ЗАРУРАТИ ДРАМАТУРГИЯИ КЎДАКОНА

Вазъи кунунии драматургияи бачагона  нигаронкунанда аст. Агар чанд афсонаеро аз рўзгори олами вуҳуш дар саҳнаи театрҳои лўхтак сарфи назар намоем, имрўз дар саҳнаи 19 театри ҳирфавии ҷумҳурӣ қариб ки ягон асари ҷолиби диққатро аз рўзгори имрўзи кўдакон намебинем.

Пўшида нест, дар мавзўи  бачаҳо асари ҷолиб офаридан кори саҳлу содда намебошад. Билхоса жанри душвору мушкилписанд — драматургияи  бачагона аз муаллиф дониши амиқ, истеъдоди  фавқулодаро тақозо менамояд.

Замоне драманависони касбӣ ва чанде аз адибони мо аз рўзгори бачаҳо ва барои онҳо асарҳои ҷолиб меофариданд, саҳнаи театрҳоро зеб медоданд, сермаҳсул буданд. Аз нўги қалами онҳо асарҳои хуби бачагона ва дигар намоишномаҳо тавлид шуда буданд.

Намоишномаи Гулрухсор «Ғори аҷинаҳо» дар  Театри давлатии  ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов қариб ҳазор маротиба намоиш дода шуд.

Мутаассифона, имрўз вазъ дигар аст. Ҳам драманависони калонсолу пуртаҷриба ва ҳам ҷавонон камтар ба драматургияи бачаҳо рўй меоранд. Ба шўрои драматургияи Иттифоқи нависандагон ва Вазорати фарҳанг асарҳои бачагона қариб ки пешкаш намешаванд.

Чанде пеш дар пойтахт Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту-2019» баргузор гардид. Мо интизор будем, ки ягон асари бачагона рўи саҳна меояд. Ин нияту орзуи моро, хушбахтона, коллективи Театри  давлатии мусиқии тамошобинони ҷавони шаҳри Хуҷанд амалӣ гардонд. Онҳо асари драматург Ҳалим Шариф «Пораи дили модар»-ро пешкаши тамошобинон гардонданд.

Як гул нишонаи баҳор нест мегўянд. Бо вуҷуди ин, падид омадани гулаке ҳам фоли нек аст. Умед аст, ки ба драматургияи бачаҳо ҷавонони боистеъдод, ки имрўзҳо дар факултаи театрӣ-бадеии Донишкадаи санъат ва фарҳанг ва факултаи  филологияи Донишгоҳи миллӣ таҳсил менамоянд, ворид мешаванд ва ҷои холибударо пурра месозанд.

 Ато ҲАМДАМ,

мудири бахши робитаҳои адабӣ, тарҷума ва драматургияи ИНТ

Дигар хабарҳо