7-уми ноябр дар синамосарои (кинотеатри) «Победа»-и Ҷумҳурии Беларус, дар доираи Синамоҷоизаи 30-юми байналмилалии «Лістапад» Рӯзи синамои Тоҷикистон бо намоиши филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Музаффар бо номи «Дов» баргузор гардид. Дар ин маросим ходимони илму фарҳанг, рӯзноманигорон, ҳамчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Беларус иштирок намуданд. Мудири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки филми […]Идома...
7-уми ноябр – Рӯзи Театри тоҷик Меҳмони Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский шудем, то аз сатҳи фаъолияти имрӯзаашон огоҳ бошем. Театри мазкур яке аз қадимтарин театрҳо дар кишвари мост, ки фаъолияташ соли 1937 оғоз шуда, то имрӯз бо маром идома дорад. Нахустин мавсими ин театр бо пешниҳоди намоиши “Замин”-и Н. Виртӣ шуруъ […]Идома...
Аз 15 то 19-уми октябр дар шаҳри Душанбе Дувумин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” баргузор гардид, ки синамогарон аз Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русияро ба ҳам овард. Дастандаркорони ин озмун ҳадаф аз баргузории онро тарғиби дастовардҳои синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва пуштибонии ҷавонони боистеъдод унвон карданд. Бояд […]Идома...
Театрҳои ҷумҳурӣ ба мавсими нави худ оғоз бахшиданд. Агар қисме аз дастаҳои ҳунарӣ мавсими театриро бо намоишҳои хуби худ сар карда бошанд, қисми дигар ба ин чорабинии муҳим дер боз тайёрӣ дида, онро бо намоишҳои нав пешвоз гирифтанд. Ин мавсим, махсусан барои театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе ва Бӯстон, хеле фараҳбахш аст. Театри лӯхтаки Бӯстон ба […]Идома...
Ҳарчанд медонистем, ки Ҳунарпешаи халқии СССР Малика Қаландарова бо рӯзноманигорон мусоҳиба карданро хуш надорад, аммо бо ин ният бо ӯ тамос гирифтем. Пас аз хоҳишҳои пайдарпай ба мо муяссар шуд, то бо ин ситораи дурахшони саҳна, ки дар саросари ҷаҳон маъруф гаштааст, суҳбате анҷом диҳем. Бо садои маҳину пурназокати худ ёди гузаштаҳо карда, гоҳе баланд […]Идома...
Барои асари меъмории «Тахти тоҷикон» дар маҷмааи «Майдони Истиқлол» Самӣ Азизиён барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ гардид. Чанде пеш дӯсти арҷманду қаринам, ки алҳол ба тӯли солиён дар шаҳри Ню-Йорки ИМА кору зиндагӣ мекунад, ба хабаргирии хешу ақрабояш омада буд. Бале, аслан ӯ сокини шаҳри Душанбеи азизи мост. Ин дӯстам пас аз тамошои […]Идома...
Аз 26 то 30 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон Фестивали ХIII-уми байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад. Дар фестивал беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок мекунад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб мусиқии суннатии […]Идома...
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконоти мусоид фароҳам овард, ки дар ҳар соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил шавем. Махсусан, дар пардаи синамои кишвар филмҳои ҷолибе пайдо шуданд ва дар фестивалҳои кинои сатҳи кишвар ва ҷаҳон соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Аммо мушоҳида мешавад, ки дар муқоиса ба жанрҳои дигари филмофарӣ филмҳои таърихӣ камтар таҳия ва пешниҳод мегарданд. Ҳар сол ниҳоди […]Идома...
Имсол маротибаи панҷум аст, ки муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг (рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ)-ро бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон ва коршиносони соҳа баргузор менамояд. 29 июл дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар Питчинг 9 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври айёнӣ (соайд-шоу) муаррифӣ шуданд. Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои мазкур давоми 10 […]Идома...
Дар ҳаёт қаҳрамонҳои гуногунро вохӯрдан мумкин аст. Қаҳрамониҳо низ гуногунанд: барои наҷоти одамон аз хавфу хатар, барои халосии дигарон дар банд андохтани худ. Аммо касе, ки мехоҳем имрӯз дар атрофи корнамоиҳояш ҳарф занем, қаҳрамони синамо аст. – Суратгир ва наворбардор чун ҷавони ошиқ аст, ки барои исботи ишқ ба баландии чаҳор ҳазор метр мебарояд ва […]Идома...