баҳодуров низ ширкат варзида ба Бунёд якчанд дастхати нодир туҳфа кард.
Ман чун ровии он маҳфили басо пуршукӯҳу нуронӣ аз суҳбату суханрониҳои адибон ва донишмандони саршиноси забону адаби форсӣ баҳраҳо мебардоштам. Нек дар хотир дорам, ки ҳунарнамоии Маъруфхоҷа Баҳодуров бо як сози мусиқӣ (танбӯр) ва оҳангҳои басо ҷолиби классикӣ бо матни ғазалҳои пурҳикмати ниёкон ва садои гирои ӯ ҳамаи меҳмонони маҳфилро ба ваҷд овард.
Дар фурсати муносиб ман ба Маъруфхоҷа Баҳодуров аз бобои раҳматиям ва рағбату алоқамандияшон ба таронаҳои марғуби ӯ ёдовар шудам. Маъруфхоҷа Баҳодуров бо як меҳру хоксории ба худ зебанда, бо эҳсос қиссаи маро роҷеъ ба тақдири бобоям гӯш карда, бо дард иброз дошт, ки замоне ӯро ҳам бадарға карда буданд. Дар тули ин солҳо Маъруфхоҷа Баҳодуров дар шаҳри Тошканд дар гурӯҳҳои ҳунарии Кумитаи садову симои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият карда, ба дарёфти унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон низ шарафёб гардидааст. Ҳамчунин, бо лутфу дастгирии ректори Донишкадаи тиббии шаҳри Тошканд, ки мухлиси ашадии ҳунару овози Маъруфхоҷа Баҳодуров будааст, ӯ факултаи фарматсевтии Донишкадаро бо ихтисоси дорусоз хатм кардааст.
Маъруфхоҷа Баҳодуров бо маҳорату истеъдоди табииву худодод, сабку услуб ва мактаби эҷодии ҳунармандони гузаштаи мо, хоса Содирхони Ҳофизро идома бахшида, мактаби эҷодии худро бунёд гузошт. Дар баробари басо ҳунармандона иҷро кардани таронаҳои классикиву сурудҳои “Шашмақом”, ҳамчунин дар сабки мусиқии суннатии мо худ оҳангҳои зиёде бар ашъори шоирони бузурги тоҷик офаридааст, ки онҳо чун ганҷи бебаҳое хазинаи тиллоии мусиқии миллии моро ғанӣ мегардонанд. Ӯ аз зумраи овозхонони камназири мо буд, ки ба баҳри маъниву ҳикмати ашъори Саъдиву Ҳофиз, Аттору Мавлоно, Шайх Камолу Ҷомӣ, Сойибу Бедил ва дигар бузургони фазлу адаб ба хубӣ ғӯтавар гашта, дурдонаҳои панду андарзи ононро тавассути чакомаҳои руҳнавозу дилнишин ба гӯши қалбҳо мерасонд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов қисса карда буд, ки боре замони муовини вазири фарҳанг буданаш ба Кӯлоб саросемавор равона будааст. Ин ҳангом дар даромадгоҳи вазорат бо Маъруфхоҷа Баҳодуров вомехӯрад, ки барои коре ба ҳузури ӯ омадааст. Ҷамшед бо таассуф аҷала доштанашро баён карда, ӯро барои ширкат дар маъракаи шодии дӯсташ даъват менамояд. Маъруфхоҷа Баҳодуров бе ягон дудилагӣ ин даъватро мепазирад ва танбӯри худро гирифта, ҳамроҳ бо Ҷамшед ба Кӯлоб меравад. Дар Муъминобод ҳунармандро хеле хуш истиқбол гирифта, дар маҳфили шодӣ такрор ба такрор сурудхонии ӯро талаб мекунанд. Ҷамшед бо ҳаяҷону эҳсоси ифтихор нақл мекард, ки чунин истиқболу алоқамандиро ба ҳунару сабки сарояндагии Маъруфхоҷа Баҳодуров дар минтақаи Кӯлоб чашмдор набуд.
Бале, ҳунару истеъдоди асил, суруду таронаҳо бо ашъори ноб, бо ҳикмату маъниҳои баланд дар ҳама ҷо писанди хосу ом аст. Устоди бузурги мақомсаро Маъруфхоҷа Баҳодуров бо дарки маъниву фалсафаи шеър ҳар як калимаву ибораи ғазалро, ҳикмату андарзи шоирро аз таҳти дил ба гӯши шунаванда мерасонид.
Устоди зиндаёди мо Маҳрам Файзов дар Донишкадаи санъат зимни тадриси фанни нутқи саҳнавӣ ба мо, шогирдон, талқин мекард, ки тарзи дурусти истифодаи нафас, усули фаннии овоз (техникаи овоз) ё қавӣ гардонидани “кунда”-и овозро бояд аз Маъруфхоҷа Баҳодуров омӯхт. Овози ӯ на аз гулӯ, балки аз умқи вуҷудаш, пардаи ҳоҷиз (диафрагма) сарчашма гирифта, авҷи суруду таронаро бо ҳама нозукиҳои санъати сарояндагӣ мукаммал мегардонад.
Сурудаҳои ӯ ба мисли “Баёт”, “Шаҳноз”, “Шаҳнози Содирхон”, “Чапандози Содирхон”, “Гулёри Содирхон, “Гулёр”, “Чоргоҳ”, “Ушшоқ”, “Нимчӯпонӣ”, “Ироқ”, “Дугоҳ” ва оҳангҳои эҷодкардааш “Фидои ту” (ғазали Бедил), “Дилбари ҷонони ман” (ғазали Ҳофиз), “Тасаддуқ” (ғазали Машраб), “Эй дил, хамӯш шав” (шеъри Лоҳутӣ) ва ғайра ганҷи бебаҳои хазинаи тиллоии мусиқии суннатии тоҷик маҳсуб мешаванд.
Коргардони маъруфи театри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллозода, ки ошиқи таронаҳои Маъруфхоҷа Баҳодуров аст, ҳамеша ба шогирдонаш талқин мекунад, ки завқу салиқаи худро бо сурудаҳои ин устоди беназири мусиқии классикӣ сайқал дода, мукаммал намоянд. Ӯ ҳатто машқу тамрини худро бо шунидани таронае аз осори Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳусни оғоз мебахшад.
Умедворам, ки дар коллеҷу мактабҳои мусиқӣ, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз шумори наврасону ҷавонони соҳибистеъдод пайравону шогирдони мактаби эҷодии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров ба камол мерасанд ва ин мактаби бузурги ҳунариро идома ва такомул бахшида, руҳи бузургони ҳунари асилро шоду гиромӣ медоранд.
Ортиқ Қодир,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон