ШЕЪРИ ДИРӮЗ ДАР ХИДМАТИ ИМРӮЗ

Осори устод Мирзо Турсунзода ниёз ба муаррифиву баррасии муфассал надорад. Аз ҷумла, оид ба «Қиссаи Ҳиндустон» дар тӯли беш аз ҳафт даҳсолае, ки аз таълифаш гузаштааст, чандон мақолаву рисолаҳо чоп шудаанд, ки дар бораи камтар аз асарҳои адабиёти мо ба табъ расидаанд. Бо истифода аз ин маврид танҳо чанд нукта пешниҳоди хонанда мешавад.

  1. Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» яке аз қуллаҳои баландтарини эҷодиёт ва намоёнгари барҷастаи озодманишиву ободидӯстӣ, ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ, адолатхоҳию инсонпарварии устод Мирзо Турсунзода аст. Шахсе бо чунин тинат табиатан бисёр одил аст ва натанҳо нисбат ба худ, балки дар мавриди ҳамагон заррае тоқати ноҳақию беадолатӣ надорад, Инсонро як мавҷуди озоду озода, шарафманду арҷманд мешиносад ва ҳамеша танҳо ҳамин гунааш дидан мехоҳад.
  2. Ин сифатҳо, яъне ҳақҷӯиву ҳақгӯӣ ва адолатхоҳию инсонпарварӣ, ногаҳону тасодуфан дар ин асар мавриди корбаст қарор нагирифта, бешу кам дар осори қаблии устод Мирзо Турсунзода ба мушоҳида мерасиданд. «Хазон ва баҳор», «Писари Ватан», «Водии Ҳисор» ва ғайра мисоли инанд. Зуҳуроти ин сифатҳо дар шеъру достонҳои баъдинаи шоир низ равшан аст. Лекин, ба таъкид мегӯем, ки озодманишиву ободидӯстӣ, ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ, адолатхоҳию инсонпарварии устод Мирзо Турсунзода бори аввал дар «Қиссаи Ҳиндустон» ба авҷи аъло расиданд.
  3. Ҳиндустон яке аз мавзӯъҳои ҳамешагии адабиёти мо буд, лекин маҳз устод Турсунзода тасаввуроти ҳазорон нафари ғоибона мафтуну ошиқи онро дигаргун сохта, диққатҳоро ба тарафи дигари он ҳама ҷаззобияту дилрабоиҳо ҷалб кард. Худи устод дар ҳолномаи барои яке аз китобҳои дар Маскав чопшудааш зикр мекунад, ки аз кӯдакӣ дар бораи Ҳиндустони афсонавӣ бисёр шунида ва дар орзуи дидани он буд. Яъне, яқинан метавон гуфт, ки Турсунзода мафтуни тасаввуроти романтикӣ ба Ҳиндустон рафта, аз ҳаёти реалии он басо мутаассир баргашт ва ин таассуроти барои худаш ҳам ғайричашмдоштро муассир ба қалам дод. Ва хонандагони кишварҳои гуногун, ки низ аз рӯи нақлу ривоятҳо шефтаи назаррабоиҳои Ҳиндустон буданд, тавассути шеъри шоири тоҷик дар паҳлуи қасру кӯшкҳои муҳташам кулбаҳои ҳақиронаву фақиронаро ҳам диданд, такаббуру тафохури роҷаҳои ҳиндуву хоҷаҳои англисиашонро бо хориву зории беназири оммаҳои заҳматкаш муқоиса намуданд, қашшоқиву бечорагӣ, ғуломию бардагии милёнҳо сокинони ин кишвари афсонавиро самимона эҳсос карданд.
  4. Дар даврае, ки ҳаракати миллии озодихоҳии мардуми Шарқ, аз ҷумла халқи Ҳиндустон, авҷ мегирифт, суханони ҳақҷӯёнаю ҳақиқатнигорона ва рӯҳафзою илҳомбахши устод Турсунзода пайваста бо фаъолиятҳои пурбори сиёсиаш чун лашкари бебоки озодиоваре ба он оммаҳои мубориз пайваст ва зӯру қудрати онҳоро дучанд карда, фарорасии истиқлолияти воқеии Ҳиндустон ва дигар кишварҳои мустамликаву мазлуми Шарқро суръат бахшид.
  5. Ду чиз аст, ки асари адабиро абадӣ мекунад: ғояи баланд ва ҳунару маҳорати волои бадеӣ. Дар «Қиссаи Ҳиндустон» ин ду омил бо ҳама тавоноӣ ҷӯру тавъам эҳсос мешаванд. Имрӯз он нуктаҳое, ки устод Турсунзода зикр карда буд, яъне зулму бераҳмӣ, зери ливои демократия бедодгариҳои худхоҳонаю худкомонаи гӯшношунид, манфиатталабию судхории аҳли сарвати ҷаҳон ва дар ин роҳ қурбон намудани халқу давлатҳо, ба хусус миллату мамлакатҳои Шарқ, авҷи нав мегирад. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар ин замина суханони беш аз ҳафтод сол пеш гуфтаи устод чӣ хел рӯзмарраю замонавӣ садо медиҳанд:

Дидам авзои киштии вазнин,

Сангару қалъаҳои фӯлодин,

Ҳар тараф ганҷҳои бемиқдор,

Пурбаҳо нефт – конҳо бисёр.

Дидаам тӯдаи ғуломонро,

Пою сарҳо бараҳна инсонро,

Писару духтарони бекасу кӯй,

Арабу форсҳои маъвоҷӯй.

Ё худ:

Дӯстам Ахвледиани маро

Хуб фаҳмиду гуфт: дар дунё

Ин парастандагони молу зар,

Дӯстдорони хокҳои дигар

Нафақат золиманду ҷаллоданд,

Балки ҷосусҳои устоданд.

Мисоли барҷастаи дигар:

Моҷарое буд дар ин сарзамин

Аз барои пахтаи абрешимин,

Моҷарое дар сари рангинфулуз

Аз барои ҳукмронию нуфуз.

Бӯи бензин, нефт аз ин баҳру бар

Меравад то қитъаҳои Бохтар,

То дари контори Уол-стрит

Мебарад аз ганҷу маъданҳо «навид».

Меравад бо абрҳои осмон

То паси уқёнус, он сӯи ҷаҳон.

Меравад, меорад аз иқлими дур

Бар сари ин сарзамин иғвою шӯр.

Дар Ироқ оварда он бисёрҳо

Коммунистонро ба рӯи дорҳо.

З-ӯ дар Эрон зулми нав эҷод шуд,

Дори нав, зиндони нав бунёд шуд.

Оё ин сатрҳо воқеияти имрӯзаи ҷаҳон, ба хусус бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздикро дақиқу аниқ ифода намекунанд? Ҳамон кишварҳо, ҳамон мушкилаҳо. Гоҳе кишвару мушкилаҳо дигар мешаванд, вале моҳияти масъала ҳамоне мемонад, ки буд.

Ин аст, ки ғояи озодихоҳиву адолатҷӯӣ, ки асосу ҷавҳари «Қиссаи Ҳиндустон» аст, имрӯз чун омили зарурии ҳастии миллату тамаддунҳо бо рангу тобиши нав зуҳур мекунад. Агар эҳсоси баланди шоирӣ ва маҳорати бузурги сухани бадеъ офаридани муаллифро ба ин андешаҳо биафзоем, гуфта метавонем, ки «Қиссаи Ҳиндустон» бо ғояву пояҳои ҳунарии хеш асари хонданию мондании имрӯзу фардо, яъне яке аз асарҳои ҷовидонаи адабиёти мост ва шеъри устод Турсунзода дар шароити печидаи имрӯз ҳам яке аз фаъолтарин муборизони роҳи озодиву истиқлолияти миллатҳову давлатҳост.

ТУРСУНЗОДАВОР

То дилам аз шуълаи рухсори ту рӯшан шуда,

Дар нигоҳам рӯи олам бехазон гулшан шуда,

Чашми рахшонат ба сӯи бахти ман равзан шуда,

Хуш ба ҳоли ман, ки як олам насиби ман шуда!

Роҳи дил манзил надорад, гар набошад ишқи ту,

Рӯди дил соҳил надорад, гар набошад ишқи ту,

Нахли дил ҳосил надорад, гар набошад ишқи ту,

Дил ғурури дил надорад, гар набошад ишқи ту!

Гар набошад ишқи ту, нуру сафои хона нест,

Он муҳити дилнавозу дилкушои хона нест,

Бӯи меҳру бӯи ёрӣ дар фазои хона нест,

Аз тило бошад сутунаш ҳам, бақои хона нест!

Маъние омад аён аз ишқи ту, эй ишқзод:

Зиндагиро инчунин арзанда маъно ишқ дод,

Ҷону дилҳоро кунад ишқ авҷхоҳу ишқ род,

Дини дилҳо ишқ бод, оини дунё ишқ бод!

То биёбам гармии дил дар баҳори ишқи ту,

То вуҷудам пур шавад аз баргу бори ишқи ту,

Мегурезам дилхумору ҷонхумори ишқи ту

Аз канори ин ҷаҳон то беканори ишқи ту.

Низом ҚОСИМ

Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо