САБТ НОМИ Ӯ БА ЛАВҲИ ЁДҲОСТ
13 августи соли равон аз марги Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар як соли расо сипарӣ шуд. Дар ҳамин рўзи соли равон пайвандону дўстон, аҳли қалам ва мухлисони шоири равоншод ба мазори Лучоб ҷамъ омаданд, то дар расми гузоштани лавҳи ёдгор ба қабри устод ширкат варзанд ва ёди ўро гиромӣ доранд. Лавҳи зебои ёдгор бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ гузошта шуд. Дар он расми шоир ва як рубоии ў ба таври зебову диданӣ нақшбандӣ шудааст.
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғози ҷамъомад роҷеъ ба рўзгори ибратбахши устод Гулназар, осори арзишманд ва ҷойгоҳи волои ў дар адабиёти муосири тоҷик сухан гуфт. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Гулназар дар тамоми самтҳои адабиёт, ҳам дар назм, ҳам дар наср, ҳам дар драматургия, ҳам дар шеъри кўдак, ҳам дар тарҷума ва ҳам дар филмноманависӣ корҳои шоистаеро анҷом дод ва дар ҳар яке аз ин шохаҳо мероси арзишманд ба ёдгор гузошт.
Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, шоир Давлат Сафарзода зимни суханронияш иброз дошт, ки устод Гулназар бо сифатҳои фарқкунандаи инсонӣ, некназариву хушсуханияш хосса ва осори ғанияш ҳамеша дар ёдҳои мо зинда аст. Набудани шоири марҳум дар муҳити адабии мо ҳамеша эҳсос мешавад. Сипас номбурда шеъреро, ки соли гузашта дар сўги Гулназар навишта буд, қироат кард.
Устод Гулназар дар ҳалқаи дўстону ҳамқаламонаш мақоми хосса дошт. Маъракаороӣ, хушсуҳбатӣ, зарофат ва ҳозирҷавобиҳои ў муҳиту фазоро пур мекарду ба ҳамагон шодмонӣ мебахшид. Ин маънӣ дар суханронии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо мисолҳои мушаххасу муассир ифода ёфт. Нависандаи маъруф аз дўстии деринсол, ҳамкориҳои доимӣ, ҳамнишиниҳову ҳамсафариҳо ва умуман робитаи қавии дўстияш бо шоир ёдовар шуда, ўро адибу инсони камназир донист. Номбурда илова кард, ки Гулназар дар баробари эҷоди ашъори баланд, дар иншои наср низ дасти хеле қавӣ дошт. Ҳикояҳои кўтоҳи хонданияш бо ҷузъиёти хотирнишин, тасвирҳои дақиқу зебо ва мазмуни баланд далели муътамади ин фикр мебошанд.
Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло андешаҳояшро дар мавриди нақшу ҷойгоҳи Гулназар дар шеъри нави тоҷикӣ ин тавр баён кард: «Бо рафтани устод Гулназар дар адабиёти имрўзи мо тиҳигоҳи бузурге пайдо шуд. Ў шоире буд, ки ҳамеша барои навоварӣ ва қолабшиканӣ талош менамуд. Бо ҷасорати хос ҳама шеваҳои навтарини шеъргўиро таҷриба мекард. Аз ин рў, мо кам шоиреро медонем, ки дар шеър ин қадар ҷасорат зоҳир намуда, таҷрибаи зиёд кардааст ва ашъорашро аз ҷиҳати шаклу қолаб ва равишу услуб ғаномандӣ бахшидааст.
Устод Гулназар шахсияти фарқкунанда ҳам дошт. Дар сиришту симои ў сифатҳои устодони назми муосир ва насли пеш аз худаш таҷассум ёфта буд».
Дар бораи садоқат ба дўстиву ош- ноӣ, нону намакшиносӣ, ростқавлӣ ва ҳунари баланди эҷодгарии шодравон ҳамчунин Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо сухан гуфт ва ҳамқалами худро ба некӣ ёд кард.
Дар ҷамъомад намояндаи шуъбаи фарҳанги ноҳияи Айнӣ низ иштирок дошт ва зимни суханронияш иброз намуд, ки роҳбарияти ноҳия ва сокинони он ба устод Гулназар иродату ихлоси зиёд доштанд ва ин муҳаббату эҳтиром ҳамешагист.
Ҳамчунин ноиби президенти Академияи миллии илмҳо Абдураҳмон Маҳмадов, раиси Иттифоқи оҳангсозон Амирбек Мўсоев ва дигарон дар бораи шахсияту осори шоир сухан ронда, хотири ўро пос доштанд.
Рубоие , ки дар лавҳи ёдгори марқади устод Гулназар дарҷ шудааст, чунин аст:
Ғофил магузар ту аз китоби дили ман,
Аз розу ниёзу аз хитоби дили ман.
Аз шоири шўридаи хомўш пур аст
Ин пуштаи маҳзуни Лучоби дили ман