ТАҲЛИЛИ НАСРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон насри даврони Истиқлолият аз ҷониби нависандагон ва адабиётшиносону мунаққидон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнус Юсуфӣ дар оғоз иброз дошт, ки дар насри замони истиқлол воқеан бо шарофати ваҳдату осудагӣ дигаргунию пешравиҳо дида мешаванд. Номбурда бар хилофи андешаҳое, ки гӯё жанри ҳикоя рӯ ба таназзул овардааст, зикр кард, ки дар ин давра нависандагони баркамол ва ҷавони тоҷик бисёр ҳикояҳои хуб навиштанд. -Дар дигар жанрҳо низ навгониҳо ба чашм мерасанд,-афзуд Юнус Юсуфӣ.

Сипас гузоришгари асосии нишаст доктори илмҳои филологӣ Масрур Абдуллоҳ ба таври густарда дар атрофи арзиши асарҳои мансури замони Истиқлол мулоҳиза ронд. Ӯ баён дошт, набудани маҳдудият дар интихоби мавзӯъу қолабу жанр ба нависандагони тоҷик имкон додааст, ки асарҳои арзишманду хонданӣ офаранд. Ӯ як силсила асарҳои намоёни дар ин давра таълифшударо ном бурда, пешниҳод кард, ки насри ин даврон бояд марҳалабандӣ карда шавад.
Ба андешаи Масрур Абдуллоҳ имрӯз тақвият додани иртиботи наср бо синамо ва ҷой додани гузинаи электронии асарҳо дар интернет барои тарғиби адабиёт ва ҷалби хонандагон тадбирҳои муҳим мебошанд.
Дар муҳокима Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зимни андешаронӣ перомуни вазъи насри имрӯз изҳор дошт, ки дар тӯли 25 сол нависандагони мо заҳмати бисёр кашиданд ва бо сарпарастию ғамхории Пешвои миллат китобҳои зиёд ба нашр расиданд.
-Барои асар навиштан фазову шароити хубу мусоид мебояд. Имрӯз бо ғавғову фарёдҳои ҳамсояҳои наздику дур дар хона нишаста навиштан душвор аст,-гуфт номбурда.
Ҳамчунин ӯ афзуд, ки асарҳои нашршуда ба нақду баррасӣ ниёз доранд. Бе хотирбинию «ошноӣ» ҳусну қубҳи онҳоро сари вақт ошкор бояд кард.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев озодии сухан ва фазои эҷодро дар иншои асарҳои хуб омили таъсиргузор донист. Ба назари ӯ асарҳои таърихие, ки имрӯз навишта мешаванд, дарду ормонҳои нуҳуфтаву нагуфтаи асри гузаштаанд ва имрӯз вақти он расидааст, ки рӯи коғаз оянд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод дар баробари пешравиҳо якчанд нақсу норасоиҳои насри ин давронро зикр карда, иллати асосии онҳоро дар камдонишии бархе носирон донист. Ӯ гуфт: -Барои он ки адабиёт солим бошад, ба донишу савод диққат бояд дод.
Муҳаққиқ ва адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ назарашро дар ин маврид чунин баён кард: «Дар бораи сифати адабиёт бояд андешид. Нависанда бояд назару дарки нав дошта бошад. Бо воқеанигорӣ набояд иктифо кард. Дар тӯли 25 сол дар насри мо ҷараёнҳои наве пайдо шуданд, ки ба нақду баррасӣ ниёз доранд».
Дар рафти баррасӣ адабиётшинос Муртазо Зайниддинов якчанд таҳқиқу пажӯҳиши анҷомдодаи устодони факултаи филологияро ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин кор вақту замон мехоҳад. Ба андешаи ӯ барои аз хурдӣ саводнок шудан дар мактабҳои миёна ба роҳ мондани иншо, ки мутаассифона, имрӯз аз байн рафтааст, ҳатмист.
Дар нишаст ҳамчунин нависандагон Бароти Абдураҳмон ва Мансур Суруш андешаҳояшонро баён карданд.
Дар охир, зимни ҷамъбасти нишаст муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнус Юсуфӣ таъкид намуд, ки як сабаби интишор ёфтани асарҳои суст беназорат мондани чопхонаҳои хусусист.

Дигар хабарҳо