АЙНӢ КАМОЛ

КАМОЛ АЙНӢ 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар хонадони Устод Айнӣ, ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1949 факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст.

Баъдан корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва ада­биёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири шуъ­баи дастнависҳои шарқии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форизабонони ҷаҳон «Пайванд» будааст.

Осораш аз оғози солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба табъ расидаанд.

Мақолаҳои бисёри илмӣ-таҳқиқотӣ навиштааст, ки дар маҷмӯаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва мунтахабу куросаҳои алоҳида мунташир гардаанд.

Рисолаҳои «Бадриддин Ҳилолӣ» (1957) ва «Шаҳриёрнома»-и Мухтори Ғазнавӣ» (1964) тааллуқ ба қалами ӯ доранд.

Осори мунтахаби Носири Хусрав (1957, 1971) ва Бадриддин Ҳилолӣ (1958, 1970), «Саломону Абсол»-и Ҷомӣ (1964), рубоиёти Умари Хайём (1965, 1969, 1970, 1972, 1974), мунтахаби осори дуҷилдаи Устод Айнӣ ва «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» (1978), ашъори Абӯалӣ ибни Сино (ҳамроҳи Ш.Ҳусейнзода ва Х.Шарифов) бо пешгуфтори ӯ ба табъ расидаанд.

Дар таҳия ва нашри матни комили «Шоҳнома» (дар нӯҳ ҷилд, 1964-1966), чаҳорҷилдаи русии ашъори Ҷомӣ (1964), шашҷиладаи осори Устод Айнӣ ба забони русӣ (1970-1975), ҷилдҳои гуногуни Куллиёти осори Устод Айнӣ (1960-2012), баёзи «Звёзды поэзии» (1974), «Шаҳриёрнома»-и Усмони Мухторӣ (1996) ва ғ. саҳми арзанда гузоштааст.

Асарҳои дар соҳаи таърихи санъати тасвирии форсии тоҷикӣ офаридаи ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ «Ҷомӣ дар минётурҳои асри XVI» (Маскав, 1966) ва «Назми форсии тоҷикӣ дар минётурҳои асрҳои XVI-XVII» (ба забонҳои русӣ ва инглисӣ) дар ҳамдастии ӯ ба табъ расидаанд.

Солҳои дар Эрон фаъолият доштанаш матни илмии интиқодии достонҳои «Ҳумову Ҳумоюн» ва «Гулу Наврӯз»-и Хоҷуи Кирмонӣ (1969), «Вису Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ (1970; ҳамроҳи М.Тодуа ва А.Гваҳария), «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Маҳмуди Восифӣ (нашри ислоҳшудаи дувум, дар ду ҷилд, ҳамроҳи А.Н.Болдирев; 1971-1972), «Татаммат-ун-наҷот» (ҳамроҳи М.Осимӣ ва Ҳ.А.Тарбият, 1980), «Саломону Абсол» (1977)-и Абдураҳмони Ҷомиро ба дасти чоп расондааст. Китоби «Корномаи Садриддин Айнӣ» (1978) ҳам аз ҷониби ӯ таҳия гардидааст. Нашри осори номатбӯъи Устод Айнӣ «Таърихи инқилоби фикрии Бухоро», «Маънои калимаи тоҷик» ва ғ. самараи заҳмати ӯстанд.

Оид ба рӯзгору осори С.Айнӣ ва А.Лоҳутӣ очеркҳои пурарзише навиштааст, ки дар моҳномаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд.

Дар ҳамқаламии З.Аҳрорӣ «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома»-ро мураттаб ва соли 1991 дастраси умум гардондааст.

Муаллифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик барои синфи 9» аст, ки борҳо чоп шудааст.

Аз ҷониби ҳафт маркази илмии эроншиносии Шарқу Ғарб ба узвият пазируфта шудааст.

Узви Ҷамъияти амрикоии эроншиносӣ будааст.

Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

15 августи соли 2010 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо