МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

Аз 20 то 22-юми майи соли равон маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд адибони ҷавонро аз ҳама нуқтаҳои кишвари азизамон ба оғӯшаш гирифт. Қаламкашони ҷавоне, ки дар марҳалаи аввали Машварати омӯзишии адибони ҷавон иштирок карда ва ба марҳалаи охир роҳхат гирифта буданд, барои ширкат дар марҳалаи ҷумҳуриявӣ ба ин шаҳри бостонии саршор аз зебоиву ҷавонӣ омаданд ва тайи ду рӯз аз устодони сухан дарси маҳорат омӯхтанд.

 Сафари мо ҳамроҳи дӯстони навқалам гуворову баёдмонданӣ буд ва рухдодҳои ширину хотирмоне дошт. Аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ – аз Бадахшону Хатлон, Рашту Ҳисори Шодмон, Душанбеи ҷаннатнишон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба даври суфраи пур аз нозу неъмати маънавӣ ҷамъ омаданд ва чошниҳо бардоштанд. Хуррамиву шодобии Хуҷанд ҳамагонро тасхир намуд ва эҳсосҳои зебоеро дар дилҳо бедор карду ҷавонадибонро ба ваҷд овард.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, адибон Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Парда Ҳабиб, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ ва Муҳриддин Сабурӣ дар ин сафар ҷавононро ҳамроҳӣ карданд. Рӯзи аввал, 20-уми май дар Кохи ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии Машварати адибони ҷавон хеле бошукӯҳ баргузор гардид. Котиби масъули бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар оғоз баргузории машварати мазкурро рухдоди муҳими фарҳангӣ дониста, ба кори он барору комёбӣ хост ва риштаи суханро ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дод. Раҷаббой Аҳмадзода бо эҳтироми хос меҳмононро хушомадед гуфта, дар суханронияш изҳор дошт, ки имрӯз ҷомеаи мо ба истеъдодҳои нав ниёз дорад. Номбурда ибрози умедворӣ кард, ки дар ин машварат чунин истеъдодҳои нав кашф мешаванд ва барои рушди адабиёти миллиямон дар оянда хидмат мекунанд.

Раиси вилоят ҳамчунин дар бораи вазъи доираи адабии вилояти Суғд ва фаъолияти хуби бахши суғдии Иттифоқи нависандагон сухан гуфта, хабар дод, ки бинои нави чорошёнае барои баргузор намудани маҳфилу нишастҳои адабӣ ва густардатар шудани фаъолияти ин бахш бо шароити замонавӣ бунёд мешавад. Ин муждаро ҳамагон бо хушҳолӣ қабул карданд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зимни суханронии худ барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати баргузории Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон ба раиси вилояти Суғд арзи сипос намуд ва изҳор дошт, ки дар ин машварат аз ҳама гӯшаву канорҳои ватанамон навқаламон гирд омадаанд ва имкони хубе фароҳам оварда шудааст, ки онҳо аз устодон маслиҳатҳои судманд бигиранд, аз шебу фарози роҳи эҷод огоҳ шаванд, бо якдигар дӯст шаванду аз навиштаҳояшон бохабар гарданд. – Машварат воситаи хубест барои ба ҳам пайвастани адибони ҷавон ва мунаввар шудани роҳи эҷодашон, — таъкид кард устод Низом Қосим.

Сипас аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд барномаи зебоеро ба ифтихори 80-солагии устод Лоиқ Шералӣ бо гардонандагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона манзур намуданд. Адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб аз рафоқаташон бо устод Лоиқ ва вижагиҳои шахсияту эҷодиёти ӯ сухан гуфтанд. Сурудҳои иҷрокардаи сарояндагони хушсадо аз матни ашъори шоири шаҳир гувороии хос дошт ва ба ҳама иштирокдорони машварат хушвақтиву хушҳолӣ бахшид. Ба як калом, базме буд пур аз шӯру ҳоли ҷавонӣ ва ишқу зебоӣ.

Нимаи дувуми ҳамон рӯз кори машварат дар бахшҳои назму наср, нақди адабӣ, публитсистика, адабиёти кӯдак ва драма оғоз ёфт. Бахши назм аз се гурӯҳ ва бахшҳои дигар аз як гурӯҳ иборат буданд.

Бештари иштирокчиёнро шоирон ташкил медоданд. Гурӯҳи аввали бахши назмро Фарзона, гурӯҳи дувумро Аскар Ҳаким ва гурӯҳи сеюмро Камол Насрулло роҳбарӣ карданд. Ба ҳайати корбарон ҳамчунин Парда Ҳабиб, Нарзуллоҳи Азизиён, Баҳроми Раҳматзод ва Муҳриддин Сабурӣ шомил буданд.

Ашъори шоирони ҷавон аз сӯи устодон бо камоли диққат баррасӣ шуданд. Устодон ҳусну қубҳ ва қуввату заъфи шеърҳоро баршумурданд ва барои рафъи камбудҳо, пухтаву расо шудани шеърашон маслиҳатҳо доданд. Дар маҷмӯъ аз бахши шоирӣ бештар аз чил нафар шоири ҷавон ширкат варзиданд ва аз суҳбату мулоҳизаҳои устодон баҳравар гардиданд. Шумори иштирокдорони ин бахш аз дигар бахшҳо бамаротиб бештар буд ва ин албатта табиист, зеро ба қавли маъруф, коми тоҷиконро бо шеър бардоштаанд. Ба ҳамаи иштирокдорони ин бахш маслиҳат дода шуд, ки қоидаҳои фаннии назмро ба хубӣ аз худ намоянд, забону баёни худро сайқал дода, ба шеъри имрӯз наздик кунанд, аз корбурди вожаҳои қадимиву аздаҳонафтода парҳез намоянд, аз мавҳумот даст кашанд ва кӯшиш кунанд, ки шеър бо рӯҳи замон созгор бошад.

Аз бахши наср ҳамагӣ 11 нафар аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок доштанд ва маҳсули хомаи онон аз ҷониби нависандагони шинохта Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Маъруф Бобоҷон, Муқим Воҳид, Сироҷиддин Икромӣ ва Матлуба Ёрмирзоева мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар миёни онҳо тарҷумонҳои ҷавон низ буданд, ки асарҳои аз забони русӣ тарҷуманамудаи худро манзур карданд.

Бино ба маълумоти роҳбари бахши мазкур Равшан Махсумзод, носирони ҷавон тарона, ҳикоя ва қиссаҳои худро ба машварат пешниҳод намуданд ва як камбудӣ қариб ба ҳама хос буд: костагии забону баён ва истифодаи ноҷои вожаҳо. Бо назардошти ин ба нависандагони ҷавон маслиҳат дода шуд, ки барои солиму покиза ва беғалат шудани забонашон талош кунанд ва бадеияти навиштаҳояшонро биафзоянд.

Дар бахши нақди адабӣ чор нафар мунаққиду пажӯҳишгари ҷавон иштирок карданд ва ба гуфтаи роҳбари бахш профессор Абдунабӣ Сатторзода, навиштаҳояшон дар маҷмӯъ хубу умедбахшанд ва метавон гуфт, ки онҳо барои навиштани нақди хуб омода шудаанд.

Боиси таассуф аст, ки ҳама иштирокдорони бахши нақди адабӣ намояндагони шаҳри Хуҷанд буданд, аз дигар минтақаҳо ба машварат ноқидони ҷавон ҷалб нашуданд. Ин дар ҳолест, ки адабиёти мо имрӯз ба нақди адабии қавӣ ва мунтақидони хуби ҷавон ниёзи шадид дорад.

Яке аз навгониҳои машварати мазкур ба бахшҳо ҳамроҳ кардани бахши публитсистика буд, ки дар машваратҳои қаблӣ сарфи назар мешуд. Дар ин бахш таҳти роҳбарии Ато Мирхоҷа навиштаҳои ду нафар – Сайёра Шукурзода ва Беҳрӯз Холмуродов таҳлилу баррасӣ шуданд. Гарчи хеле кам аст, вале ба ҳар сурат иштироки ду нафар дар ин бахши муҳим боиси хушҳолӣ гардид.

Асарҳои ба бахши драма ва адабиёти кӯдак пешниҳодшуда низ бо роҳбарии Ато Мирхоҷа ва мушовирии Ҳақназар Ғоиб, Саиднабӣ Наҷимӣ ва Абдуҳалим Шарифов баррасӣ шуданд. Аз бахши драма ду нафар ва аз бахши адабиёти кӯдак танҳо як нафар ширкат варзид, ки боиси нигаронист.

Бо вуҷуди камшумории иштирокдорон дар баъзе бахшҳо, кори машварат хубу пурсамар ҷараён гирифт ва ба адибони ҷавон таассуроти амиқ гузошт.

Рӯзи охир, 22-юми май дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки ҳамаи адибони ҷавон ва адибони баркамол маросими ҷамъбасти машварат баргузор гардид ва дар он кори ҳамаи бахшҳо натиҷагирӣ шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар хусуси манфиатҳо ва таъсири неки машварат ба адибони ҷавон сухан гуфта, аз ҷумла баён дошт, ки кор бастани маслиҳатҳои устодони пуртаҷриба боиси пухтагиии эҷоди адибони ҷавон хоҳад буд. Машварат гарчи ҳамагӣ чанд рӯз идома меёбад, вале агар ба суханҳои устодон ба диққат гӯш дода шавад, басо фоида хоҳад овард, равиши эҷоди ҷавононро муайяну мушаххас хоҳад кард. Сипас Раиси ИНТ аз роҳбарони бахшҳо хоҳиш кард, ки гузоришҳои худро аз натиҷаи корашон ироа намоянд.

Роҳбари гурӯҳи аввали бахши назм, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ҳангоми натиҷагирии кори гурӯҳи худ иброз дошт, ки ашъори ҳар як иштирокчӣ аз ҷиҳати хосе қобили таваҷҷуҳу мулоҳиза буд ва баёнгари истеъдоди онҳо. Ӯ иттилоъ дод, ки дар гурӯҳи мазкур 14 шоири ҷавон ширкат доштанд ва ҳунару маҳорати ҳар кадоме дар сатҳу пояҳои гуногун буд. Аз миёни онҳо Хуршеди Эҳсон, Фарзонаи Зарафшонӣ, Шаҳриёр Олимӣ, Родмеҳр Сулаймонӣ, Бобораҷаб Сабурӣ, Зиёвиддин Бӯриев ва Азимҷони Алӣ бо таҷрибаи нисбатан бештар тафовут доштанд ва ашъорашон аз назари ҳунарӣ ва саводи шоирӣ беҳтар буд.

Фарзона ҳамчунин намунаҳои ашъори Омина Ҳамроева, Шукрона Тоҳирӣ, Малоҳат Толибова, Ганҷина Дарё, Фаридун ва дигаронро умедбахш арёзбӣ карда, маслиҳат дод, ки ба омӯзиши пайваста ва андӯхтани таҷриба бештар машғул шаванд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ҳангоми натиҷагирии кори гурӯҳи дувум гуфт, ки ашъори пешниҳодшуда дар маҷмӯъ хубу умедбахш буданд. Дар миёни иштирокчиён касоне ҳам буданд, ки шеъри пухтаву сара ва ҳам касоне, ки таҷрибаи камтар доштанд. Ин ҷо метавонем чанде аз онҳо, аз ҷумла Абдуманнони Хаммор, Сулаймони Аҳтам ва Назархудо Назархудоевро ном барем, ки ашъорашон аз ҳар ҷиҳат хубу солим буд. Ҳамчунин дар баробари инҳо навиштаҳои Фарзона Восиева, Фаридаи Давлат, Муродгул Қурбонова ва Дилноза Холматова низ баҳои хуб гирифтанд. Баъзе аз инҳо, аз ҷумла Фарзона Восиева ба тарҷумаи ашъори шоирони араб машғул аст ва тарҷумаҳояш хубу огоҳонаанд.

Мувоффиқи маълумоти роҳбари гурӯҳи сеюми бахши назм, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло шеърҳое, ки дар миёни шоирони ҷавоне, ки дар ин гурӯҳ иштирок доштанд, дурахши истеъдодҳои нав ба назар мерасид. Ҳарчанд ки бисёр шеърҳо камбуду нуқсони зиёд доштанд, ба ҳар ҳол ҷавононе ҳам буданд, ки дониши фарохи адабӣ ва маҳорати хуби шеърофаринияшон аён буд. Дар ин миён шеърҳои Рӯъё Усмонӣ, Нурӣ Муҳаммади Истам, Бахтиёри Раҳмон, Одинамуҳаммади Сӯфӣ, ва Манзури Мавлодод шоистаи таваҷҷуҳи хос буданд ва баҳои хуб гирифтанд. Сабринисо Айёмзод бо назардошти пуртаҷрибагиву озмудакорияш ба узвияти Иттифоқи нависандагон тавсия шуд.

Дар бораи натиҷаи кори бахши наср роҳбари гурӯҳ, муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод маълумот дод. Бинобар гуфтаҳои ӯ, навиштаҳояи носирони ҷавон Сайидо Шарафӣ, Хусрав Шоҳсаидов, Малоҳат Амакова, Фарангиси Аҳмад, Наимҷон Маҳкамзод беҳтар дониста шуданд ва баҳои хуб гирифтанд. Сурайё Акрамзода, ки тарҷумаҳояшро аз осори нависандагони хориҷӣ пешниҳод намуд, баҳои баланд гирифт ва ба узвияти ИНТ тавсия шуд. Ҷолиб аст, ки дар миёни иштирокдорони ин бахш нависандаи ҷавони тоҷикзабони қирғиз аз ноҳияи Лахш – Хуштарбек Мамадраимов ҳузур дошт ва навиштаҳояш ба устодон писанд омаданд. Ба ӯ маслиҳат дода шуд, ки забони адабии тоҷикиро беҳтар биомӯзад, то забони асарҳояш солиму бенуқс бошад.

Тибқи маълумоти роҳбари гурӯҳи нақди адабӣ Абдунабӣ Сатторзода, дар ин бахш панҷ ноқиди ҷавон — Сорбон Азизов, Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев, Боҳирҷон Раҷабов, Ӯғулой Воситова ва Фарзона Алиева иштирок карданд ва навиштаҳояшон аз тарафи мушовирони гурӯҳ Умеда Ғаффорова, Нуралӣ Нурзод ва Субҳони Аъзамзод баҳои хуб гирифтанд. Чаҳор нафари аввали онҳо номзади илми суханшиносӣ буда, дар бораи осори шоиру нависандагони муосир мақолаҳо навишта, пажӯҳишҳо анҷом додаанд. Майдони нақди адабӣ аз онҳо нақдҳои солиму сараро интизор аст ва умед дорем, ки минбаъд низ ба кори нақди адабӣ ҷиддӣ машғул мешаванд.

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа дар бораи натиҷаҳои кори се бахш – публитсистика, драма ва адабиёти кӯдак маълумот дод ва бо нигаронӣ изҳор намуд, ки дар ҳар се бахш иштирокчиён хеле кам буданд. Ба ҳар сурат, — гуфт номбурда, — асарҳои дар ин бахшҳо манзуршуда хубу умедбахш буданд ва аз соҳибистеъдодии муаллифонашон дарак медоданд. Аз бахши публитсистика ду нафар — Сайёра Шурзода ва Беҳрӯз Холмуродов ширкат доштанд ва навиштаҳои ҳарду шоёни диққат буданд.

Гузоришгар аз ҷумла зикр кард, ки Сурайё Шукурзода дар кори эҷоди асарҳои публитсистӣ қадамҳои ҷиддӣ мениҳад, забон ва тарзи баёнаш ҷаззоб мебошад. Ба номбурда маслиҳат дода шуд, ки бо бахши публитсистикаи ИНТ робитаи доимӣ ба роҳ монда, барои такмили маҳорати худ кӯшиш намояд.

Дар бахши драма ду нафар – Далер Мирхонов ва Саидбурҳони Раҷабалӣ ширкат варзиданд. Ба гуфтаи Ато Мирхоҷа, ин драмнависони ҷавон аз ҷониби устодон чун нависандагони ояндадори асарҳои саҳнавӣ баҳои хуб гирифтанд. Ҳардуи онҳоро бо эътимод ба узвияти Иттифоқи нависандагон пешбарӣ кардан мумкин аст. Бахши драмаи Иттифоқи нависандагон ба инкишофи эҷодии онҳо мусоидат хоҳад намуд.

Дар бахши адабиёти кӯдак танҳо якнафар – Саиднуриддин Исмоилзода иштирок дошт ва бинобар қавли Ато Мирхоҷа, шеърҳои бачагонаи ӯ ба устодон писанд омаданд. Агарчи номбурда дар публитсистикаи бадеӣ низ маҳорат дорад, маслиҳат дода шуд, ки ба шеъри кӯдакона ҷиддитар машғул шавад.

Шоистаи зикр аст, ки дар машварат шоираи ҷавони русзабон Зебуннисо Мансурова ширкат варзид ва шеърҳои ӯро адабиётшиноси шинохта Матлубаи Мирзоюнус мавриди баррасӣ қарор дод. Ба гуфтаи адабиётшинос, Зебуннисо соҳиби чандин маҷмӯаи шеър буда, дар эҷоди ашъори русӣ маҳорати хуб дорад. – Истеъдоди номбурда моро ба ояндаи хуби ӯ умедвор мекунад, — гуфт Матлубаи Мирзоюнус.

Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбасти машварат Раиси ИНТ Низом Қосим аз ҳама иштирокдорон хоҳиш кард, ки бо созмони адибон ва нашрияҳои адабии он ҳамкорӣ кунанд. Бахшҳои ИНТ омодаанд, ки барои ташаккули маҳорат ва интишори асарҳои онҳо мадад расонанд.

Ҳамин тавр Машварати омӯзишии ҷумҳуриявии адибони ҷавон бо шеърхонии чанде аз шоирони ҷавон ҳусни анҷом пазируфт.

Ҳама иштирокдорон бо кӯлбори пур аз хотироту таассурот ва табъу рӯҳияи болида ба шаҳру ноҳияҳои худ баргаштанд. Сафаре буд пур аз шавқу шӯру шодмонӣ ва эҳсосҳои ширини ҷавонӣ.

Толиби ЛУҚМОН

Дигар хабарҳо