12 март маҳфили бузургдошти 90-умин солгарди таваллуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигор ва нависандаи барҷастаи тоҷик баргузор шуд. Дар ин нишаст аҳли адабу фарҳанг ва пайвандону ҳамдиёрони Отахон Латифӣ ширкат карданд. Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва гардонандаи маҳфил О.Латифиро яке аз шоҳсутунҳои матбуоти тоҷик ва устураи рӯзноманигории миллӣ хонд. Ӯ таъкид кард, ки О.Латифӣ […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чанде пеш маҳфили адабии ба номи Масъуд Муллоҷонови назди маҷаллаи русии «Помир» доир гашт. Намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Артём Иванников дар оғоз гуфт, ки ба эҷодиёти адибони русизабони кишвар таваҷҷуҳи пайваста дорад. Номбурда аз бардоштҳояш сухан карда, фаъолияти аъзои маҳфилро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Дар навбати худ муовини раиси Иттифоқи нависандагон […]Идома...
Соли равон ба зодрӯзи шоири маъруфи бачаҳо – зиндаёд Алӣ Бобоҷон 90 сол пур мешавад. Ба ин муносибат рӯзи 17-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдкарди шоири номбурда сурат гирифт. Ба маҳфил муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон оғоз бахшида, дар бораи шеърҳои ӯ андешаронӣ намуд. Мудири бахши адабиёти кӯдакону наврасон Насимбек Қурбонзода […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии адиби зиндаёд, муаллифи силсилаи осори мондагори насрӣ, устод Саттор Турсун рӯзи 13-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили поси хотир баргузор гардид. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон дар оғози маҳфил иброз дошт, ки Саттор Турсун яке аз нависандагони ба ҳар маъно барҷастаи мо буд ва бо пайравӣ аз суннатҳои мактаби […]Идома...
Рўзи 30-юми январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рўнамоии гулчини асарҳои нависандаи зинданом Насим Раҷаб баргузор гардид. Ин асарҳоро, ки аз қиссаҳо ва тарҷумаҳои муаллиф иборатанд, ҳамсари ў нависандаи бачаҳо Сафияи Носир таҳия кардааст. Пажуҳишгар Анзурати Маликзод дар бораи ҳунари нигорандагии Насим Раҷаб маърузаи хешро ироа намуд. Адибони маъруф Гулрухсор Сафӣ, Абдулҳамид Самад, Ҷўра Ҳошимӣ, […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии адабиётшиноси зиндаёд Валӣ Самад дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили поси хотир доир гашт. Маҳфилро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиби Луқмон оғоз бахшида, дар бораи хидматҳои Валӣ Самад дар соҳаи илми адабиётшиносӣ суханронӣ намуд. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод оид ба фаъолияти илмии Валӣ Самад […]Идома...
Рӯзи 25-уми декабр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло маҳфили шеъру суруд баргузор шуд. Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз бахшида, Камол Насруллоро аз шоирони муваффақи ватансаро арзёбӣ кард. – Шоирони зиёде дар ситоиши Ватан, Истиқлол […]Идома...
Санаи 22-юми декабр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Аюбӣ маҳфили ёдбуд баргузор гашт. Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим оғоз бахшида, хотираҳояшро дар бораи шоири зинданом нақл кард, аз хидматҳои ӯ дар соҳаи адабиёт ёдоварӣ намуд ва шеъри ба ӯ бахшидаашро хонд. Гардонандаи маҳфил Ҳунарпешаи мардумии […]Идома...
Ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват 17-уми декабр дар Иттифоқи нависандагон шоми эҷодӣ доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, намояндагони ҳукумати ноҳияи Нуробод, шоирону нависандагон ва донишмандон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Шералӣ Мусо, Бароти Абдураҳмон, Муҳтарам Ҳотам, Рустам Ваҳҳобзода, Иброҳим Усмонов ва Сипеҳри Ҳасанзод дар бораи вижагиҳои шеъри Ҷумъа Қувват суханронӣ карданд. […]Идома...
Охири ҳафтаи гузашта ба муносибати 75-солагии шоир Нуқраи Суннатниё дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи ИНТ маҳфили шеъру суруд баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз бахшида, дар бораи эҷодиёти Нуқраи Суннатниё андешаҳояшро баён дошт. Дар идома шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо, […]Идома...