Хабари андуҳбори даргузашти шоиру мунаққиди номвар устод Муҳаммадалии Аҷамӣ ҷомеаи адабии кишварамонро сахт такон дод. Шоире рахт аз ҷаҳон барбаст, ки ҳамеша бо ишқи шеър ва шеъри ишқ мезист, ошиқонаву содиқона бори гарони суханро бар дўш мекашид ва дору надори худро ба пои арўси сухан рехта буд. Ноқиде моро тарк кард, ки вожа-вожа ва сатр-сатри […]Идома...
Шодбошии Акбар Абдулло Шумо дар ҳамин рўзҳо дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадаед. Давраи тифлии Шумо дар сояи лутфу меҳрубониҳои волидон сипарӣ шуд. Баъд, таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Восеъ касб намудед. Дар дилатон азми парвозҳои баландтар чун чўҷаҳои шоҳини кўҳсорони баланд пайдо шуд. Солҳои […]Идома...
Маҷлиси фосилавии Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзҳои 27-29 май аз роҳи пурсидани раъйи аъзои Садорат тавассути василаҳои бесими алоқа барпо шуд, қарор кард, ки Анҷумани 15-уми адибони Тоҷикистон 30 ноябри соли 2020 дар ш. Душанбе даъват карда шавад. Агар вазъи эпидемӣ имкон надиҳад, ба вақти дигар мононда шавад.Идома...
15 апрели соли 2020 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Аҳли адаби мамлакат барои сазовори чунин боварии баланд гардиданаш устод Низом Қосимро самимона табрик намуда, барояшон дар ин вазифаи пурмасъулият комёбиҳои […]Идома...
3 апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти яксолаи Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» натиҷагирӣ шуд. Муовини раиси ИНТ Юнус Юсуфӣ ба он оғоз бахшид. Мудири шуъбаи насри ИНТ Равшан Махсумзод, адабиётшинос Мубашшир Акбарзод, профессор Мурод Муродӣ дар бораи бахшҳои наср, назм ва иҷтимоиёт маърўза карданд. Адибон Алӣ Бобоҷон, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Ато Ҳамдам, Муртазо […]Идома...
Дар саросари маҷмӯаҳои мазкур нишоне аз шеър, тахайюли шоирӣ, забону баёни равон ва воситаҳои тасвир ба чашм намехӯрад. ҳама ҷо харобии вазну ғалати қофия, бетаносубиву бемантиқӣ, забону баёни кӯчабозорӣ ва имолаву ҳашви фаровон ба назар мерасаду бас. Ба ин пораҳои харобвазн (харобмазмун низ!) таваҷҷуҳ кунед: Ту хуни ман, ки ҳастӣ, лоиқи (?) офаринӣ, Дар чашм […]Идома...
Аз 13 то 15 март ҳайати адибони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон, арбоби сиёсии ӯзбек Эркин Воҳидов дар Тоҷикистон қарор доштанд. 13 март меҳмонон — Аҳмадҷон Мелибоев — нависанда ва олим, сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти», Салим Ашӯр — шоир ва тарҷумон, сармуҳаррири ҳафтаномаи Ӯзбекистон «Адабиёт ва санъати», Паймон — шоир ва […]Идома...
25-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагон оид ба бурду бохти нақди адабӣ дар панҷ соли охир мизи мудаввар доир гардид. Зимни гуфтугӯ ва андешарониву ибрози назари иштирокдорон дастовардҳои назаррас ва масъалаҳои дигари ҳалталаби ҳаёти адабӣ баён гардиданд. Раиси ИНТ Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии хеш роҷеъ ба мавзӯи мизи мудаввар изҳори назар кард. Мунаққид ва […]Идома...
22 январ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии шоири зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар маҳфил адибони маъруфи тоҷик, пайвандони шоир, рўзноманигорон ва донишҷўён ширкат варзиданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, гардонандаи маҳфил Абдулҳамид Самад, Шоирони халқӣ Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, нависандагон Бахтиёри Муртазо, Бароти Абдураҳмон, профессор […]Идома...
28 январи соли равон Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт. Перомуни вазъ ва густариши робитаҳои адабӣ байни ду давлат мубодилаи васеи афкор сурат гирифт. Зимни суҳбат Низом Қосим аз таърихи қадимаи робитаҳои ҳасанаи аҳли адаби тоҷику форс бо шоирону нависандагони араб ёдовар […]Идома...