Ҷӯю дарёҳои пур аз оби Меҳан зинда бод! Пурдурахш ин кони сими ноби Меҳан зинда бод! Пок медорад чу қалбаш обҳои хешро, Ҷовидон ин обу ин одоби Меҳан зинда бод! Чашми бедоре бувад ҳар чашмаи ин кӯҳсор, Чашмҳои рӯшану бехоби Меҳан зинда бод! Гармии ҷону диланду рӯшноиофаранд, Обҳои пуртабу пуртоби Меҳан зинда бод! Обрӯи хушдилон […]Идома...
Модар, маро бубахш, ки рафтам паи ҳавас, Будам ҷавону бехабар аз дарду ранҷи роҳ. Оре, рафиқи нимараҳе буд ёру монд Як духтаре миёни раҳу як бағал гуноҳ… Эй рӯди поки умр, ки дарёи ғам шудӣ, Ҳар шеъру байту ҳарфу ҳиҷоям барои туст, Лабхандаи дурӯғи маро дарк мекунӣ, Эй модаре, ки хотираҳоям садои туст? Ишқу ҳаёву […]Идома...
Тоҷикистон, гарди роҳи ту барои ман зар аст, Хори ту дар дида гул, регат ба мисли гавҳар аст. Месароям рӯзу шаб васфи туро ман, эй ватан, Номи ту, зебодиёрам, дар ҳазорон дафтар аст. Куллаи ту сӯи гардун сарфарозӣ мекунад, Майсаю гул дар чаманҳо рақсу бозӣ мекунад. Сӯи саҳро гашта ҷорӣ обҳои софи ту, Мардуми лабташнаро […]Идома...
СЕ МАНЗАРА Дар оби софи рӯд Чанде ба рӯи акси худам кардаам назар, Аз оби рӯд ҷониби ман гўиё нигоҳ Мекард Ҳақназар. Чашмаш хаёлманд, Дар зери чашм чин. Пайдо буд аз ваҷоҳати он пеши дидаам Ҳоли дили ҳазин. Гуфтам ба хештан, Шояд, ки он манам? То гардадо аён Равшантарак ба ман Санге ба […]Идома...
Ба Озмуни «Мирсаид Миршакар – тараннумгари сулҳу созандагӣ» Низом ҚОСИМ Омад ӯ аз тангнои кӯҳ Бо дили бикшода чун саҳро, Дар дилаш – маҳдудаи дирӯз, Дар нигоҳаш – вусъати фардо. Омад ӯ бо «Корвони бахт», Бахти мардум ҷуста аз тақдир, Бар Душанбе гӯиё омад Муҳташам як қуллаи Помир. Зиндагӣ гоҳаш бари чаккуш, Гоҳ […]Идома...
САРЗАМИНИ ВАҲДАТ Ин ватанро «нигар ба чашми хирад», Ҷавҳари он басе бузургтар аст. Аз фиреби харита бояд раст, Тоҷикистон басе бузургтар аст! БАРНОМАИ ВАҲДАТ Ин кишваре, ки ин ҳама зебост, ваҳдат аст, Ин ҷаннате, ки рашки сурайёст, ваҳдат аст. Ин чорбоғи шаҳр, ки дар мавҷхези ранг, Гӯйӣ магар қиёмати гулҳост, ваҳдат аст! Кӯҳе, ки […]Идома...
Ягона муъҷиза дидам, фидош ҷони ғариб, Шигарфи шуълавари шоҳкори чашмонат. Дар интизор бимирам, саҳар шавад ё не, Куҷост, ҷон, ки набошад нисори чашмонат. Зи осмон ба замин ояму дубора равам Барои дидани рангу нигори чашмонат. Ҳазор барги баҳору ҳазор фасли баҳор Намоди хиратарини низори чашмонат. Дар ихтиёр гирифта маро асири ҳақир, Маро кӣ гуфт, ки […]Идома...
Пажмурдаам, баҳор қабулам намекунад, Оғӯши сабзи ёр қабулам намекунад. Овораам ба дашту биёбони ташналаб, Гулгашти обшор қабулам намекунад. Девонавор сайри ҷаҳони ҷунун кунам, Қонуни ин диёр қабулам намекунад. Худро фиреб дода, басо шеър гуфтаам, Девони рӯзгор қабулам намекунад. Модар бирафт, монда маро бекасу ғариб, Дигар ба чашми чор қабулам намекунад. [&Идома...
Низом ҚОСИМ Ҷӯю дарёҳои пур аз оби Меҳан зинда бод! Пурдурахш ин кони сими ноби Меҳан зинда бод! Пок медорад чу қалбаш обҳои хешро, Ҷовидон ин обу ин одоби Меҳан зинда бод! Чашми бедоре бувад ҳар чашмаи ин кӯҳсор, Чашмҳои рӯшану бехоби Меҳан зинда бод! Гармии ҷону диланду рӯшноиофаранд, Обҳои пуртабу пуртоби Меҳан […]Идома...
Камол НАСРУЛЛО СУХАНИ ХУД МЕБОШ Оҳ, соҳибватан, акнун Ватани худ мебош! Самари худ, гуҳари худ, чамани худ мебош! Мисли як сабза, чу як гул зи худат берун ой, Вораҳида зи бадан, пераҳани худ мебош! Мисли як бози фалакгир бишав боз аз худ, Боли парвози мутантан ба тани худ мебош! Мисли як […]Идома...