ЗИКРИ ХАЙР

Рўзи 13 августи соли ҷорӣ номзади илмҳои филологӣ, адабиётшиноси барҷаста, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷумъабой Азизқулов дар синни 87-солагӣ аз дунё рахти сафар барбаст.

 Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрўди ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омада, соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм мекунад ва ба ҳайси ходими илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, муҳаррири илмӣ, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик кор мекунад.

Ў бо ҳидояти устоди роҳнамояш дар илм — шарқшиноси номӣ, узви вобастаи АИ ҶТ И. С. Брагинский ба таҳқиқу нашри осори насри таълифӣ ва ё, ба истилоҳ, насри маснўъ дар адабиёти форсии тоҷикӣ машғул мешавад ва дар ин замина як силсила корҳои арзишмандеро анҷом медиҳад, монанди рисола барои дарёфти номзади илмҳои филологӣ “Асл ва пайдоиши китоби Синдбод” (1974) нашри “Пандномаи Син- дбод” (1963), “Гулзори ҳикмат” (1966), “Саргузашти Ҳотам” (1967, бо ҳамкории Субҳон Давронов), “Самаки айёр” (ҷилди 2, 1970), “Китоби Ҳаким Синдбод” (1971; 2009), “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ (2012) ва ғ.

Муҳаққиқ ҳамчунин ба таҳқиқ ва нашри шеъри гузашта, адабиёти муосир ва робитаҳои адабӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла дар бораи Анварӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Садриддин Айнӣ, Муҳам- мадҷон Раҳимӣ ва дигарон бо номҳои “Абдулқодирхоҷаи Савдо” (1960), “Саъдии Шерозӣ” (1962), “Аҳмадҷони Ҳамдӣ ва мероси адабии ў”, “Интишор ва шуҳрати ҷаҳонии осори Айнӣ” (1963), “Шоири маҳбуби мо” (1961) ва ғ. мақолаву ри- солаҳое навишта, “Маҷмўаи осор”-и Аҳмадҷони Ҳамдиро ба табъ расонидааст.

Ҳунари Ҷумъабой Азизқулов ҳамчун муҳаққиқ махсусан дар таълифи як силсила тақриз ва нақду баррасӣ бар таълифоти илмӣ ва нашрҳои ҷудогонаи матншиносӣ зуҳур намудааст. Навиштаҳои ў “Иқдоми нек” дар бораи нашри маснавии Абдуллоҳи Ҳотифӣ “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Таҳрир ё тафсир”, оид ба чопи шеърҳои Шамсиддин Шоҳин ва Тошхўҷаи Асирӣ дар таҳрири Муҳаммадҷон Раҳимӣ, “Доир ба илми бадеъ” роҷеъ ба китоби Тўрақул Зеҳнӣ “Санъати сухан”, “Китоби ҳикмати халқ” дар заминаи маҷмўаи “Панду ҳикматҳо» дар таҳияи Муллоҷон Фозилов, “Сухани тоза дар мавзўи куҳан” бар китоби И. С. Брагинский “12 лавҳа”, “Аз Ғолиб то Иқбол”, дар бораи рисолаи А. Ғаффоров “Назми форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дуюми асри 19 ва охири 20” то имрўз аз ҷумлаи намунаҳои беҳтарини нақди нақд ва матншиносӣ ба шумор мераванд.

Ҷумъабой Азизқулов ба сифати тарҷумон беш аз бист қиссаву роман ва маҷмўаи ҳикояҳои адибони хориҷиро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо аз ҷумла асарҳои Анвар Олимҷонов “Маснади Рўдакӣ” (1967), “Армуғони Утрор” (1973) ва “Пайкони Маҳамбет” (1983), В. Шукшин “Суҳбати маҳтобшаб” (1981), Темур Пўлодов “Маро аз ҷангал ҷўед” (1981), Александр Дюма “Се мушкетдор” (1984) ва “Граф Мон- те-Кристо” (1985; 2010), Олес Гончар “Одам ва яроқ” (1985), И. Авижус “Бехонумон” (1987) ва Ярослав Гашек “Саргузашти сарбози чолок” (2009) ҳастанд ва дар байни хонандагони тоҷик алоқамандони зиёде пайдо карданд. Таҳриру тасҳеҳи “Самаки айёр”, “Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик” дар чаҳор ҷилд ва “Саҳеҳ-ал-Бухорӣ” дар шаш ҷилд низ ба қалами ў тааллуқ дорад.Таҷрибаи бобарори Ҷумъабой Азизқулов дар тарҷума ва таҳрир шоистаи он аст, ки аз тарафи тарҷумашиносон ва сабкшиносон ба таври ҷудогона омўхта шавад. Анҷоми ин кор рушди баъдии тарҷумаи бадеиро таъмин ва ҳунари таҳриру тасҳеҳро дар Тоҷикистон комил мегардонад.

Фаъолияти бисёрсолаи Ҷумъабой Азизқулов дар соҳаи тарҷумаву таҳриру тасҳеҳ ва идораи ЭСТ барояш мактаби бузурги забономўзӣ, забондонӣ ва суханшиносӣ буд. Ва ў имрўз яке аз беҳтарин суханшиносони тоҷик ба шумор меравад ва аз тарафи адибон ва донишмандони номии тоҷик, аз қабили Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва узви вобастаи АИ ҶТ Акбари Турсон эътироф гардидааст.

Ёди донишманд ва адиби ростин Ҷумъабой Азизқулов гиромӣ бод.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо