Дурахши лоязолии санъати тоҷикон

 Дурахши лоязолии санъати тоҷикон

Эътирофи мусиқии халқии миллати тоҷик “Фалак” аз ҷониби созмони баэътибори байналмилалии ЮНЕСКО эътирофи санъату ҳунар, асолати ҳунарӣ, фарҳанги хуҷастаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки аз имтиҳони ҳазоронсолаҳои таърихи гарон гузаштаву бо сарбаландиву покизагӣ то ба имрўз расидааст ва шукўҳу шаҳомату дурахши лоязолии худро маҳфуз доштааст. Суруд ва мусиқии “Фалак” эҷоди халқи мост ва гувоҳи дурахшони ҳунару истеъдоди ин миллати тамаддунпарвару эҷодкору нексиришту хайрхоҳ аст, ки ба шарофати даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва талошҳои фарзандони фарзонаи он дар қатори дигар суннатҳои волои миллӣ, илм ва адабиёти бегазанду ҷовидони гузаштагон эҳёи дубора ёфтаву маҳбуби мардуми соҳибзавқи Сайёра гардидааст.

Аз эътирофи ҷаҳонии Наврўзи аҷам, истиқболи самимонаи бисёр суннату маросимҳои дигари тоҷикӣ то пазироии мусиқии “Фалак”-и тоҷикӣ ҳама паёми неку дуруду шодбошии халқи хайрхоҳу нексиришти тоҷик ба ҷаҳониён буда, ки дар ин замони таҳдиди хатарҳои маҳвкунандаи инсонӣ нури умеду хайру сафо ба ҷомеаи башарӣ армуғон меоранд ва бори дигар гувоҳи сиришти неки башардўстона ва ҳадафҳои волову хуҷастаи инсонии халқи соҳибтамаддун мебошанд.

Мо аминем, ки ҳанўз бисёр ҳунару суннат ва маросиму анъанаҳои неки башардўстона ва инсонпарваронаи миллати нексиришти тоҷик сазовори эъти- рофи ҷомеаи ҷаҳониянд ва дар фароҳам овардани ҳавои мусоид, ҳамдигарфаҳмӣ ва некиву инсонпарваронаи халқу миллатҳои ҷаҳон метавонанд мусоидат кунанд. Ҳар суннату маросим ва одобу анъанаи миллии мардуми мо нуру сафо ва меҳру вафои инсонӣ бо худ доранд,ки инсонҳоро инсонитар мекунанду ҳавои рўзгори инсониятро покизаву мусаффо нигоҳ медоранд. Масалан, агар аз Меҳргони мо насими меҳру сафо ва файзу баракату фаровонӣ мевазад; маросими ҷашни Сада ҳазоронсолаҳо бар алайҳи зулму торикиҳо бо оташи мунаввари худ роҳи моро рўшан, дилу манзили моро гарм медорад. Одоби ҷавонмардӣ ва футуввати инсонии халқи тоҷик баъдан дар Аврупо машҳуру маълум гардидаву сатҳи баланди меъёрҳои инсониро таълим додаву таъмин намудаааст. Аз ҷумла қавӣ будан, дурўғ нагуфтан, фиреб надодан, некӣ кардану хайрхоҳ будан ва ғайра. Одитарин суннати миллии тоҷикӣ аз рўзи нахустини ба олам омадани тифл: аз шустушўи аввали тифл, либоспўшон, гаҳворабандон, мўйисаргирон, хатна… то ба замони тўи арўсӣ ва то поёни умр ҳама дарси покиву озодагӣ ва хайрхоҳиву некандешиву дурбинист, ки як ҳадаф доштааст, зиндагии озодаву шоиста дар партаву некиву хайрхоҳиву башардўстӣ.

Ҷойи сарфарозӣ ва ифтихори бузург аст, ки имрўз ба шарофати сиёсати некбинона ва хайрхоҳонаву башардўстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон сол то сол обрў ва нуфузи миллати мо дар арсаи байналмилалӣ меафзояд ва хусусан суннату маросимҳои миллии мо ҳарчи бештар эътирофи байналмилалӣ меёбанд.Эътирофи мусиқии халқии мо “Фалак” эътирофи навбатии сиришти эҷодкору офаринандаи халқи соҳибтамаддун ва соҳибистеъдоди тоҷик аст.

ЭЪҶОЗИ“ФАЛАК”

Ба истиқболи мақоми ҷаҳонӣ гирифтани мусиқии “Фалак”

“Фалак”-и мо ба фалак бурд паём!

Ба малоҳу ба малак бурд паём!

То ба менўи дурахшони азал,

То ба ҳақдору ба Ҳақ бурд паём!

Марҳами захми фалакҳост “Фалак”!

Рози инсон ба Сурайёст фалак!

Эътирофаш натавонӣ накунӣ,

Ки зи болову ба болост фалак!

Бо “Фалак” гул зи фалакҳо чинед,

Партави нури таманно чинед,

Гули андеша зи менўи хирад,

Гули сурӣ, гули маъно чинед!

Ҳаст армони дили мард “Фалак”,

Нолаҳоест ба овард “Фалак”.

Ғуссаву ҳасрату армони башар,

Нест чуз қаҳ-қаҳаи дард “Фалак”.

Дар “Фалак” дард сухан мегўяд,

Доғи ҳар вард сухан мегўяд.

Бо “Фалак” нанг ба арғушт равад,

Ҳиммати мард сухан мегўяд.

Дар “Фалак” ҷони танат мерақсад,

Ғами дил дар баданат мерақсад.

Гулу хори Ватанат мерақсад,

Дашту кўҳу даманат мерақсад.

Баски эъҷози “Фалак” дорам ман,

Дар дилам рози фалак дорам ман.

Бо рубоиву дубайтӣ ҳама умр

Боли парвози фалак дорам ман.

Аз замин сўи само мебарадам,

Гўиё сўи бақо мебарадам.

Баста дар хешаму дастони “Фалак”

Карда аз банд раҳо, мебарадам.

Миллати ман, ки “Фалак” мехондӣ,

Фалакеро ба “Фалак” гунҷондӣ,

“Фалакат” дошт чу парвози баланд,

Дар баландои фалакҳо мондӣ.

Сухан он гаҳ, ки фалактоз шавад,

Бо “Фалак” сози нав оғоз шавад.

То ба Кайҳон, ба самои ҳафтум

Бирасад, маншаи эъҷоз шавад.

“Фалак”-и мо ба фалак хандазанон,

Зиндаям доштӣ чун набзи равон.

То ба нуҳум фалаки минўӣ

Рози ин миллати фархунда расон!

Камол Насрулло

Дигар хабарҳо