МИРЗО ТУРСУНЗОДА: ДАР БОРАИ ХУДАМ
Мирзо Турсунзода
Вақтҳои баччагӣ ҳар шомгоҳ ҳамроҳи падарам дар болои суфаи таги дарахти чормағз рӯи ҷогаҳ дароз кашида, бо ҳайрат ва масаррат чашм ба ситорагони осмони лоҷувардӣ медӯхтам.
— Ин чист? – пурсидам боре аз падарам, — ба анбӯҳи ситораҳои рахшон ишора намуда.
—Кӯчаи каҳкашон, — ҷавоб дод ӯ. Кӯчаи каҳкашон. Аҷабо. Кӯчае, ки
бо он каҳ мекашонанд. Ба тасаввури мардум ин анбӯҳи ситорагони дури осмон ба мисли каҳи рехтаи роҳ вонамуд гардидааст.
Ман аз овони кӯдакӣ дар иҳотаи чунин образҳои шоирона ба воя мерасидам.
Падарам савод надошт, вале шеъри бисёреро аз ёд медонист ва ҳар гоҳ барои ман мехонд. Аз ҳамон вақтҳо дар дилам нисбат ба шеър муҳаббат пайдо шуд.
Ман дар деҳаи Қаратоғ, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст, ба дунё омадаам. “Қаратоғ” ба тоҷикӣ “Сиёҳкӯҳ” аст. Дар ҳақиқат ҳам ин деҳаро аз чор тараф кӯҳҳои сиёҳфом иҳота кардаанд, ки аз паси онҳо силсилаи теғаҳои дандонадор ва гарданаҳои барфпӯши қаторкӯҳи Ҳисор ба назар менамоянд.
Деҳаи мо аз қадим бо ҳунармандони гулдасти худ шуҳрат дошт. Дар ин ҷо махсусан кирмакпарварӣ, чармгарӣ ва кулолӣ равнақ ёфта буд. Бофандагон матоъҳои рангоранги хилъатбоб ва шоҳивориҳои ҳисорӣ тайёр мекарданд, ки берун аз ҳудуди аморати Бухоро овоза пайдо карда буданд. Маснуоти кулолии Қаратоғ дар Бухоро ва Самарқанд харидорони зиёде дошта, ҳатто дар бозорҳои Ҳиндустон ҳам ба фурӯш мерасиданд.
Аммо мардуми меҳнаткаши Қаротоғ зиндагии фалокатбор ба сар мебурд. Сармо, гуруснагӣ, беҳуқуқӣ ҳамеша насиби одамони фақир ва бенаво буд. Давлатмандон, мулкдорон, эшону муллоҳо ва маъмурони амир зулуквор (мисли шуллук) хуни онҳоро мемакиданд. Аҷабо, дар як деҳача 18 масҷид вуҷуд дошт.
Ман аз хурдсолиям талхии муҳтоҷӣ, мусибат ва ғаму андӯҳро хуб чашидаам. Падарам дуредгарӣ мекард ва монанди дигар косибон қути лоямути хонаводаашро базӯр меёфт.
Дар соли 1907 заминҷунбии даҳшатангез ба амал омада, Қаратоғ тамоман ба харобазор мубаддал гардидааст.
Падарам дар бораи ин заминҷунбӣ бисёр ҳикоятҳо мекард. Ба қавли ӯ, аз паси ин офати табиӣ дар саросари водӣ шӯру ошӯбҳои халқӣ сар задааст. Дар Душанбеи пешина шӯришгарон як амалдори калон, соҳиби бозорҳоиҲисори Шодмонро ҷазои тозиёна дода, сангборон кардаанд.
Аммо худи падарам ҳам асли моҳияти бисёр ҳодисаҳои замонаро тасаввур карда наметавонист. ӯ сарфаҳм намерафт, ки ин ҳама ошӯбҳои мардум бар зидди зулм ва қашшоқӣ як ҳодисаи одӣ ва тасодуф набуда, як навъ таъсири инқилоби якуми рус буданд. Падарам фақат ҳаминро гуфта тавонист: “Заминҷунбии сахт рӯй дод ва аз дунболи он дар тамоми водии Ҳисор шӯришҳои халқӣ ба амал омад”.
Ҳангоми заминҷунбӣ оилаи аввали падарам нобуд гардид. Пас аз як соли ин воқеа ӯ дубора зан гирифт. Ва дар ҳамин хонадон ман таваллуд шудам.Маро Мирзо ном гузоштанд. Ин ном маънии рамзӣ дошта, аксаран ба умеди соҳиби илму дониш шудан ба фарзандон дода мешуд. Зоҳиран падарам бисёр мехост, ки ман ҳам босавод шавам.
Ҳамин ки синни ман ба шаш расид, падарам маро назди мулло бурд. Ёд дорам, ӯ ба мулло рӯ оварда гуфт:
—Гӯшту пӯсти писарам аз они шумову устухонаш аз ман аст.
Аз ин суханон дар дили ман ваҳму ҳарос пайдо шуд. Ман чунин пиндоштам, ки мулло нисбат ба ман ҳар чизеро, ки раво бинад, дода метавонад; хоҳад сарзаниш мекунад ва агар хоҳад, бо адабчӯб мезанад. Дар он даврони зулмот таомул ин буд, ки мегуфтанд: ”Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб”. Вале бештар зарбу лати муллои мактабдор ба сари камбағалбачагон мерасид. Падарам барои саводомӯзии ман нисфи бозёфти бе ин ҳам ночизи худро ба мулло медод.
Пештар чунин ақидаи хурофие мавҷуд буд: агар дар яке аз шабҳои муайян касе гулӯлаи оташи дар ҳаво парвозкунанда — алқадрро дошта тавонад, ба ҳар чизе, ки даст расонад, зар мегардад. Мардуми бечораро бо чунин афсонаҳо андармон мекарданд. Он вақтҳо ман ин байтро борҳо шунида будам:
Бо худододагон ситеза макун,
Ки худододаро Худо додаст.
Аҷаб, Худо ба дороён лутфу эҳсоннамуда, ин қадар давлату сарват ато кардаасту бенавоёнро аз марҳамати худ бенасиб гардонида, умеди ононро ба лайлатулқадри хаёлӣ бастааст, ба ҳамон гулӯлаи оташӣ, ки соҳиб шудан ба он ҳеҷ гоҳ ба касе муяссар нашудааст.
Соли 1920 ба Қаратоғ хушхабаре расид, ки дар Бухоро халқ амирро аз тахт сарнагун кардааст.
Наҳре, ки аз обанбори кӯҳии Искандаркӯл ҷорӣ мешавад, аз як иртифои хеле баланд бо шиддати тамом ба поин фурӯ мерезад. Садои ин обшори бузург дар муҳити кӯҳсор аксандоз шуда, бо қувваи даҳчанд дар дуродури атроф баланд мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё худи кӯҳҳо ба ҷунбиш даромада бошанд. Зодгоҳи ман низ аз садои инқилоб, аз садое, ки бою муллоҳоро ба ҳарос андохта, мардуми авомро шоду масрур гардонид, ҳамин тариқа ба ҷунбиш даромад.
Чанде нагузашта хабари аз Бухоро гурехта, дар Душанбе сокин шудани амир паҳн гардид. Ин ҳукмрони муқтадир, ки ваҳшаташ тамоми қаламрави ӯро фаро гирифта буд, аз кадомин як қувваи тавонои муқобилиятнопазире мағлуб шуда ва ӯро ба ҷуз фирор илоҷидигаре намондааст.
То дами ба маҳаллаи мо расидани ҳокимияти советӣ бойҳо ҳалокати ногузири худро ҳис карда, ба мардум боз ҳам сахттар ҷавру зулм мекарданд. Деҳаҳоро вабо ва қаҳтӣ фаро гирифт. Дар айни вақт амир фармуд, ки барояш қаср созанд. Сарбозони ӯ аз кулбае ба кулбае гашта, ҳамаи дуредгарону гилкорони Қаратоғро ба сари пул ҷамъ карда, аз он ҷо барои сохтмони қаср ба Душанбе бурданд. Дар байни онҳо падари ман ҳам буд. Ману модарам танҳо мондем, нимгурусна зиндагӣ мекардем. Модарам чевар буд, тоқиҳои зебо медӯхт, вале он чи, ки аз паси ҳунари худ пайдо мекард, ба ризқу рӯзии мо базӯр мерасид.
Балои ногаҳон ба хонаи мо ҳам даромад — модарам ба касалии вабо гирифтор шуд.
Рӯзе ба хона даромада, дидам, ки модарам мурдааст. Маро ҳамсояҳо бо худ бурданд. Чанд рӯз пас падарам, гӯё ки ягон бадбахтиро ҳис карда бошад, пинҳонӣ ба Қаратоғ омад. Ман ин вохӯриро бо падар, ки дар кулбаи бегона воқеъ шуда, қатраҳои ашки сарди ӯ мисли борони найсон ба рӯю гарданам мерехт, то ҳол дар ёд дорам. Дар рӯи ҳавлии ҳамсояи мо, ки амлокдор буд, дар яккамехҳо аспҳои фарбеҳ мебастанд. Рӯзе як марди деҳқонро ба ҳамин яккамех баста, чунон чӯбкорӣ карданд, ки тахтапушташ абгору тамоми баданаш оғуштаи хун гардид. Ин марди бечораро барои он мезаданд, ки андозро адо карда натавонистааст.
Ман ин воқеаи мудҳишро ба падарам нақл кардам. “Дуои ҷони ин берӯзиро хондан лозим”, — гуфт оҳиста. Падарам боз як бори дигар барои бадбахтон дуо хонданамро хоҳиш намуд. Ин дафъа каси мусибатзада худи ӯ буд.
Ин рӯзи ғамангез як умр дар лавҳи хотирам нақш баст.
Падарам дар бозор кор мекард, барои кадом як савдогар дӯкон месохт. Мехост ҳарчи зудтар корро тамом кунад, бинобар ин, барои хондани намози ҷумъа ба масҷид нарафтааст. Раису амлокдор ва мулло пас аз хатми намоз бо мулозимон ва ҷилавдорҳояшон аз кӯча гузашта истода, падарамро дар сари кор дидаанд. Падарам ҳарчанд қасам хӯрдааст, ки ба сабаби кори таъҷилӣ доштанаш намозро дар ҳамин ҷо хондааст, онҳо фармуданд, ки ӯро бисту панҷ дарра зананд!
Вақте падарамро бераҳмона зада, ба замин партофта рафтанд, ӯ тамоман беҳуш буд. Ман ба рӯяш об пошидам, баъд ба хар савор карда, ба хона овардам. Ӯ як моҳи расо бистарӣ гардид. Ман аз назди падарам дур намешудам. Мо дар бораи бисёр чизҳо гуфтугузор мекардем. Падарам шахси сода ва бесаводе буд, вале оҳиста-оҳиста вай ҳам дар бораи зисту зиндагонии мо ба андеша мерафтагӣ шуд. Боре ӯ аз хусуси азобу уқубат ва шиканҷаи маҳбусони сияҳбахт, ки ҳангоми иштирок дар анҷоми кадом як кори ҳабсхона дидааст, ба ман ҳикоят кард. Ҳамон рӯз ман аввалин бор аз забони ӯ вуҷуд доштани ҳокимияти советӣ, дар ҳамин қарибиҳо ба тарафҳои кӯҳистони мо омадан ва маҳбусонро озод кардани онҳо шунидам.
Ҳамин тариқа, падари ман нахустин мартаба ибораи “ҳокимияти советӣ”-ро ба забон гирифт. Аз паси он худи Ҳокимияти Советӣ ҳам омад. Онро ба Қаратоғ дастаи тирандозони савора овард. Дар саҳни бозор митинги пуриздиҳом барпо гардид. Рӯзи дигар аскарони сурх боз ба пеш ҳаракат намуданд. Ҳама гумон карданд, ки бо рафтани онҳо аз нав тартиботи пешина барқарор мешавад. Вале ин тавр нашуд. Дар Қаратоғ ҳаёти нав қатъӣ пойдор шуд ва устуворона ҷорӣ мегардид. Косибон, камбағалон, батракҳо дастаҳои ихтиёрӣ ташкил намуданд. Мо ҳамаи сарбозони ин десантҳоро мешинохтем. Онҳо заҳматкашони одие буданд, ки солҳо таҳти фишори зулму тааддии амирон умр ба сар мебурданд. Акнун онҳо ҳамчун фидоиёни роҳи озодӣ аз паси аскарони сурх ба тарафи кӯҳистон мерафтанд. Дар маҳаллаҳои Қаратоғ номи онҳоро такрор мекарданд: “Аҳмади оҳангар рафт”, “Карими бофанда рафт”, “Мақсади дуредгар рафт”, “Алии кулол рафт”…
Бою муллоҳо, ки заволи давронашонро намехостанд бовар кунанд, ихтиёриёнро тарсонида, садду монеаи зиёде ба миён меоварданд, доду фарёд мебардоштанд, аз Худо ёрӣ мехостанд, ба хонаводаҳои муборизони роҳи озодӣ таҳдид менамуданд. Вале ҳеҷ коре карда наметавонистанд — метарсиданд. Худи ҳамин тарсу ваҳм ҳам як ҷаҳон маънӣ дошт.
Он солҳо чи солҳои ноором ва ошуфтае буданд. Ҳокимият зуд-зуд аз даст ба даст мегузашт. Дар Қаратоғ як рӯз аскари сурх бошад, рӯзи дигар босмачӣ ҳумфармоӣ мекард. Аммо акнун халқ дӯсту душмани худро ба хубӣ шинохта буд. Бинобар ин, бо тамоми қувват ба Аскари сурх ёрӣ мерасонд.
Инак, боз дар саҳни бозор деҳқонони деҳа ҷамъ омаданд. Ба минбари аз қуттиву сандуқҳо шитобкорона сохташуда чанд нафар аз тоҷикони шинелпӯш баромада, аз босмачиён тамоман тоза карда шудани Қаратоғро эълон намуданд.
Аз ҳамин рӯз дар деҳаи мо Ҳокимияти Советӣ комилан барқарор гардид. Дар деҳаи мо тартиботи нав ҷорӣ шуд. Одамони меҳнаткаш озодона нафас кашиданд.
Ман ин сатрҳоро ба рӯи коғаз оварда, худ андеша мекунам, ки дар ин бора бисёрҳо навиштаанд, вале чун воқеаҳои он солҳои душвор дар лавҳи хотири мо амиқ нақш бастаанд, мехоҳам боз як бори дигар он рӯзҳои кайҳо ба сар бурдаамонро ба ёд оварам. Оре, ҳамсолони ман рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронидаанд. Бо ин ҳама метавон гуфт, ки бинокорони ояндаи Тоҷикистони Советӣ, ифтихори диёри ман — инженерон, духтурҳо, меъморон, муаллимон ва шоирони рӯзгори навин, зимнан, маҳз дар ҷараёни ҳамон солҳои басо вазнин ба арсаи вуҷуд қадам ниҳодаанд.
Дар байни таассуроти айёми бачагии ман зӯртаринаш хотираест, ки аз моҳи январи соли 1924 боқӣ мондааст. Он вақт тақрибан тамоми моҳ барф борида, сипас рӯзҳои оромиш фаро расид. Ҳама ба шикори кабк баромаданд. Кабкҳое, ки бӯрону тундбодҳо аз кӯҳ ронда буд, ба деҳа фурӯ рехтанд ва ба маҳзи дидани одамон фақат сари худро ба зери барф пинҳон мекарданд. Ин “шикори” дилхушкунандае буд ва хусусан мо, бачагони кунҷков ва ҳанго- маталабро хеле шод гардонид.
Ҳамин вақтҳо буд, ки мо хабари ба қарибӣ кушода шудани мактабро шунидем, акнун дар ҳама ҷо қонуни советӣ амал мекард. Халқ аз неъматҳои ҳокимияти нав баҳраманд мегардид…
Вақте ки мо ба мактаб омадем, аз падарам пурсиданд:
-Мирзои шумо чандсола аст? Падарам бо овози баланд ба ҳисоб кардан даромад: “Вай баъди чор соли заминҷунбӣ таваллуд ёфта буд…” Ҳамин тавр, маълумам шуд, ки ман соли 1911 ба дунё омадаам.
Таҳсили ман дар мактаби нав дер давом накард. Ман ва ду рафиқи шарикдарсам навиштан ва ҳисоб карданро зуд аз худ намудем. Бинобар ин, дигар нишастан ҳамроҳи онҳое, ки нав ба хондани алифбо шурӯъ карда буданд, бароямон дилгиркунанда намуд. Ва мо қарор додем, ки ба Душанбе равем. Албатта, падару модарҳоямон ба ин нияти мо ризоият намедоданд, зеро дар гирду атроф ҳанӯз босмачиҳо тохту тоз доштанд ва метавонистанд моро нобуд кунанд. Вале мо ба ин ҳама нигоҳ накарда, ба роҳ баромадем ва пиёда масофаи чилкилометраи байни Қаратоғ ва Душанберо сиҳҳату саломат тай намудем.
Чӣ тавр бори аввал ба Комисса- риати Халқии Маорифи республикаи ҷавони Тоҷикистон рафтанам ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад. Аз кӯлмакҳои саҳни ҳавлии дарозрӯяе шалап-шалапкунон қадам зада, ба хонае даромадам. Дар рӯи хона чанд сатил гузошта буданд, ки қатраҳои борон аз шифт бо навбат канда шуда, ба даруни онҳо мерехт. Зоҳиран, ба таъмири бом ҳанӯз фурсат наёфта буданд. Аз садои ба сатилҳо бархӯрдани қатраҳои борон даруни хонаро ғулғулае фаро гирифта буд ва чунон ба назар мерасид, ки дар ҳамин наздикӣ дарёчаи шӯхи кӯҳӣ ҷорист. Вале дар ин наздикиҳо ғайр аз дарёи Душанбе дарёи дигаре набуд. Дар Комиссариати халқии маориф аз хусуси он ки заминҳои хушку бесамарро ҳарчи зудтар обёрӣ карда, ба киштзор табдил додан лозим аст, низ суҳбат мекарданд.
Дар паси миз марде нишаста, мау- зерашро тоза мекард. ӯ маро дида, кӣ будан ва куҷо омаданамро пурсид ва маузерро як сӯ гузошта, барои маро ба интернат қабул кардан ба навиштани хати иҷозат шурӯъ намуд.
Оби равон на фақат ба сатил, балки ба палтои чармини мард ва ба рӯи миз ҳам мерехт ва ӯ барои он ки ба навиштааш мабодо қатрае начакад, бо тамоми ҷуссааш ба рӯи коғаз хам шуда буд. Ниҳоят ба зери навиштаҳояш бо ҳарфҳои калону фарох имзо гузошт ва айнакашро аз чашмаш гирифта, ба рӯи миз ниҳод. Чашмонаш софу меҳромез буда, бе айнак қадре нимпӯш мешуданд. ӯ айнакро пок карда, боз ба чашмонаш гузошт ва хатро ба ман дароз кард.
Моро ба интернат, ки он вақт ягона омӯзишгоҳ ба шумор мерафт, қабул карданд, дар ҳамин интернат давраи таҳсили ҳақиқии ман оғоз ёфт. Мо дар ин ҷо аввалин суруду таронаҳои инқилобиро азбар кардем. Ман дар ин маврид одами аҷоиб ва шоири мумтози советӣ Абулқосим Лоҳутиро наметавонам ба некӣ ёд накунам. Ӯ яке аз нахустин устодон ва парасторони ман буд.
Интернати мо дар як ҷои хароба ва бедолу дарахте воқеъ гардида, аз чанд кулбаи муқаррарии гилӣ иборат буд. Мегуфтанд, ки нақшаҳои азнавсозии Душанбе тарҳрезӣ мешавад. Лекин мо бачаҳои чаласаводи пойбараҳна магар он вақт метавонистем ба худ тасаввур кунем, ки пас аз андак муддат ин деҳаи иборат аз кулбаҳои похсагию кӯчаҳои пур аз чангу ғубор ба шаҳри муҳташами ҳозиразамони сернуфус табдил ёфта, ҳамчун пойтахти республикаи тоҷикони озоду саодатманд машҳури ҷаҳон мегардад!?
Соли 1926 дар заминаи мактаби назди сағирахона аввалин техникуми педагогии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз хатми техникум маро ҳамроҳи чанд нафар рафиқонам барои давом додани таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ ба шаҳри Тошкент фиристоданд. Мо то Тирмиз як ҳафтаи тамом роҳ паймудем. Он вақтҳо роҳи оҳан аз ҳамон ҷо сар мешуд. Ман якумин бор дар умрам паровозро дар он ҷо дидам. Пас аз чандин сол таассуроти ин сафари худро дар достони “Ҳасани аробакаш” баён намудам.
Дар Дорулмуаллимин ду воқеаи барои ҳаёти ман муҳим ба вуқӯъ омад: яке ин ки ман ба сафи комсомол дохил шудам ва дигаре ин ки аввалин шеъри худро гуфтам. Албатта, ин як ҳодисаи табиист, ки аввалин шеъри шоири ҷавон ба васфи духтари дӯстдоштааш, тоҷикдухтари ҳамсинну ҳамсабақаш бахшида шуда буд.
Соли 1930 таҳсилро ба анҷом расонида, ба Душанбе бозгаштам. Аввал ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва котиби масъули газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардам. Аз ҳамон вақт шеъру очерку ҳикояҳои ман дар саҳифаҳои матбуот пайдо шуданд ва ҳамин тариқа ҳаёти адабии ман оғоз ёфт.
Нахустин маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои ман “Байроқи зафар” соли 1933 аз чоп баромад. Аз он дам шеър ҳамроҳу ҳамқадами ҷудонашавандаи ҳаёти ман гардид. Чун аз овони бачагӣ шеърҳои диловези Рӯдакӣ, Ҳофиз, Бедилро аз ёд медонистам, мероси назми классикӣ дар кори эҷодӣ муттакои ман гардид. Дар айни замон таҷрибаи муосирони бузурги худ — устод Лоҳутӣ ва асосгузори адабиёти советии тоҷик устод Айниро, ки офаридаҳояш ба ман таъсири бузурге гузоштаанд, бо иштиёқи тамом мео- мӯхтам. Тадриҷан бо асарҳои адибони рус низ ошно шудам.
Партия ба нависандагони советӣ таълим медиҳад, ки ҳаётро бо субот ва муттасил омӯзанд, ба он фаъолона дахолат кунанд. Бидуни ин дар адабиёт муваффақият ба даст овардан аз имкон берун аст. Ман доимо саъй мекардам, ки ҳамқадами замон бошам ва ҳодисаҳои ҳаёти воқеиро тасвир намоям.
Октябри Кабир қувваи азимеро, ки дар халқи хирадманд ва меҳнатқарини ман асрҳо хуфта буд, ба ҳаракат даровард. Кишвари қашшоқу мустамликавӣ дар тӯли ҳар як соли нави советӣ роҳи қариб даҳсоларо мепаймуд. Дар кооператив чароғи карасинӣ ҳам пайдо шуд, ки ин барои деҳоти мо воқеаи бузурге ба шумор мерафт.
Зани тоҷик ҳаёти чандинасраи ҳақирона, ҷаҳолат ва асоратро паси сар намуда, фаранҷиро партофт ва дар сафи мардон мавқеъ гирифт. Нахустин ширкати обёрон таъсис ёфт. Ин амри воқеӣ, ки батраки бакуллӣ беҳуқуқи дирӯза имрӯз хӯҷаини обу обёрӣ гардид, аз ҷиҳати аҳамияти худ баробари он табаддулотест, ки ӯро соҳиби замин карда буд. Ҳамин тариқа, халқ нахустин бор дар ҳаёт ба истифодаи ҳуқуқи қонунии худ шурӯъ намуд. Магар аз ин чунин бармеояд, ки ҳамаи ин муваффақият ва комёбиҳо дар ҷои холӣ ба вуқӯъ омадаанд? Ҳаргиз не. Бидуни заковати халқ, ки аз қадим мавриди ситоиши шоирону донишмандон қарор гирифтааст, бидуни анъанаҳои демократӣ, ки маорифпарварони Осиёи Миёна аз қабили Дониш, Шоҳин, Ҳайрат ва Айнӣ фароҳам овардаанд, бидуни афкори револютсионии халқи рус ва таҷрибаи партия мардуми тоҷик наметавонист бо чунин қадамҳои калон пеш равад. наметавонист давраи тараққиёти капиталистиро тай накарда, якбора аз феодализм ба сотсиализм қадам гузорад.
Ҳамаи ин муваффақиятҳо дар натиҷаи бо шиддати том зуҳур кардани қувваи халқ ба даст омаданд. Бо талошу мубориза колхозҳо сохта шуданд. Дар муборизаҳои шадид озодии занон ҳифз гардид. Дар муборизаи зидди регу ботлоқҳо аввалин истгоҳи электрикии Вахш тавлид ёфт.
Дар он солҳо ман мухбири газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар сохтмони Вахш будам. Ман бо чашм худ дидам, ки чи тавр корвони уштурони бори ғайриодӣ – қисмҳои эҳтиётии трактор бар дӯш аз ағба гузашта, бо пайроҳаҳои кӯҳистон ҳаракат мекарданд. Ман дидам, ки чи тавр шахҳоро тарконида, ба тангнои кӯҳӣ роҳ мекушоданд. Ман дидам, ки чи тавр қатори мошинҳо на аз тамом шудани бензин, балки аз набудани об беҳаракат меистоданд, чи тавр одамони ба гармои ин сарзамин одатнакарда аз ҳуш мерафтанд. Он вақтҳо ба сохтмони Вахш аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ихтиёриён – украинҳо, русҳо, беларусҳо ва сибириҳо омада буданд, то бародарвор кӯмак расонанд, малака ва дониши худро ба истифодаи бинокорони тоҷик гузоранд ва баробари онҳо ранҷу машаққат кашанд.
Чи шодмонии беинтиҳо тамоми бинокоронро фаро гирифт, вақте ки аввалин экскватор биёбони регзорро гузашта, ба майдони сохтмон расид.
Аз паси каналҳои обёрӣ ва истгоҳҳои электрикӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ низ пешравиҳои ба назар намоён рӯй доданд. Дар водии Вахш навъҳои нави пахтаҳои маҳиннах ва зудрас парвариш ёфтанд.
Гоҳо кас аз дигаргуниҳои ҳайратангези ҳаёти халқ ва республика моту мабҳут мешавад…
Соли 1940 ман бо як гурӯҳ нависандагон ба сохтмони роҳи Сталинобод-Хоруғ рафтам. Аз таассуроти ин сохтмони азим достони бинокорони роҳ ба вуҷуд омад.
Аз байни дигар асарҳои то ҷанг офаридаам достон лирикии “Водии Ҳисор”- ро, ки як андоза асари тарҷимаиҳолист, хотирнишон кардан мехоҳам.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеърҳои бисёре, достони “Писари Ватан” ва либреттои операи “Тоҳир ва Зуҳро”-ро эҷод намудам.
Соли 1947 маро депутати Совети Олии СССР интихоб карданд, ки ин вазифаи пурифтихори хидматгории халқро то ин дам адо менамоям.
Ҳамон сол ба сифати узви ҳайати намояндагони советӣ дар якумин конференсияи кишварҳои Осиё ба Ҳиндустон сафар кардан бароям муяссар гардид. Таҳти таассуроти сафари ин кишвари бостонӣ, ки натанҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ, балки ба туфайли афсонаву ҳикоятҳои аҷоибу ғароиби овони кӯдакиам ҳамеша нисбат ба он муҳаббат мепарваридам, силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон”- ро иншо намудам. Барои ин асар ман дорандаи Мукофоти Давлатии СССР гардидам.
Аз ҳамон вақт ин ҷониб ман дар мавзӯи Шарқ бисёр кор мекунам. Ин мавзӯъ хусусан дар шароити ҳозира, дар рӯзҳое, ки халқҳои Осиё ва Африқо қадам ба роҳи озодӣ мегузоранд, маро ба ҳаяҷон меорад, ҳушу диққати маро фаро мегирад.
Ман он “ал-қадр”, он саодатро, ки Револютсияи Октябр ба халқам ва ба тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ ато намуд, то даме ки дар рӯи замин мардумони мазлум ва ҷафокаш ҳастанд, оё метавонам ба худ мукаммалу пурра тасаввур кунам. Ҳар гоҳе, ки солҳои сахти бачагиям, солҳое, ки халқи ман ҳам фақиру ҳақир ва хору зор буд, ба хотир меояд, дар бораи он фикр мекунам, ки чӣ гуна дар давоми умри як насл тақдири тоҷикон афсонавор дигаргун шуд. Хусусан дар чунин лаҳзаҳо дил мехоҳад бар зидди беадолатӣ ва ноинсофиҳое, ки ҳанӯз дар рӯи замин вуҷуд дорад, бар зидди мустамликадороне, ки миллионҳо одамонро гирифтори занҷиру завлонаҳои ғуломӣ кардаанд, овози худро баланд намоям.
Мавзӯи озодии халқҳои Шарқро ман ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳам кард. Ин мароми асосии на фақат эҷоди бадеии ман, балки тамоми фаъолияти ҷамъиятии ман аст.
Ба хидмати хоксоронаи ман дар соҳаи назм арзиши баланде дода шуд. Дар соли 1960 маро ба Мукофоти ленинӣ сарфароз намуданд, сазовор шудан ба мукофоте, ки номи Ленини муаззамро дорад, бароям хушбахтии бузургест, зеро ном ва кори Ленин аз ҳамон рӯзҳои фаромӯшношуданӣ, ки дар деҳаи дурдасти кӯҳистони Қаратоғ аввалин бор номи ӯро шунида будам, барои ман аз ҳама азиз ва муқаддас мебошад.
PS:Ин пешгуфтор аз сарсухани маҷмӯаҳои шоир “Стихотворения и поэми” (М. 1961) ва “Закони братства” (М. 1961); “О себе” ва “То чем я живу” аз тарафи Абдуқодир Ма- ниёзов ба тоҷикӣ гардонда, ба ҳам оварда шуд.