Адибе бо ду забону ду ҷаҳон

 Адибе бо ду забону ду ҷаҳон

19 декабр дар Итти­фоқи нависандагон ба муносибати 70-солагии на­висанда ва рӯзноманигор Мансур Суруш маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар суханронии ифтитоҳояш М. Сурушро нависандаи чирадаст, рӯзноманигори варзидаву пуркор, тарҷу­мони пуртаҷриба ва на­моишноманависи хуб ба шумор оварда, махсусан асарҳои ба забони русӣ навиштаи ӯро пурарзиш донист. Ба гуфтаи номбурда, ҷойгоҳи М. Суруш дар адабиёти русизабони тоҷик чашмрас буда, ӯ дар ин ҷода аз пешгомон маҳсуб мешавад.

Дар бораи хусусиятҳои осори нависандаи соҳибҷашн ва таҷрибаи ӯ дар кори адабӣ доктори илми филология Умриддини Нӯшин маърӯзаи муфассал ироа кард.

Сипас Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» Саид Сангин, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ва дигар намояндагони адабу ҳунар андешаҳояшонро дар бораи симои инсонӣ ва эҷодии Мансур Суруш баён намуданд.

Дигар хабарҳо