• 05.02.2025

Аз ашъори шоири зиндаёд Амонбек Шоҳзода

 Аз ашъори шоири зиндаёд Амонбек Шоҳзода

ВАТАН

Баландиҳои бахти ман
Чу қуллаи баланди ту.
Шукӯҳи умри тозаам
Чу кӯҳи бегазанди ту.

Ба дида ҷо намудаам
Дурахши парчами туро.
Дилам ба хеш мекашад
Сафои шабнами туро.

Навои дӯстӣ расад
Зи пар-пари кабӯтарат.
Суруди дӯстӣ расад
Зи ҳар канору ҳар дарат.

Сурури зиндагӣ бувад
Зи рақси ахтарони ту.
Зиёи субҳ мерасад
Зи Роҳи Каҳкашони ту.

Бубин, ки то куҷо расад
Футуҳи асру соли ту.
Ҳазор нусрати нават
Нишонаи камоли ту.

ПАЙРОҲА

Ҳар ваҷаб хоки Ватан як қиссаи мардонагист,
Ҳар ваҷаб дар хеш дорад нақши пои аскарон.
Ҳар ваҷаб хоки Ватан пайванд бо пайроҳаест,
Аз дили сарбози сарҳад мешавад оғоз он.

Аз ҳамин пайроҳа андар тӯли вақти рӯзгор
По ба по бигзашта аскарҳои мулки номвар.
То ҳанӯз ин роҳ дорад бӯи ҷону бӯи хун,
Аз ҳамин раҳ рӯзу шабҳо посбонон даргузар.

Кай ниҳон аз дида гардад ин раҳи бахту мурод,
Мекунад пайванд бо ҳам роҳҳои кишварам.
Мекунад пайванд хайли аскарони сулҳро
Ҳомиёни рӯзгори мардуми некахтарам.

ГУНАҲОИ АРҒУВОНӢ

Ин саҳар аз шамоли барфолуд
Гунаҳои ту арғувониянд.
Гунаҳоят зи пушти пардаи барф
Нусхаи поки навҷавониянд.

Донаи барф рӯи мижгонат
Чун садафпораи сафед бувад.
Ин саҳар байни барфи шаҳри ман
Қомати ту ниҳоли бед бувад.

Нақши пойи ту рӯи барфи саҳар
Нақши умри ҷавонӣ мемонад.
Чашми ман байти ишқу ошиқиро
Фақат аз нақши пои ту хонад.

Лундаи барф бозӣ медорӣ
Байни ангуштҳои дастонат.
Ҳавр хезад зи барфи дасти ту,
Сурати барф байни чашмонат.

Барги тар об гашта мешорад
Байни ангуштҳои нозуки ту.
Лаззати умр мекунад эҳсос
Чакрае гар чакад ба комам з-ӯ.

ШОМИ БАҲОР

Шаби Наврӯзу тарабхез ҳама
Сари пушта гули маҳтоб шукуфт.
Боз бо ёди баҳорони Ватан
Дар дили ман гули Варзоб шукуфт.

Рӯди Варзоб дар ин шоми баҳор
Мавҷзан боз гузашт аз ёдам.
Чун бурун гаштаам аз банди хаёл,
Дидам аз он ба чи дур афтодам.

Он яке абр сари ёлаи сабз
Дар парешонӣ парешони ман аст.
Гуфтам ин абри сари ёлаи дур
Аз сари кӯҳи Бадахшони ман аст.

Аз куҷое ба ман овард насим
Нафаси тармаи кӯҳистонро.
Мемакидам ба хаёлам гоҳе
Шираи шохи тари боронро.

Ёд кардам сари кӯҳи Ватанам,
Ғул-ғули чашмаи ҷӯшонашро,
Ранги гулбоғи Душанбеи азиз,
Сабзии барги чиноронашро.

Сари бедарди маро дард гирифт,
Дар худам кам шудаму афзудам,
Чу дар ин шоми баҳори гузарон
Ёди Наврӯзи Ватан бинмудам.

ДЕҲАИ САФЕДОРОН

Дар сари деҳа барф метобад
Ҳар сафедор аз он сафедтар аст.
Аз дили деҳа рӯд мешорад
Дар сафедӣ сафедии саҳар аст.

Ҳар сафедор бо сафедии худ
Ҳусн бахшад ба деҳи кӯҳистон.
Худ сафеду сафедтар гардад
Аз бари деҳа роҳи раҳгузарон.

Деҳаи хушҳаво Сафедорон
Эй басо дилфереб дар назар аст.
Ҷовидонӣ сафои дил гирад
Аз канораш ҳар он ки дар сафар аст.

Чашмае аз бари Сафедорон
Ошёни навои шабгир аст.
Деҳаи босафо Сафедорон
Дар кафи ағба косаи шир аст.

ГУЛДОН

Биниҳодам даруни гулдоне
Кафи хоке зи қабри модари худ.
Ҷои борон бирехтам сари гул
Ашкҳои ду дидаи тари худ.

Чу саҳар дар сари тирезаи ман
Нашъае ёфт як гули печон.
Печ хӯрд он ба даври гардани ман
Ҳамчу дастони нарми модари ҷон.

БОҒИ ПОМИР

Гулбарги тари шукуфтаи он
Аз синаи сахти санг хезад.
Тухми гули он зи Боми дунё
Бар домани хоки даҳр резад.

Ин боғи баланд дастаи гул
Андар кафи кӯҳи нуқратоб аст.
Ин кӯҳ ба он гули кафи худ
Раҳпои тулуи офтоб аст.

ДАРАИ КАМАРОВ

Мекашад теғи нигоҳ аз қуллаҳо оҳуи ту,
Бишкуфад дар панҷаи амвоҷ гулмоҳии ту.
Мерасад чун бӯи мӯи духтарони тозарӯ
Субҳгоҳон бӯи гул аз домани дилҷӯи ту.

Оби шаффофе, ки дорӣ дар камар, оинаест,
Мечакад чун шир аз пистони сарди тармаҳо.
Мешавад тавлид аз домони ту субҳи сафед,
Мекунад хуршед аз тори ту чашми хеш во.

Бо садои кабки хушилҳони рӯи санги ту
Зинда мегардад канори рӯд мавҷи сабзазор.
Мешавад бедор рӯи барги гулбун шаҳпарак,
Мешавад кокул ба фарқи товасанге обшор.

ҚУЛЛА

Домани меҳр бувад домонаш,
Уфуқи сабз бувад минбари он.
Чу яке ошиқи дилбохтае
Субҳ пурханда бувад дилбари он.

Кулаҳе аз шафақи сурх варо
Моҳ дар даст чу соғар дорад.
Ҷома дорад ба тан аз барфи сафед,
Тугмаи ҷома зи ахтар дорад.

НОМИ БОБО

Ба дунё омадам ман чун зи модар,
Бароям модари ман ном бинҳод,
Зи байни номҳои бешуморе
Бароям номи бобои маро дод,

Ки то бошам чу бобоям вафодор
Ба хоку осмону кӯҳу дарё,
Ки то бошам чу бобоям мададгор
Ба ҳар рӯи ниёзу пуртаманно,

Ки то монанди бобоям ба дунё
Баду неки ҷаҳони хеш донам.
Ба олам ҳамдаму ҳамроз бошам,
Худамро порае аз он бихонам.

Бигирям, чун бигиряд сӯгворе,
Бихандам, чун бихандад ҳар бародар.
Агар ҳамсоя бинад рӯзи сахтӣ,
Ба имдодаш дароям зуд аз дар.

Бикорам гул ба рӯи қабри ёрон,
Чу бобоям, ки ӯ корид ҳар бор.
Чу бобоям дилам аз меҳр бошад,
Ба ёрон меҳр бандам, меҳри бисёр.

Чу бар ман дод модар номи бобо,
Кунам бобои худ дар хеш такрор,
Ки то фарзанди ман номи маро ҳам
Ба фарзандаш диҳад бе ҳеҷ озор.

Дигар хабарҳо