ЧОПИ ОСОРИ АДИБОНИ ТОҶИК ДАР БЕЛАРУС

Дар шумораи нави маҷаллаи «Нёман»-и Ҷумҳурии Беларус намунаҳои осори адибони имрӯзи тоҷик зери рубрикаи «Сябрына»: Беларусь-Таджикистан» пешкаши хонандагони ин кишвар шуд. Силсилаи мазкур бо пешгуфтори Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим «Нуқтаи пайванд» («Точки соприкоснавения»), ки дар он сухан роҷеъ ба робитаҳои таърихӣ ва адабии Тоҷикистону Беларус меравад, оғоз мешавад.
Намунаҳои ашъори Муъмин Қаноат, Гулназар, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, қиссаву ҳикояҳои Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Ато Ҳамдам, Мансур Суруш, Равшани Махсумзод, Ҷумъа Қуддус дар ин шумораи маҷалла интишор ёфтаанд.

Дигар хабарҳо